Манобеи Радиои Озодӣ хабар доданд, ки Меҳроб Раҳмонови 23-сола тоҷики дувуми кушташуда дар тамрингоҳи Белгород будааст. Маълумоти бештар дар бораи ӯ ҳанӯз дастрас нест.
Суханронии ғайримаъмулии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар Остона вокунишҳои гуногунро ба бор овардааст.
Суханронии ғайримаъмулии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Остона ва дар хитоб ба Владимир Путин вокунишҳои гуногунро ба бор овард. Баъзе аз вокунишҳоро дар ин видео бинед.
Ба иттилои дарёфтӣ, яке аз онҳо консул ва дигаре масъули атташеи низомии сафорат аст.
Ба парвандаи котибаи додраси пешини машҳур ба “ҳукми сафед” ду айби дигар зам кардаанд. Азиза Ҳайдароваи 22-сола пештар ба қаллобӣ муттаҳам буд, ҳоло ба “исрофкорӣ” ва “сохтакории далелҳо” низ гумонбар аст. Модараш ӯро мегуноҳ медонад. Мақомот мегӯянд, хулосаи ниҳоиро додгоҳ хоҳад гуфт.
Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, рӯзҳои охир мавридҳои иҷборан ба ҷанг бурдани хориҷиёну муҳоҷирон махсусан аз боздоштгоҳу зиндонҳои Русия бештар мешавад.
Шаби 15 ба 16-уми октябр дар зиндони Эвини Эрон, ки дар онҷо зиндониёни сиёсӣ нигаҳдорӣ мешаванд, сӯхтор ба амал омадааст.
Радиои Озодӣ бо мадади корбарон ҳувийяти яке аз тоҷикони кушташударо дар тамрингоҳи Белгород муайян кард ва ӯ Эҳсон Аминзода (Эҳсони Тоҷиддин), шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон аст. Хабарро як манбаи наздик ба мақомоти тафтишотии Русия низ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард.
Созмони байнулмилалии Human Rights Watch аз мақомоти Қазоқистон даъват кард, ки чаҳор намояндаи боздоштшудаи ҷомеаи қарақалпоқистониҳоро ба Узбекистон истирдод накунанд.
Радиои Озодӣ бо мадади корбарон ҳувийяти яке аз тоҷикони кушташударо дар тамрингоҳи Белгород муайян кард ва ӯ Эҳсон Аминзода (Эҳсони Тоҷиддин), шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон аст. Хабарро манбаъҳои наздик ба мақомоти тафтишотии Русия низ тасдиқ карданд.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар номае ба Радиои Озодӣ рӯзи 17-уми октябр навишт, "сафорат дар Маскав аз пайи муайян кардани даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар воқеа ҳастанд." Ин дар ҳолест, ки номи дастикам як нафари онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаст.
Дар поёни қурултойи мардумӣ дар масъалаи обанбори Кампиробод дар Қирғизистон қатънома қабул шуд. Қурултой, ки дар он наздики ҳазор кас иштирок кард, 15 октябр дар деҳаи Қизил-Октябри ноҳияи Узбекистони вилояти Ӯши Қирғизистон баргузор шуд.
Хуршед Сатторов, тарроҳи шинохтаи тоҷик колексияи либосҳои худро таҳия дорад, то ин ҳафта онҳоро дар шаҳри Венаи Австрия ба намоиш гузорад. Ин коллексия иборат аз пироҳанҳо аз атласу адрас ва низ чакану гулдӯзиву сӯзанӣ мебошад.
Узбекистон омода аст, ҳамаи маҳдудиятҳои тиҷориро дар доираи Иттиҳоди давлатҳои мустақил бекор кунад. Дар ин бора президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 14-уми октябр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон хабар дод. "Бояд монеаҳои тиҷорӣ бардошта шаванд. Мо борҳо дар ин мавзуъ суҳбат кардем. Замони амал кардан расид", - гуфт Мирзиёев. Вай ҳамчунин ба кишварҳои узви ИДМ пешниҳод кард, ки дар давлатҳои худ ба масъулон дастур диҳанд, давоми як моҳ барои рушди тиҷорати мутақобил чораҳои мушаххасро коркард кунанд.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни наврасону навҷавонон, ки рӯзҳои 14-16-уми октябр дар пойтахти Арманистон - шаҳри Ереван – баргузор шуд, ҳафт медал (1 тило, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Аз рӯи натоиҷи бозиҳои ҷавобии даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футбол, ки рӯзи шанбе, 15-уми октябр, баргузор шуданд, дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Кӯктош»-и Рӯдакӣ ба финали мусобиқот роҳ ёфтанд.
Эрон розӣ шудааст, ки ба таври махфиёна ба Русия на танҳо бесарнишин, балки мушакҳои болдори "замин-замин" низ бидиҳад. Дар ин бора нашрияи The Washington Post бо такя ба манобеаш дар хадамоти иктишофии ИМА хабар медиҳад.