Бино ба як гузориши нави байнулмилалӣ, саршумори нисфе аз паррандагон дар ҷаҳон кам шуда, аз байни ҳар 8 навъи онҳо яке дар вартаи нобудӣ қарор дорад. Паррандагони зебои Тоҷикистон ҳам аз ин раванд дар канор намондаанд.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо тими миллии Тайланд, ки бо 7 имтиёз ғолиби гурӯҳи «А» шуд, бозӣ мекунад. Ин бозӣ рӯзи сешанбе, 4-уми октябр, дар Кувайт соати 19:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи 1-уми октябр гуфт, ки дар задухӯрд миёни нерӯҳои амниятии Эрон ва "ҷудоиталабони мусаллаҳ" дар ҷанубу шарқи ин кишвар камаш 20 нафар кушта шудаанд. Ҳодиса рӯзи 30-юми сентябр дар Зоҳидон рӯй дод.
Чанд сол боз баҳси ба маркази вилоят табдил шудани ноҳияи Данғара дар ҷануби Тоҷикистон идома дорад. Мақомот мегӯянд, нақшаи генералии Данғара то ҳол дар баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ асту ба дасти онҳо нарасидааст. Вале дар айни замон чандин бинои нави маъмурии баландошёнаро сохтаву ба истифода доданд.
Созмони Милали Муттаҳид 1-уми октябр дар баёнияе гуфт, ин кор пас аз муроҷиати дабири кул Антонио Гутерриш ба раисиҷумҳури Эрон имконпазир шуд.
Дар даргириҳои 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз ду тараф даҳҳо кушта ба ҷой гузошт, тақрибан даҳ масҷидро дар ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуров нишон гирифтаанд. Ҷониби Қирғизистон қазияро шарҳ надодааст.
Ҳодиса рӯзи 1-уми октябр ва баъди шикасти тими мизбон – "Арема" аз рақибаш – "Персебая" рӯй дод.
Дар ноҳияи Балҷувон пас аз солҳо истихроҷи нафтро дигарбора аз сар гирифтанд. Дар замони шӯравӣ аз ин минтақа ҳазорон тонна нафту газ истихроҷ мекарданд. Ҳоло конҳои нафти Балҷувон дар кадом вазъ қарор дорад?
Таҷҳизоти нафткашӣ дар Балҷувон дубора ба чархиш даромад, вале дар муқоиса ба даврони Шӯравӣ нафти кам истеҳсол мекунад.