Дар як деҳаи тоҷикнишини ноҳияи Ҷеттисойи Қазоқистон як марди тоҷик ва зани қазоқ суннатҳои роиҷро шикаста, оила барпо карданд. Дар маҳаллаи Фирдавсӣ издивоҷ бо намояндагони миллати дигар кори осон нест. Ҷуфте, ки тавонистаанд, қолабшиканӣ кунанд, ин пайванди худро намунаи дӯстии ду халқ медонанд.
Дар як деҳаи тоҷикнишини ноҳияи Ҷеттисойи Қазоқистон як марди тоҷик ва зани қазоқ суннатҳои роиҷро шикаста, оила барпо карданд. Дар маҳаллаи Фирдавсӣ издивоҷ бо намояндагони миллати дигар кори осон нест. Ҷуфте, ки тавонистаанд, қолабшиканӣ кунанд, ин пайванди худро намунаи дӯстии ду халқ медонанд.
Намояндагони "Демирбонк" рӯзи 31-уми октябр тасдиқ карданд, ки дар ин бора аз Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар огоҳинома гирифтанд.
Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки ба Қирғизистон 1 миллион доллар мадад кунад.
Додгоҳи олии Қазоқистон шикояти ду фаъоли маданиро зидди Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии ин кишвар барои сабтином накардани номзадҳои худпешбар ба мақоми президентӣ рад кард.
Вазорати корҳои дохилии Узбекистон пешниҳод кардааст, ки барои истифодаи хадамоти электронии давлатӣ ва хадамоти нотариалӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ биноҳои алоҳида ҷудо карда шавад.
Сокини 26-солаи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон Мадина Шерниёзова, ки рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни таҷлил аз ҷашни Ҳелловин дар шаҳри Сеул ҷон бохт, дар яке аз донишгоҳҳои олии Кореяи Ҷанубӣ таҳсил мекардааст.
Фиристодаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Ховари Миёна гуфт, соли 2022 хунинтарин сол барои фаластиниён дар соҳили ғарбии рӯди Урдун буд. Ӯ хоҳони иқдоми фаврӣ барои ором кардани "вазъияти тарканда" ва гуфтугӯҳо миёни фаластиниён ва Исроил шуд.
Дар маросими ифтитоҳи аввалин Бозиҳои Саудӣ, ки 28-уми октябр дар варзишгоҳи “Шоҳ Фаҳд”-и шаҳри Риёз баргузор шуд, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ширкат кард. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.
Парвандаи фаъоли бадахшонӣ Ораз Вазирбековро, ки чаҳор моҳ пеш дар шароити мармуз дастгир шуд, барои муҳокима ба додгоҳ фиристодаанд.
Рӯзи 29-уми октябр додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон вакили пешин ва фаъоли шаҳрвандӣ Орозайим Норматоваро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Теъдоди занони ҳабсшуда дар доираи "Парвандаи Кампиробод" ба шаш тан расид. Дар ҳамин ҳол, даҳҳо фаъол ва ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Қирғизистон раҳоии занонеро талаб доранд, ки дар доираи "Парвандаи Кампиробод" боздошт шудаанд. Нисбати Норматова бо моддаи "Омодагӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ" парванда боз шудааст. Наздикони Норматова мегӯянд... Читать дальше...
Дар пайи канда шудани пули одамгузар дар шаҳри Морвӣ дар ғарби Ҳинд на камтар аз 60 кас фавтидааст.
Вазъи фавқулодаи марбут ба вабои коронавирусро дар Қирғизистон аз 1 ноябр бекор мекунанд. Дар ин робита раиси девони вазирони он кишвар Оқилбек Ҷабборов қароре имзо кардааст.
Вазорати корҳои дохилии Узбекистон омори русиягиҳоеро нашр кард, ки аз оғози соли ҷорӣ вориди ин кишвар шудаанд.
Дар ҳоле, ки дар гузашта масъулини ширкати «Барқи тоҷик» борҳо сокинону корхонаҳоро барои қарздорӣ аз барқ танқид карда буданд, дар ноҳияи Фархор асосан идораҳои муҳими давлатӣ пули истифодаи барқро насупоридаанд. Вале айни замон бо барқ таъминанд.
Дар ҳоле ки масъулони ширкати “Барқи Тоҷик” дар гузашта сокинонро барои саривақт насупоридани ҳаққи истифодаи барқ танқид карда буданд, дар ноҳияи Фархор идораҳои давлатӣ, аз ҷумла бинои ҳукумат, қарздор мондааст. Ин вазъ сокинони одиро, ки барои қарздорӣ барқашон хомӯш мешавад, дар ҳайрат гузошта.