Бино ба арзёбии тоза, теъдоди оилаҳои тоҷике, ки ба онҳо хатари гурусна мондан таҳдид мекунад, дар муқоиса ба баҳори имсол камтар шудааст, вале дар айни замон мардуми зиёде аз болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ташвиш будаанд.
Дар шаҳри Душанбе дар як нишасте бо ҳузури муаллимону омӯзгорон роҳҳои таълиму омӯзиш додани забони англисиро баррасӣ карданд, ки таваҷҷуҳ ба он дар Тоҷикистон зиёд мешавад. Чӣ гуфтанд? Дар ин видео бубинед.
Оразойим Норматова мақомоти Қирғизистонро танқид мекард. Вай узви кумитаи ҳифзи Кампиробод аст.
Бунёди ҷамъиятии Elge Qaitaru ("баргардонӣ ба ватан") рӯзи 27-уми октябр талаб кард, ки нисбати гуруҳи ширкатҳои Eurasian Resources Group парванда боз шавад.
Қарори бастани сомонаи қирғизии Радиои Озодӣ дар Қирғизистон ва он ҳам дар пайванд ба бозтоби даргирӣ дар сарҳад вокунишҳоеро дар Тоҷикистон ба бор овардааст. Баъзе аз хабарнигорони тоҷик рафтори мақомоти кишвари ҳамсояро "маҳдуд кардани озодии баён ва рӯзноманигории ботавозун" номиданд.
Муассисон ва муҳаррирони расонаҳои мустақили Қирғизистон бо нигаронӣ аз баста шудани сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ ба президенти он кишвар муроҷиат карданд.
Асосгузори SpaceX ва Tesla, сарватмандтарин одами дунё, Илон Маск шабакаи иҷтимоии Twitter-ро ба 44 миллиард доллар харид ва роҳбари ин ширкат шуд.
Беш аз сад уйғурро дар минтақаи Шинҷони Чин дар арафаи баргузории анҷумани Ҳизби коммунисти он кишвар дастгир кардаанд.
Ҷомеаи рӯзноманигории Қирғизистон зидди фишор ба расонаҳо дар он кишвар маъракаи иттилоотии "#силавправде" ё тавоноӣ дар ростистро эълом кард.
Наберагони Ислом Каримов, президенти пешини Узбекистон, Марям Тиллоева, духтари Лола Каримова-Тиллоева ва Ислом Каримов, писари Гулнора Каримова дар Лондон мулоқот карданд. Барои Ислом ва Марям ин нахустин дидор баъд аз 13 сол буд.
Се футболбози тоҷикро барои рафтори хашин ва дашном додан ҳангоми бозӣ ҷарима бастаанд. Дар ин бора Федератсияи Футболи Тоҷикистон хабар дод.
Онҳо мегӯянд, шаҳрванди Русия нестанду бо санади муваққатӣ дар коркарди партовҳо саҳм мегиранд ва барои халосӣ аз ин вазъ аз раиси ҷумҳури Узбекистон мадад хостаанд.
Мақомоти Русия аз тағйири сиёсат дар бахши муҳоҷират хабар доданд. Ҷузъиёти навоварӣ ҳанӯз нашр нашуда, аммо коршиносон бовар доранд, ки сиёсати муҳоҷирати ин кишвар шароии коргарони хориҷиро сахттар хоҳад кард.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар якуним соли гузашта дар кишвар бештар аз 430 мавриди худкушӣ ва қасди худкуширо сабт кардаанд ва дар ин миён мардҳо бештар будаанд.
Раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ҷаҳон бо хатарноктарин даҳа пас аз Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ рӯбарӯ аст. Владимир Путин рӯзи 27-уми октябр дар Маҳфили таҳлилии "Валдай" кишварҳои ғарбиро дар вазъи ҳозираи ҷаҳон гунаҳкор донист.
Ҷомеаи расонаии Қирғизистон дар робита ба тасмими бастани сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз сӯи Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони ин кишвар ба муҳлати ду моҳ изҳорот нашр кард.
Дастаи мунтахаби футболи Русия бо тимҳои миллии Тоҷикистон ва Узбекистон моҳи ноябр ду бозии дӯстона баргузор мекунад, хабар медиҳад Championat.Asia.
Кумитаи амволи давлатӣ ва хусусигардонии Қазоқистон хабар дод, ки дороиҳои Кайрат Сатибалдӣ, ҷияни раисиҷумҳури собиқ Нурсултон Назарбоев ба нафъи давлат мусодира шуданд.
Cозмони Милали Муттаҳид чанде пеш дар як гузориши тозае гуфт, аҳволи иқтисоди Афғонистон баъди омадани Толибон ба қудрат дар соли 2021 бисёр бад шудааст. Ба гуфтаи созмон то моҳи июли имсол бештар аз 700 000 ҳазор нафар аз ҷойи кор маҳрум шудаанд ва дар ин миён кӯдакон ҷабри зиёд мекашанд.