Пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, мегӯянд, ӯ "зери фишор" дар наворе ба гуноҳ "иқрор кардааст" ва ҳоло мехоҳанд, мақомот пеш аз мурофиа онро таҳқиқ ва аз эътибор соқит кунанд.
Коршиносони як кумитаи Созмони Милал гуфтаанд, ки ришвахориву фасоди густурда дар Тоҷикистон, бекорӣ, музди кори кам ва сатҳи пасти дониш дар мактабҳо мояи нигаронӣ аст.
Ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқи ҷонварон дар Тоҷикистон аз шикори бераҳмонаи ҷонварон шикоят мекунанд. Ин шеваи шикор даҳҳо навъи ҷонвар дар Тоҷикистонро дар ростои нобудӣ қарор додааст.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) иттиҳоми “хиёнат ба давлат”-и Владимир Кара-Мурза, фаъоли мухолифонро дар Русия, “севумин иттиҳоми беасос” аз лаҳзаи боздошти ӯ дар ним соли пеш донист.
Вазири мудофиаи Олмон ҳангоми сафараш ба Литва гуфт, НАТО бояд барои амнияти муштарак бештар кор кунад, то худро аз ҳар гуна иқдомҳои таҷовузкоронаи Русия ва президент Владимир Путин муҳофизат кунад.
Бо вуҷуди ҳушдорҳои мақомот ва саркӯби хушунатбор, тазоҳуроти норозиён дар Эрон рӯзи 8-уми октябр низ ба таври пароканда идома кард. Бино ба наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд, тазоҳуроти хурди одамон дар Теҳрону шаҳрҳои дигар дида мешавад.
Қирғизистон тасмим гирифтааст, тамрини низомии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъироро дар қаламраваш бекор кунад. Дар ин бора бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми октябр бо такя ба дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Қирғизистон хабар дод.
Додситонии Рашт таҳқиқи парвандаи Султон Назарзода, сокини ин ноҳияро, ки ба гумони ба худкушӣ расондани ҳамсараш Маҳинаи Холамаҳд дар боздошт аст, ба поён расондааст. Пайвандонаш рӯзи 9-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "мурофиаи ӯ эҳтимол ҳафтаи оянда шуруъ шавад".
Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни бузургсолон, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон ҷараён дорад, боз ду паҳлавони тоҷик - Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Беҳрӯзи Хоҷазода - ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.
Сокинони маҳаллаи овозадори Арбоб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 5 сол боз барои иваз кардани номи як кӯчаи он ба як натиҷа намерасанд. Ин кӯчаи марказӣ дар даврони Шӯравӣ ба номи Ленин гузошта шудааст ва то ҳол иваз нагардидааст.
Ленин, Исмоили Сомонӣ, Эмомалӣ Раҳмон ё номи чандин ходимони давлативу ҷамъиятӣ аз маҳаллаи Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои иваз кардани номи як кӯча боиси баҳси сокинон шудааст.