Дар рӯзи дувуми мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam 2022”, ки дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абузаби – ҷараён дорад, боз се варзишгари тоҷик аз медал бенасиб монданд.
Аҳрор Бобоев, сокини шаҳри Ҳисор ва ҳамсараш Тоҷинисо Муъминова якҷоя 518 сомонӣ нафақа мегиранд. Шавҳар 372 сомонӣ, зан 146 сомонӣ. Мегӯянд, онҳоро асосан фарзандон таъмину нигоҳубин мекунанд, "вагарна нафақа ба харҷи рӯзгор намерасад".
Аҳрор Бобоев ва ҳамсараш, Тоҷинисо Муъминова, аз шаҳраки Ҳисор якҷоя 518 сомонӣ нафақа мегиранд. Шавҳар 372 сомонӣ ва ҳамсар 146 сомонӣ. Мегӯянд, онҳоро асосан фарзандон таъмину нигоҳубин мекунанд, «вагарна пули нафақа ба харҷи рӯзгор комилан мувофиқ нест».
Фарзонаи Алихон, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки маъюб асту барои наварӯсон либос медӯзад, барояшон орзуи хушбахтии доимӣ мекунад.
Иттиҳодияи муаллимони Эрон ба хотири саркӯби шогирдонашон дар ҷараёни эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар он кишвар корпартоии дурӯза эълон кардаанд.
Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ иддао доранд, ки дар даргириҳои охир дар баъзе аз вилоятҳои шимоли Афғонистон ба якдигар зарба задаанд.
Сокинони як маҳалла дар ноҳияи Кушониён шикоят доранд, ки мақомот бо талаби баргардондани фарзандонашон аз хориҷа ва фиристодани онҳо ба артиш сими барқи чанд хонаро бурида, ба дари масҷидҳо қуфл задаанд. Дар ҳукумати ноҳия изҳори бехабарӣ карданд. Ҳуқуқдонҳо хилофи қонун донистанд.
Анна Матвеева пажуҳишгари муқими Лондон, ки мушкилоти марзҳои таъйину аломатгузориношудаи Тоҷикистону Қирғизистонро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, шиорҳои меҳанпарастонаву баёнияҳои эҳсосии ду тараф барои мардуми дохил аст ва ҳеч кадоме тарафдори муноқиша нест.
Фумио Кишида ҳангоми сафараш ба Австралия рӯзи 22-юми октябр гуфт, ҳушдори Русия барои истифода аз силоҳи ҳастаӣ таҳдиди ҷиддӣ ба сулҳу амнияти ҷомеаи ҷаҳонист ва пазируфтанӣ нест.
Пас аз се ҳафта саркӯби маргбори норозиёни балуч, ки дар пайи он даҳҳо нафар кушта шуданд, эътирозҳо дар Зоҳидон ва ҳамчунин бисёре аз гӯшаҳои дигари Эрон рӯзи 21-уми октябр идома кард.
Бонки Осиёии Рушд эълон кард, ки ба Тоҷикистон барои дастгирии қишри камбизоат ва осебпазир 50 миллион доллар ёрии бебозгашт медиҳад.
Пас аз се ҳафта саркӯби маргбори норозиёни балуч, ки дар пайи он даҳҳо нафар кушта шуданд, эътирозҳо дар Зоҳидон ва ҳамчунин бисёре аз гӯшаҳои дигари Эрон рӯзи 21-уми октябр идома кард. Эътирози мардуми Зоҳидон ин бор аз як ҷиҳат фарқ дошт. Мавлавӣ Абдулҳамид, имоми ҷумъаи аҳли суннат дар он вилоят, дар хутбааш масъулони Ҷумҳурии Исломиро сахт танқид кард. Гузориши Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ
Бар асари таркиш дар як анбори аслиҳа ва таҷҳизоти дигари низомӣ дар Узбекистон чанд нафар захмӣ шудаанд.
Мақомоти интизомии Узбекистон баъди боздошти шаҳрдори ҳамакнун пешини Тирмиз Исроил Худойбердиев шаш мансабдори дигари шаҳр, аз ҷумла ду муовини шаҳрдорро дастгир кардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, Қирғизистон “ниятҳои шуме” дорад ва вазири дифои Қирғизистон гуфт, байни Бишкеку Душанбе “сулҳ буда наметавонад”, зеро ҳар яке ҳақиқати худро дорад. Ин баёнияҳоро таҳлилгарон хатарнок ва баёнгари эҳтимоли такрори муноқишаҳои хунин дар марз меноманд.
Анна Матвеева пажуҳишгари муқими Лондон, ки мушкилоти марзҳои таъйину аломатгузориношудаи Тоҷикистону Қирғизистонро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, шиорҳои меҳанпарастонаву баёнияҳои эҳсосии ду тараф барои мардуми дохил аст ва ҳеч кадоме тарафдори муноқиша нест.
Дар нахустин бозии мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни духтарони то 15-сола, ки 21-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, мунтахаби Тоҷикистон аз дастаи Узбекистон бо ҳисоби бузурги 0:6 шикаст хӯрд.
Баъд аз шурӯи ҷанги Укрина ва бахусус фармони басеҷ ё “мобилизатсия” дар Русия, теъдоди хоҳишмандони гирифтани шиносномаи русӣ кам шудааст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳафтае пеш дар Остонаи Қазоқистон гуфт, ки пас аз фармони басеҷ ё "мобилизатсия" 30 ҳазор шаҳрванди Русия ба Душанбе ва гӯшаҳои дигари кишвар омадаанд.
Кумисюни интихоботии Покистон рӯзи 21-уми октябр гуфт, нахуствазири пешин Имрон Хон ба сабаби инки дар давраи маъмурияташ туҳфаҳои раҳбарони кишварҳои хориҷиро ғайриқонунӣ фурӯхтааст, ба муҳлати панҷ сол аз ҳаққи иштирок дар интихобот маҳрум шуд.