Ба гузориши расонаҳо, Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Остона аз тамоюли Покистон барои дастрасии Тоҷикистон ба бандарҳои Гвадар ва Карочӣ хабар додааст.
Мансабдорони Тоҷикистон чанд сол пеш иддао карда буданд, ки истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар ба қадри кофӣ ҳаст ва маҳудияти он моли таърих шуда. Аммо ҳар сол дар тирамоҳу зимистон ба таври ошкору ниҳон интиқоли нерӯи барқро ба хонаҳои мардум кам мекунанд.
Рӯзи 14-уми октябр афроди ношинос шишаи идораи нашрияи Elmedia-ро дар шаҳри Алмато шикаста, навиштаҷоти "Elmedia. Kz News" боқӣ гузоштаанд.
Нашрияҳои чопи Тоҷикистон ин ҳафта "ҷанги иттилоотӣ" ва худдории Қирғизистонро аз пазироии нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба баҳс кашидаанд. Фоидаву зиёни ба Тоҷикистон омадани теъдоди зиёди русҳо аз мавзӯи дигари матбуоти маҳаллист.
Додгоҳи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон баррасии парвандаи 18 гумонбарро ба ҳодисаҳои моҳи январи имсол дар он кишвар оғоз кард.
Дар шаҳри Бишкек, маркази Қирғизистон, рӯзи 14-уми октябр барои ҳимоят аз расонаҳои мустақил ва озодии баён роҳпаймоӣ баргузор шуд. Бештар аз 100 кас дар назди вокзали роҳи оҳани Бишкек ҷамъ шуда, то бинои порлумони Қирғизистон, дар маркази шаҳр, роҳпаймоӣ карданд.
Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон, ки дар Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт дар қатори панҷ дастаи беҳтарини қора ҷойгир шуд, бо ноиби қаҳрамони Аврупо – мунтахаби Русия ду бозии дӯстона баргузор мекунад. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Русия рӯзҳои 7-ум ва 8-уми ноябр дар Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе – Қасри теннис ва намудҳои варзиши обӣ доир мегарданд. Оғози бозиҳо – соати 18:00. Бозиҳои дӯстона 7-уми ноябр (душанбе) Оғози бозӣ ... Читать дальше...
Вакилони порлумон рӯзи 12-уми октябр бо ислоҳи Кодекси ҷиноӣ барои шикор ва қасдан нобуд кардани бабри барфӣ аз 60 то 120 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 2 то 5 сол зиндон таъин карданд.
Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ хостори таҳқиқ дар бораи таҳдид ба хабарнигорони ин расона дар Қирғизистон шуд.
Рӯзи шанбе, 15-уми октябр, бозиҳои ҷавобии даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футбол миёни дастаҳои «Эсхата»-и Хуҷанд – «Истиклол»-и Душанбе ва «Кӯктош»-и Рӯдакӣ – «Хатлон»-и Бохтар баргузор мешаванд. Ҳарду бозӣ соати 14:30 оғоз меёбад.
Бештар аз 300 паноҳҷуйи афғонистонӣ бо як парвози вижа аз Тоҷикистон ба Канада мунтақил шудаанд. Интиқоли ин паноҳҷӯён рӯзи панҷшанбеи 13-уми октябр сурат гирифтааст. Дар ҳоли ҳозир интиқоли паноҳҷӯёни афғон аз Тоҷикистон ба кишварҳои ғарбӣ идома дорад. Дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ ба сар мебаранд. Аксари онҳо то ба сари қудрат омадани Толибон ба Тоҷикистон омадаанд. Паноҳандагон мегӯянд, барои ҳамеша ба Тоҷикистон наомадаанд ва талош мекунанд, ба Канада ё ягон кишвари аврупоӣ раванд. Читать дальше...
Узбекистон раиси ҷамъияти қарақалпоқистониҳо дар вилояти Мангистауи Қазоқистон Ниятбой Уразбоевро дар доираи парвандаи "таҷовуз ба сохти конститутсионии кишвар" таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор додааст. Дар ин бора намояндаи ҷамъияти қарақалпоқистониҳо Оқилбек Муротбой 13-уми октябр дар "Твиттер" хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, Вазорати умури дохилии Қазоқистон номи Уразбоевро ба рӯйхати афроди таҳти пайгард шомил кардааст. Ниятбой Уразбоеви 53-сола, шаҳрванди Қазоқистон парвандаи худро ба эътирозҳои... Читать дальше...
Вазири энержии Қирғизистон Таалайбек Ибраев дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки мехоҳанд аз 17-уми октябри имсол содироти ангиштро муваққатан манъ кунанд.
Дар яке аз маҳаллаҳои канори шаҳри бостонии Самарқанд усули истеҳсоли коғазеро нигаҳ медоранд, ки маҳз ба шарофати он дастхатҳои Саъдиву Ҳофизу адибони дигари барҷаста то ин замон расидаанд.
Як хона дар Швейтсария, ки гумон меравад, ба қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Алина Кабаева тааллуқ дорад, ба маблағи 75 миллион франки швейтсарӣ (тақрибан 75,5 миллион доллар) ба фурӯш гузошта шудааст.