Дар шаҳри Бишкек, маркази Қирғизистон, рӯзи 14-уми октябр барои ҳимоят аз расонаҳои мустақил ва озодии баён роҳпаймоӣ баргузор шуд. Бештар аз 100 кас дар назди вокзали роҳи оҳани Бишкек ҷамъ шуда, то бинои порлумони Қирғизистон, дар маркази шаҳр, роҳпаймоӣ карданд.