Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон субҳи 28 март хабар дод, ки давоми 24 соати ахир 1431 кас, аз ҷумла 312 кудак аз минтақаҳои хатарнок ба ҷойҳои бехавф кучонида шуд.
Дар натиҷаи вазидани шамоли сахт дар шаҳри Бишкек ва вилояти Чуйи Қирғизистон вазъи фавқулода эълом карда шудааст.
Маълумотҳои пайдокардаи Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки солҳои ахир бисёрзанӣ дар Тоҷикистон кам шудааст.
Радиои Озодӣ дар бораи Исроил Исломови 62-сола ва писаронаш Аминҷону Диловар, ки дар робита ба ҳодисаи "Крокус" боздошт шудаанд, баъзе ҷузъиёт пайдо кард. Хоҳари Фаридуни Шамсиддин, гумонбари дигари ҳамла, ҳамсари Аминҷон Исломов буда, хонаи онҳо дар маҳаллаи Арбобхотун, канораи Душанбе воқеъст.
Аминҷон Исломов ва падараш Исроил Исломов, ки мақомоти Русия онҳоро дар ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав шарик ё ҳамдаст медонанд, хоҳони бозбинии қарори Додгоҳ шудаанд. Дар ин бора хабаргузории расмии "РИА Новости" рӯзи 28-уми март иттилоъ дод.
Баъзе аз наздикони Исроил Исломов, ки ҳамроҳи ду писараш дар робита ба ҳамлаи Крокуси Маскав боздошт шудаанд, дар Тоҷикистон мавриди бозпурсии мақомот қарор гирифтаанд.
Падари яке аз гумонбаршудагони ҳамла ба Крокус мегӯяд, яке аз писаронаш аз соли 2016 барои сафараш ба Сурия бо иттиҳоми "терроризм" таҳти пайгард қарор дорад. Эҳтимол меравад, чаҳор сол пеш дар Сурия кушта шудааст.
Чанд мавриди дигари марбут ба ҳамлаи террористӣ ба толори “Крокус Сити Ҳол” дар канораи Маскав дар миёни коршиносон шакку шубҳа ва суолҳоеро халқ кардааст, ки мақомоти Русия ҳанӯз ба онҳо посухи рӯшан ва боварбахш надодаанд.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия рӯйхати нави ҷонбохтагони ҳамлаи рӯзи 22-юми мартро дар "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав нашр кард. Дар он номи 143 кас зикр шудааст. Пештар ин вазорат аз 140 кушта хабар дода буд.