Аҳмадбек Саидов, маҳбусе, ки шаби 18 ба 19-уми август аз як боздоштгоҳи Душанбе фирор карда буд, боздошт шудааст.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар бозии севумаш дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2022, ки имрӯз, 1-уми октябр, дар Кувайт баргузор шуд, тими миллии Туркманистонро бо ҳисоби 8:5 мағлуб кард, бо шаш имтиёз дар гурӯҳи "В" мақоми дувумро касб намуд ва ба даври чоряниҳоии мусобиқот роҳ ёфт.
Мубораки Қосим, ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори боздоштшуда, аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон хостааст, барои озодии шавҳараш кумак кунад.
Рӯзи шанбе, 1-уми октябр дар маҳаллаи Хайрхонаи шаҳри Кобул, таркиш рух додааст. Расонаҳои аз қавли Холид Задрон, сардори пулиси Кобул дар ҳукумати Толибон, навиштаанд, ки дар таркиш касе осеб надидааст. Ӯ гуфтааст, ки таркиш дар назди мактаби ба номи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ рух дод. Сабаби таркиш маълум нест. Рӯзи 30-уми октябр бар асари таркиш дар мактаби ҳазораҳо 19 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуда буд. Дар замони ҳукумати Толибон ҳамла ба масҷид ва мактабҳои ҳазораҳо, ки пайравони мазҳаби шиа ҳастанд, афзоиш ёфтааст.
Сокинони деҳоте, ки дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ҷойгиранд, мегӯянд, дар низои ахир захираи яксолаи ғизоашонро аз даст додаанд.
Дар муноқиша дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон даҳҳо сокини деҳаи Сомониёни Исфара захираи маводи ғизоии худро аз даст додаанд. Хонаҳои баъзе аз онҳо ба тамом сӯхта шу бар асари тирпарронӣ сухтаанд ва бархеи дигарро афроди ношинос оташ задаанд.
Ду ҳафта аз муноқишаи чаҳоррӯзаи маргбору бесобиқа дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад ва қарордоди сулҳ ба имзо расидааст, вале ҳарду тараф мегӯянд, вазъ ҳассос боқӣ мемонад. Дар ҷараёни муноқишаи рӯзҳои 14-17-уми сентябри имсол беш аз 100 нафар аз ҳарду тараф кушта шуданд.