Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон (Committee to Protect Journalists), созмони воқеъ дар Ню-Йорк, ҳукми 10 сол зиндони Далери Имомалиро дар Тоҷикистон сангин хонд ва онро маҳкум кард.
Намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот хост, мақомоти Тоҷикистон рӯзноманигору блогери шинохта Далери Имомалиро фавран озод кунанд.
Баъзе аз муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, пас аз ҳодисаи Белгород шаҳрвандони Тоҷикистон зери заррабин қарор гирифтаанд. Дар ин ҳодиса, ки рӯзи 15-уми октябр рӯй доду 11 кушта ва 15 захмӣ барҷой гузошт, номи ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун ҳамлагар расонаӣ шудааст.
Намояндагони даҳҳо кишвар ва созмонҳои байнулмилалӣ дар Душанбе мавзӯи мубориза бо терроризм ва таҳкими амниятро дар марзҳо баҳс карданд. Ин нишаст зери чатри Созмони Милал баргузор шуд. Намояндагони Қирғизистон наомаданд, ҳарчанд номашон дар рӯйхат буд.
Намояндагони даҳҳо кишвар ва созмонҳои байнулмилалӣ дар Душанбе мавзӯи мубориза бо терроризм ва таҳкими амниятро дар марзҳо баҳс карданд. Ин нишаст зери чатри Созмони Милал баргузор шуд. Намояндагони Қирғизистон наомаданд, ҳарчанд номашон дар рӯйхат буд.
Дар нишасти байналмилалӣ бахшида ба муқобила бо терроризм таҳдид аз Афғонистон баҳс шуд, Радиои Озодӣ таҳқиқот дар бораи қурбониҳои ҳаводиси ахири Бадахшонро нашр кард ва баъди ҳамлаи маргбор дар Белгород тафтиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия бештар шудааст.
Заминҳои бунёди ҷангал дар вилояти Туркистони Қазоқистонро мехоҳанд, дар ихтиёри бинокорони лӯлаи гази "Қазоқистон - Чин" гузоранд.
Ба рӯйхати таҳримшудаҳо 11 шахси воқеӣ ва чаҳор ширкати эронӣ дохил шудааст. Онҳо ба саркӯби бераҳмонаи иштирокдорони эътирозҳои Эрон дар миёнаҳои моҳи сентябри имсол айбдор мешаванд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қирғизистон хабар медиҳанд, ки бонкҳои тиҷории "Компаньон", "Дос-Кредобанк" ва "Бакайбанк"-и ин кишвар хидматрасонӣ ба кортҳои низоми пардохтии русии "Мир"-ро қатъ кардаанд.
Моҳи майи имсол дар Хоруғ ва Рӯшон эътирози мардум ва амалиёти мақомот баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, 29 кас кушта шуданд. Кандуков ва суҳбати хабарнигорони Озодӣ бо мардум ошкор кард, ки камаш 34 нафар ҷон бохтаанд. Рӯйхати пурраи кушташудаҳо ва нақли наздикони баъзе аз онҳоро инҷо бихонед.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хостааст, ба шахсони муттаҳам ба терроризм "паноҳгоҳ" надиҳанд, вале аз ҳеч гуруҳу давлати хосе ном набурд.
Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC), ки 17-уми октябр дар пойтахти Малайзия – Куала -Лумпур – баргузор шуд, Ассотсиатсияи футболи Қатар ба унвони иттиҳодияи мизбони Ҷоми Осиё-2023 тасдиқ шуд. Дар ин бора сомонаи расмии АFC хабар додааст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, кишвараш зиёда аз 400 нафар ва асосан занону кӯдаконро аз Ироқу Сурия баргардондааст.
Бибикалон Назирова, хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ дар марги келинаш худро қисман гунаҳгор ҳисобидааст.
Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери шинохтаи тоҷик, ки бештар аз мушкили иҷтимоии мардум ва аз камбудҳои мансабдорон мегуфт, ба 10 сол зиндон маҳкум шуд. Додрас ӯро ба пардохти ҷарима ҳам вазифадор кардааст.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 17-уми октябр бо нашри чанд акс ва видео хабар дод, ки дар вилояти Бодканд аз кӯшиши гузаронидани маблағи бузурги асъори нақди хориҷӣ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон пешгирӣ кардаанд.
Карим Бензема, ҳамлагари 34-солаи «Реал Мадрид»и Испания ва тими миллии Фаронса, барандаи ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» дар соли 2022 гардид. Ин ҷоиза бори аввал ба ӯ супурда шуд. Маросими ҷоизасупорӣ 17-уми октябр дар Порис доир гардид.
Имрӯз, 18-уми октябр дар шаҳри Душанбе ҳамоиши дурӯзаи муқобила бо терроризм ва мудирияти сарҳад оғоз ёфт. Ба гуфтаи мақомот, Конфронси "Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо", то 19 октябр идома хоҳад кард. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври ҳузурӣ ва Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба таври онлайнӣ дар ин ҳамоиш суханронӣ карданд. Ҳамчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо... Читать дальше...
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 20-21 октябр бо сафари расмӣ ба Туркманистон меравад.
Котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов ҷузъиёти мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистонро хабар дод.