Ҳар ҷумъа садҳо нафар дар Кобул барои дидани мусобиқаи гуштӣ гирдиҳам меоянд. Ба майдоне, ки ба гуфтаи паҳлавонон онҷо мусобиқа кардан азоб аст.
Дар як соли охир дар Тоҷикистон беш аз панҷоҳ нафар барои ҷабр ба фарзандон дастгир шуда, иддае зиндонӣ гардидаанду дигарон ҷарима пардохтаанд. Мақомоти Тоҷикистон рафтори онҳоро бемасъулиятӣ меноманд. Дигарон пайомади мушкили иҷтимоӣ медонанд, аз ҷумла бекориву фақр.
Бонки Осиёии Рушд рӯзи 28-уми октябр хабар дод, ки барои нигоҳдории роҳҳо дар ҷануби Тоҷикистон беш аз 43 миллион доллар кумаки билоиваз ҷудо кард. Ин роҳ аз Оқмазор то Бохтарро дар бар мегирад.
Мақомоти Эрон ду рӯзноманигореро, ки бори аввал дар бораи марги Маҳсо Аминии 22-сола гузориш дода буданд, ба хиёнат ба давлат ва ҳамкорӣ бо Идораи истихборотии Амрико муттаҳам карданд. Тибқи қонунҳои Эрон, ба онҳо ҳукми эъдом ё қатл таҳдид мекунад.
Вазорати корҳои хориҷии Покистон гуфт, як покистонии куҳансол, ки дар зиндони Гуантанамо дар Куба нигоҳдорӣ мешуд, рӯзи 29-уми октябр раҳо шуда, ба зодгоҳаш баргаштааст.
Ҳасан Шайх Маҳмуд, раиси ҷумҳури Сомалӣ, гуфт, дар ду таркиш дар Могадишу, пойтахти ин кишвар, камаш 100 нафар кушта шуданд. Ҳодиса рӯзи 29-уми октябр рӯй дод.
Маъмурони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар Эрон ҷасади Ризо Ҳақиқатнажод, хабарнигори Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодиро пинҳонӣ аз наздикон ва дур аз зодгоҳаш дафн кардаанд.
Ташвишҳо аз додани силоҳ ба сокинони наздимарзии Қирғизистон, умеду ноумедӣ аз миёнравии Русия дар ҳалли муноқишаи сарҳадӣ ва аз таҳсил дур мондани кӯдакони имконияташон маҳдуд аз мавзуъҳои муҳими нашрияҳои Тоҷикистон ҳастанд.
Ҳангоми таҷлил аз ҷашни "Ҳелловин" дар Кореяи Ҷанубӣ 151 нафар, аз ҷумла 19 хориҷӣ, ҷон бохтаанд. Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт, дар миёни фавтидагон ва зарардидагони фоҷеа тоҷикон нестанд.
Дар як гӯшаи YouTube-и тоҷикӣ, ки пур аз барномаҳои мазҳакавӣ аст, барномаеро дидан мумкин аст, ки дар он сӯҳбат фақат аз китобу китобхонӣ меравад. Барнома “Китобхон” ном дорад ва дар бораи афроде аст, ки бо мутолиаи зиёд зиндагии худро тағйир додаанд.
Барномае, ки ҳадафаш таблиғи фарҳанги китобхонӣ аст, дар як сол тавонист то андозае ба ҳадафаш бирасад.