Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ хабар дод, ки тамрини нерӯҳояш аз 10-ум то 21-уми октябр дар Тоҷикистон хоҳад гузашт. Ин машқи низомӣ бояд дар ҳудуди Қирғизистон баргузор мешуд, аммо Бишкек як рӯз пеш онро бекор кард.
Департаменти Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ба баррасии изҳороти сокинони эҳтимолии вилояти Қазоқистони Шимолӣ шуруъ кардааст, ки Владимир Путинро раисиҷумҳури худ номиданд. Дар ин бора хабаргузории ҚазТАГ иттилоъ дод.
Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон 3,2 миллиард доллар қарздор аст. Мардуму мухолифон аз афзудани пайиҳами он ташвиш доранд, вале мақомот мегӯянд, ҷойи нигаронӣ нест.
Кумисюни марказии интихоботи Қазоқистон раисҷумҳури кунунии ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаевро ҳамчун номзади "ба талабот ҷавобгӯ" эътироф кард.
Чанд ҷавони тоҷик талош доранд, бо тарзи нав ба мардум забони англисӣ ёд бидиҳанд. Ин дарсҳо бепул аст ва асосан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад. Баъзе аз омӯзгорони ҷавон мегӯянд, усули таълими англисӣ дар мактабҳои Тоҷикистон куҳна шуда, бояд тағйир ёбад.
Чанд ҷавони тоҷик талош доранд, бо тарзи нав ба мардум забони англисӣ ёд бидиҳанд. Ин дарсҳо бепул аст ва асосан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад. Баъзе аз омӯзгорони ҷавон мегӯянд, усули таълими англисӣ дар мактабҳои Тоҷикистон куҳна шуда, бояд тағйир ёбад.
Аз оғози “мобилизатсия” ё басеҷи нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиш дар Русия 17 сарбоз фавтидааст. Сафарбарӣ ба артиш дар Русия аз 21-уми сентябр сар шуд ва дар ин муддат ба пайвандони 17 даъватшаванда хабари марги онҳо расидааст.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) Қамчибек Тошиев рӯзи 10-уми октябр дар порлумони он кишвар созишномаи марзиро бо Узбекистон шарҳ дод.
Мурофиаи аввалини Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори боздоштшударо ба таъхир гузоштаанд.
Азиза Ҳайдарова, котибаи боздоштшудаи додраси собиқ Рустам Саидаҳмадзодаро дар додгоҳи як ноҳияи дурдасти Тоҷикистон муҳокима хоҳанд кард.
Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар мекунад. Вай дар бораи сафараш тавассути Твиттер хабар дод.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни бузургсолон, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон ҷараён дорад, дар чаҳор рӯзи рақобатҳо панҷ паҳлавони тоҷик ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо хабаргузории давлатии "Кабар"-и он кишвар дар робита ба гуфтугӯҳо дар бораи таъйин ва аломатгузории марзҳо суҳбат кардааст. Ба гуфтаи ӯ, 99 дарсади баҳсҳои марзӣ ба нафъи Қирғизистон ҳал шудааст.
Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов, ки дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» бо касби шаш имтиёз ғолиб шуд, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии қора роҳ ёфт.
Дар ҳафтаҳои охир дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ, дар шимолу ғарби Покистон ва ҳаммарз бо Афғонистон, эътироз ба зидди Таҳрики Толибон бештар шудааст. Аксари мардум аз бозгашти Толибони покистонӣ ҳарос доранд. Сокинон мегӯянд, ҷангҷӯён суботи нисбии минтақаро таҳти хатар мегузоранд.
Ҳафтаҳои охир дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ, дар шимолу ғарби Покистон ва ҳаммарз бо Афғонистон, эътироз ба зидди Таҳрики Толибон бештар шудааст. Аксари мардум аз бозгашти Толибони покистонӣ ҳарос доранд. Сокинон мегӯянд, ҷангҷӯён суботи нисбии минтақаро таҳти хатар мегузоранд.