Ду халабони як ҳавопаймои ҳарбӣ, ки дар шаҳри Иркутски Русия ба манзили баландошёна бархӯрд, ҳалок шудаанд. Расонаҳои маҳаллӣ бо нашри видео аз маҳалли ҳодиса навиштаанд, ки ҳавопаймои тирандозӣ Су-30 пас аз афтодан таркидааст ва манзили баландошёна оташ гирифтааст. Сабаби бархурдани ҳавопаймо ба ин манзили зистро ҳанӯз мақомот шарҳ надодаанд. Игор Кобзев, раиси вилояти Иркутск гуфтааст, ки ду халабони ҳавопаймо ҳалок шуданд, вале сокинони маҳаллӣ зиён надидаанд. Рӯзи 17-уми октябр низ... Читать дальше...
Абдулҳамид Муҷоҳид, як фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Бадахшони Афғонистон кушта шудааст. Ин фармондеҳи тоҷиктабор зодаи ноҳияи Яфтали Бадахшон буд ва ду моҳи пеш ба ин Ҷабҳа пайваст. То он вақт фармондеҳи Толибон дар як ноҳияи Бадахшони Афғонистон буд. Абдулҳамид Муҷоҳид бо эътироз ба сиёсати қавмгароёнаи Толибон аз ин гурӯҳ ҷудо шуд. Сибғатулло Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ рӯзи 22-уми октябр хабари кушта шудани ин фармондеҳро тасдиқ кард. Ӯ гуфтааст, ки дар задухӯрдҳои... Читать дальше...
Мақомоти тоҷику рус барои роҳандозии кори "Хадамоти шиноснома ва раводид"-и Вазорати корҳои дохилии Русия дар Душанбе ба созиш расидаанд.
Мақомоти тоҷик бо мақомоти Кореяи Ҷанубӣ масъалаи сохтмони метро дар шаҳри Душанберо баррасӣ кардаанд. Хабаргузории "Ховар" хабар додааст, ки Завқӣ Завқизода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ бо ҳамтоёни кореягии худ мавзуи пеш аз мӯҳлат сохтани метро дар Душанберо матраҳ кардааст. Дар ин хабар мӯҳлати сохтмони метро гуфта нашудааст, вале аз ин пеш, дар моҳи марти имсол, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дода буд, ки бо ширкати роҳи оҳани миллии... Читать дальше...
Си Ҷинпин рӯзи 23-уми октябр бори сеюм раҳбари Чин интихоб шуд. Рӯзи якшанбе ҷаласаи ХХ ҳизби Коммунистии Чин ба поён расид ва Ҷинпин котиби аввали ин ҳизб интихоб шуд, ки амалан Чинро идора мекунад. Рӯзи шанбеи гузашта дар идомаи ин ҷаласса аз дохили толор Ху Сзинтао, раҳбари собиқи Чинро ду нафар аз дасташ гирифта берун карданд. Гуфта мешавад, эҳтимол ӯро боздошт кардаанд, вале ҳанӯз ҳукумати Чин инро тасдиқ ё рад накардааст. Дар суханронии дусоата Ҷинпин барномаи худ дар бораи рушди Чин то солҳои 2035-ро муаррифӣ кард. Читать дальше...
Дар шаҳри Кӯлоб марказе сохтанд, ки аз тариқи он, ба воситаи қатораҳои боркаш, молу маҳсулотро то Туркия интиқол медиҳанд.
Тоҷикистон ва Қирғизстон пас аз як моҳи даргирии мусаллаҳона дар марз дубора ҳамдигарро барои нақзи созишҳо ва низомисозии минтақаҳои сарҳадӣ муттаҳам мекунанд. Баёнияҳои расмии ҳарду ҷониб беш аз пеш шадидтар мешаванд ва нишон медиҳанд, ки даргирӣ ҳанӯз ба таври комил мутаваққиф нашудааст.