Порлумони Қирғизистон тарҳи қонунеро баррасӣ дорад, ки тибқи он дар минтақаҳои наздисарҳадӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ гурӯҳҳои мусаллаҳи ихтиёриён таъсис дода мешавад
Пас аз муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузошт, порлумони Қирғизистон, тарҳи қонунеро баррасӣ кард, ки ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳи ихтиёриён дар деҳоти марзиро пешбинӣ мекунад. Коршиносон дар Тоҷикистон мегӯянд, ин кор метавонад боиси хунрезии бештар шавад.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, рӯзи 7-уми октябр нахустин мурофиаи додгоҳии Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери тоҷик баргузор гардид.
Мақомоти тоҷик ба сокинони чанд деҳа дар Исфара, ки дар марзи Тоҷикистон бо вилояти Бодканди Қирғизистон, зиндагӣ мекунанд, ҳушдор додаанд, ки аз хатари таркиши минаҳо эҳтиёт кунанд. Дар канори роҳҳо бо акси намудҳои мина ва бо навиштаи “Дур истед!”, ”Эҳтиёт кунед!”, “Дар хотир доред”, “Хабар диҳед” эълон насб шудааст. Як намояндаи маҳаллаи “Сомониён”-и шаҳри Исфара ба Радиои Озодӣ гуфт, ин эълонҳоро чанд рӯз қабл барои огоҳии мардум аз хатари минаҳо нашр карданд. “Мардум вақте ба чарогоҳҳо ё теппаҳо мераванд... Читать дальше...
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафири Қирғизистон дар Душанбе дар робита ба изҳори назари як мансабдори қирғиз нотаи эътирозӣ супурдааст.
Шӯрои ҳуқуқи башари СММ 6 октябр дар пайи раъйдиҳии кишварҳои узв тасмим гирифт, ки гузориши комиссари олии ин созмон дар бораи вазъи ақалиятҳои миллӣ ва мусалмонро дар минтақаи Шинҷони Чин баррасӣ накунад. Қаблан Бритониё, Туркия, ИМА ва чандин кишвари дигар пешниҳод карданд, ки вазъи ҳуқуқи уйғурҳои мусулмон ва ақалиятҳои дигар дар Шинҷон ба баҳс кашида шавад. Ин пешниҳод бо 17 раъйи ҷонибдор, мухолифати 19 кишвар ва 11 раъйи бетараф рад карда шуд. Қазоқистон, Узбекистон, Покистон, Имороти Муттаҳидаи Араб... Читать дальше...
Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони ҷавону маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни бузургсолон, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон ҷараён дорад, баъди як пирӯзӣ ва як бохт аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд.
Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар умури озодии матбуот дар натиҷагирии сафараш ба Тоҷикистон бо пахши изҳороте аз ҳабси хабарнигорон ва маҳдуд шудани озодии баён дар ин кишвар сахт нигаронӣ кардааст.
Президенти амалкунандаи Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, ки дар интихоботи пешорӯи президентӣ аз номи "эътилофи мардумӣ" номзад мешавад.
Як хонаводаи тоҷик бори аввал раводиди муҳоҷиратро ба Иёлоти Муттаҳида аз Сафорати Амрико дар Душанбе дарёфт кард.
Дастаҳои мунтахаби миллии футзали Ҷопон ва Эрон, ки ба финали Ҷоми Осиё-2022 баромаданд, рӯзи шанбе, 8-уми октябр, дар Кувайт барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебаранд.
Рӯзи ҷумъаи гузашта дар пайи хушунатҳо дар Зоҳидон -- маркази вилояти Систон ва Балучистони Эрон даҳҳо нафар кушта шуданд. Мақомоти Эрон аз нақши гурӯҳҳои "ҷудоиталаб" дар ин ҳодиса сухан гуфтанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дар ин эътирозҳо асосан мардуми оддӣ кушта шуданд.
Дар ноҳияи Узгени Қирғизистон наздики 50 сокини деҳаи Қизил-Октябр барои обанбори Кампиробод гирдиҳамоӣ ташкил карданд.
Дар шимолу шарқи Тайланд рӯзи 6 октябр ба як кӯдакистон ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт. Дар натиҷа 34 кас, аз ҷумла 22 кӯдак кушта шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 7-уми октябр ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия рафтааст.
Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия 27 шаҳрванди Қирғизистон бо нишонаҳои заҳролудшавӣ дар бемористон бистарӣ шудаанд.