Дар шаҳри Алматои Қазоқистон пулис чаҳор фаъолеро боздошт кард, ки намехоҳанд, Владимир Путин, президенти Русия ба Қазоқистон ояд.
Дар ҳоле ки наздикони Ҳасан Ёдгоров, сокини шаҳри Турсунзода, барои шиканҷа шудани ӯ дар боздоштгоҳ аз ВКД 400 ҳазор сомонӣ хоста буданд, додгоҳ 5 ҳазор сомонӣ пардохти ҷуброни зарар таъин кардааст. Пайвандонаш мегӯянд, розӣ нестанд.
Чоршанбе Чоршанбиев ба маҳбаси Душанбе интиқол ёфтааст, Ҳасан Ёдгоров аз ҷуброни азияташ дар боздоштгоҳ қаноатманд набудааст, эътирози зидди ҳиҷоб дар Эрон тавсеа меёбад, натиҷагирӣ аз сафари Лукашенко ба Тоҷикистон ва матолиби дигар.
Масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" пас аз ду ҳафта шикояти сокинон тасдиқ карданд, ки дар кишвар маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ шудааст, вале онро на хости худашон, балки зарурат донистанд.
Темур Раҳимов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон ҷараён дорад, дар рақобат барои медали биринҷӣ аз гуштигири гурҷӣ Гурам Тушишвили мағлуб шуд ва мақоми панҷумро касб кард.
Қирғизистон дубора узви Шӯрои Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон барои солҳои 2023-2025 интихоб шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар доданд.
Дар Русия ҳаракати зиддиҷангии ҷавонони "Весна" ва ширкати амрикоии Meta-ро, ки соҳиби шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram аст, ба рӯйхати созмонҳои шарик дар тундгароӣ ё терроризм шомил карданд.
Бозиҳои даври бистуми мусобиқоти лигаи аввали футболи Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд.
Манобеи огоҳ аз қазияи рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфтанд, ки ӯ ду ҳафта пеш аз эълони ҳукм "зери фишор ба гуноҳ иқрор карда", хоҳони раҳоияш шудааст. Ӯро ҳафтаи гузашта ба 7,5 сол зиндон маҳкум карданд, аммо наздиконаш розӣ нестанд.
Нархи орд дар Тоҷикистон дар муқоиса ба соли гузашта 23 дарсад гарон, аммо дар муқоиса бо ҳафтаҳои пеш андаке арзон шудааст.
Темур Раҳимов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон ҷараён дорад, баъди се пирӯзӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт, вале ӯ дар нимфинал ноком шуд ва акнун барои медали биринҷӣ талош меварзад.
Темур Раҳимов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон ҷараён дорад, баъди се пирӯзӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Пайвандони Чоршанбе Чоршанбиев гуфтанд, ки варзишгари 27-сола аз зиндони низомаш сангини Хуҷанд ба Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе оварда шудааст, вале сабабашро намедонанд. Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон тасмимро шарҳ надод.
Мақомоти Қазоқистон мехоҳанд, барномаи кӯчондани сокинонро аз минтақаҳои “сераҳолӣ” ба минтақаҳои “норасоии нерӯи корӣ” бознигарӣ кунанд.
Боз тирамоҳ ва боз шикоятҳои пайиҳам аз набудани нерӯи барқ дар минтақаҳои Тоҷикистон. Мардум гила доранд, ки мақомот пули истифодаи барқро саривақт мегиранд, вале бе ягон огоҳӣ онҳоро рӯзонаву шабона аз гармиву рӯшноӣ маҳрум мекунанд.
Мурофиаи додгоҳии Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори боздоштшуда, 11-уми октябр паси дарҳои баста баргузор шуд. Пайвандонаш гуфтанд, мурофиа бояд дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мегузашт, аммо ба сабаби барои онҳо номаълум дар Боздошгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) баргузор шуд.
Аввалини мурофиаи додгоҳии Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори боздоштшуда рузи 11-уми октябр пушти дарҳои баста баргузор шуд.
Мақомоти милиса дар шаҳри Душанбе як сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахтро бо гуноҳи латукӯби фарзандаш ҷарима карданд. Ҷазои маъмурӣ нисбати Зикриё Одинаеви 47-сола баъд аз нашри навори латукӯби кӯдаки хурдсолаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифт. Корбарон ӯро барои чунин рафтораш маҳкум карда, аз мақомот хостанд, ки Одинаевро ба ҷавобгарӣ кашанд. Худи ин мард дертар бо нашри як навор гуфт, "барои ин кораш аз корбарон узрхоҳӣ мекунад ва ваъда дод, ки такрор намешавад". Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шоми 11-уми октябр хабар дод... Читать дальше...
Ба истеъмолгарони Узбекистон дар мавсими тирамоҳу зимистон 34 миллиарду 918 миллион киловатт-соат неруи барқ интиқол дода мешавад.
Дар доираи сафари давлатии президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Қирғизистон чандин санади дуҷонибаи ҳамкорӣ имзо шудааст.
ЮНИСЕФ ё Бунёди Ҳимоят Аз Кӯдакони Созмони Милал мегӯяд, вабо дар Сурия ба 10 ҳазор нафар сироят кардааст. Хатари гирифторӣ ба беморӣ ба миллионҳо беҷошудаи дигар дар ин кишвари ҷангзада таҳдид мекунад.