Пас аз ду ҳафта нишасти пурсарусадои Владимир Путин бо раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, раиси Шӯрои Аврупо рӯзи 27-уми октябр онҳоро дубора дар Остона гирди ҳам овард. Аммо қабл аз нишасти якҷоя Шарл Мишел бо чанд раҳбар алоҳида вохӯрд. Аз ҷумла бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Дар шаҳри Остона раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷамъ омадан ва бо раҳбари Шӯрои Аврупо дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба суҳбат карданд.
Сарватмандони Русия, ки шомили рӯйхати таҳримҳо шудаанд, мумкин аст, садҳо миллиард долларро ба хориҷ бурдаву дар офшорҳо пинҳон карда бошанд.
Ҳодиса 26-уми октябр рӯй дод. Ҳамларо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ бар дӯш гирифт.
Гулнозаи Қурбонхон ҳамагӣ панҷ сол пеш аз деҳаи Тӯданӣ ба маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кӯчид, аммо зуд дар байни мардум ва бахусус занон шинохта шуд. Онҳо субҳи барвақт ва ё нимашаб барояш занг мезананд ва ӯ ба кумакашон мешитобад. Ӯ таксӣ меронад.
Гулнозаи Қурбонхон яке аз маҳбубтарин чеҳраҳо дар миёни бонувони ноҳияи марзии Шамсиддини Шоҳин аст. Ӯ ронандаи таксӣ аст ва аксар муштариёнаш духтарону занон мебошанд.
Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо, рӯзи 27-уми октябр дар Остона бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мулоқот кардааст. Рӯшан нест, ки мавзӯи ҳуқуқи башар ва бавижа боздошту ҳабси хабарнигорон дар Тоҷикистон баҳс шудааст ё не.
Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон афроди номаълум хабарнигори телевизиони SuperTV Бактурсун Жоробековро латукӯб карданд.
Маъмурони амниятии Эрон ҷасади Ризо Ҳақиқатнажод, хабарнигори Радиои Озодиро рабуда, ба хешовандонаш иҷоза надодаанд, ки ӯро дафн кунанд.
Низомиҳои амрикоӣ рӯзи чаҳоршанбе, 26-уми октябр, ҷузъе аз силоҳи моваросавтиро озмоиш карданд. Пентагон ин санҷишро муваффақона номид.
Мудири як телевизиони мустақилро дар шаҳри Панҷакент ба гумони "авбошӣ" дастгир кардаанд, вале худаш гуфта, ки гуноҳ надорад. Ба қавли вакили мудофеъ, қазия ба занозании моҳи сентябри имсол вобаста аст. Дар он ҳодиса як узви пешини "Авангард" ва ҳоло корманди Идораи ҷавонон осеб дидааст.
Дар ҷаласаи раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар пойтахти Қазоқистон масоили ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва мушкили доғи байнулмилалиро баррасӣ хоҳанд кард. Нишаст 27-уми октябр баргузор мешавад.
Раиси ҷумҳури Русия гуфт, аъзои гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ва созмонҳои дигари террористӣ талош доранд, ба қаламрави кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид шаванд.
Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои се даври марҳилаи дуюми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олиро, ки 31-уми октябр оғоз меёбад, эълон кард.
Дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (“Baku Grand Slam 2022”), ки рӯзҳои 4-6-уми ноябр дар пойтахти Озарбойҷон – Боку – баргузор мешавад, Тоҷикистонро 13 варзишгар дар рақобатҳо миёни мардон намояндагӣ хоҳад кард.
Тарҳи нерӯгоҳи "Роғун"-ро, ки ҳаёту мамоти Тоҷикистон меноманд, ҳанӯз дар аҳди Шӯравӣ кашида буданд, вале сохтмонаш даҳсолаҳо боз давом дорад. Чаро?
Вакилони палатаи қонунгузори порлумони Узбекистон 25-уми октябр дар қироати севум тарҳи қонун "Дар бораи бархурди манфиатҳо"-ро қабул карданд.
Гуруҳе аз фаъолони Қазоқистон 26-уми октябр барои сабтиноми ҳизби мухолифи "Алга, Қазоқистон!" бори панҷум ба Вазорати адлияи ин кишвар ҳуҷҷат пешниҳод карданд.
Фаъоли зиндонии қазоқистонӣ Ермек Наримбой рӯзи 24-ум аст, ки гуруснанишинии худро дар маҳбас идома медиҳад.
Зидди рӯзноманигор ва собиқ номзад ба мақоми президентии Русия дар интихоботи соли 2018 Ксения Собчак парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Хабаргузории ТАСС ва “База” бо такя ба манобеи худ хабар додаанд, ки рӯзноманигор тавонистааст кишварро тарк кунад.