Тибқи як гузориши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, бо вуҷуди манъи расмии кишти кукнор аз сӯи ҳукумати Толибон, Афғонистон дар қочоқ ва истифодаи он дар сатҳи ҷаҳон пешсаф аст.
Кормандони ширкати найшакари "Ҳафттеппа" дар шаҳри Шуши вилояти Хузистони Эрон ба нишони эътироз аз марги Маҳсо Аминии 22-сола ба коршикании сартосарӣ пайвастанд. Аминӣ моҳи сентябри имсол ба гумони "бадҳиҷобӣ" дастгир ва дар боздоштгоҳи пулиси ахлоқ ҷон дод.
Тоҷикистон Қирғизистонро бо кӯшиши ноором намудани вазъ дар марзи муштарак муттаҳам кард, Эрон тақдими ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Русияро рад мекунад, вале кишварҳои ғарбӣ бовар надоранд, талоши раҳо намудани ҷавони бемор аз хидмат дар артиш ва матолиби дигар.
Пайвандони Фаромуз Иргашев, ҳуқуқдони “Комиссияи 44” ва довталаби курсии президентӣ дар Тоҷикистон, гуфтанд, ки муҳокимаи ӯ дар Боздоштгоҳ оғоз шуда, вале дар бораи ҷараёну баҳси дохили он чизе намедонанд. Мақомот шарҳ намедиҳанд.
Муҳаммад Дилшодбойзода, як муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия нопадид шуда буд, дар сарҳади Афғонистон боздошт шудааст. Ба гуфтаи мақомот, ин сокини 20-солаи ноҳияи Мастчоҳ қасди гузаштан ба Афғонистонро дошт.
Раёсати марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон Қирғизистонро ба иғвобарангезӣ ва ноором кардани вазъ дар сарҳади ду кишвар муттаҳам кард ва гуфт, ин кори мақомоти Қирғизистон "ҳадафмандона ва барои барангехтани низоъҳои нав" аст. Бишкек ҳанӯз вокуниш накардааст
Миронсоқ Ҷалилов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ миёни наврасон, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.
Се Кумитаи порлумони Қирғизистон тарҳи қонунро дар бораи додани силоҳ ба сокинони минтақаҳои наздимарзӣ бо Тоҷикистон тасвиб карданд.
Тоҷикистон зиёда аз панҷ ҳазор ҷавонро аз мактабҳои динии хориҷӣ ба кишвар баргардондааст. Дар ин бора президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми октябр дар як нишаст дар Душанбе хабар дод.
Як мансабдори баландпояи Қирғизистон гуфт, бе миёнравӣ ё доварии кишваре ё созмоне ба монанди СПАД (ОДКБ) дар масъалаи таъйини марз бо Тоҷикистон ба натиҷае нахоҳанд расид.
Ширкати миллии "ҚазоқГаз" ва ширкати туркманистонии "Туркмангаз" шартномаи хариди фурӯши гази табиӣ бастанд.
Радиои Озодӣ баъзе ҷузъиёти ҳукми Далери Имомалӣ, блогер ва рӯзноманигори тоҷикро ба даст овард. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзи 17 октябр ин рӯзноманигорро ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Ба ҷуз аз ҳукми зиндон дигар ҷузъиёти ҳукми додгоҳ рӯшан набуд.
Мақомоти амниятии ҳукумати Толибон дар Кундуз аз кушта шудани панҷ фарди мусаллаҳ дар як даргирӣ хабар доданд.
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон меравад. Дар ин бора аз вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хабар доданд.