Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 21-уми октябр номи Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷикро бори дигар ба феҳрасти такмилшудаи таҳримҳояш ворид кард.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) созишномаи ҳамкории дусола баст, ки дар баробари муқобила бо коронавируси нав, мубориза бо бемориҳои дигари сироятӣ ва вазъи эпидемиологиро дар бар мегирад. Имзои созишнома рӯзи 20-уми октябр ба таври онлайн сурат гирифт. Созишномаро аз Душанбе вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва аз Аврупо Ҳанс Клуге, раҳбари дафтари аврупоии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ имзо кардаанд. Дафтари аврупоии СҶТ масъули кор бо Тоҷикистон ҳам мебошад. Читать дальше...
Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки як давр пеш аз анҷоми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон ғолиб шуд, соҳиби медалҳои тилло гардид. Қаблан футболбозони шаҳри Кӯлоб ба лигаи олӣ дар мавсими соли 2021 роҳхат гирифта буданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Чех як силсила амру фармонҳое содир кард, ки дар шароити афзоиши бесобиқаи ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус дар ин кишвари аврупоӣ маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мешавад. Нахуствазир Андрей Бабиш дар нишасти матбуотии рӯзи 21-уми октябр гуфт, ки то 3-юми ноябр фурӯшгоҳҳои аз назари аҳамият дуюмдараҷа баста шуда, ҳаракати одамон ба ҷуз дар ҳолатҳои зарурии мисли рафтан ба кор, хона ваё хариди хӯроку доруворӣ манъ мешавад. Бабиш гуфт: “Барои қабули қарор дар бораи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нав мо хеле фикр кардем... Читать дальше...
Як рӯз баъди боздошту ба ҳабси хонагӣ гирифта шудани собиқ мақомдори Кумитаи гумрук, иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Ҷапаров) ба собиқ мақомдороне, ки аз роҳи коррупсия сарватманд шудаанд, “афви иқтисодӣ” ваъда дод. Бар асоси изҳороти рӯзи 21-уми октябри Ҷабборов, афв ба ҳама собиқ мақомдорон марбут мешавад, ки дар соҳаҳои “барқ, гумрук, андоз, дорусозӣ, лисензиядиҳӣ ва канданиҳои фоиданок” кор кардаанд. Ҷабборов ба чунин мақомдорони аз роҳи коррупсия сарватмандшуда 30 рӯз мӯҳлат дод... Читать дальше...
Президенти Арманистон Армен Саркисян барои музокира бо мақомоти Иттиҳоди Аврупо ва НАТО ба Брюссел сафар кард, дар ҳоле, ки вазирони хориҷаи Озарбойҷон ва Арманистон дар Маскав қарор доранд, то роҳҳои дипломатии хатми даргириҳо дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳиро баррасӣ кунанд. Дар паи шурӯи даргириҳои нав дар минтақа аз 27-уми сентябр то ҳол садҳо низомиёну афроди мулкӣ кушта шуданд. Вазорати хориҷаи Озарбойҷон дар изҳороте рӯзи 21-уми октябр гуфт, ки вазир Ҷейҳун Байрамов ба хотири “машваратҳо бо ҷониби Русия" ба Маскав парвоз кард. Читать дальше...
Тақрибан 40 дарсади корхонаҳо дар Русия, ки одатан бо ҷалби муҳоҷирон фаъолият доштанд, дар давраи пандемия бо камбуди коргар рӯ ба рӯ шудаанд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти хешовандони ҷавонеро, ки ба гуфтаи мақомот худро ёвари раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон муаррифӣ карда, тамаъҷӯӣ кардааст, баррасӣ мекунад. Волидонаш мегӯянд, ҳукми ӯ сахт аст ва бояд бознигарӣ шавад.
Таҳқиқоти гурӯҳи бо номи Conflict Intelligence Team (CIT) мегӯяд, ки дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ аз ҷониби Озарбойҷон зархаридони суриягӣ меҷанганд, вале ин иттилоъро Боку рад мекунад. Кавказ.Реалии. мегӯяд, дар ин бора дар гузориши рӯзи 21-уми октябр нашршудаи CIT гуфта шудааст. Аз ин пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоӣ нашр шуд, ки эҳтимолан аз ҷониби худи зархаридҳо ба интернет ҷой дода шудаанд. Дар наворҳо сӯҳбат ба забони арабӣ ба гӯш мерасад ва худи ҷангиён бо либоси марзбонҳои Озарбойҷон дида мешаванд. Читать дальше...
Сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Усмон Тошев ҳайати дастаро дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ эълон кард. Барои омодагӣ ба бозиҳои дӯстона 26 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар – даъват шудаанд. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби кишвар 7-уми ноябр бо мунтахаби Баҳрайн ва 12-уми ноябр бо мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бозиҳои дӯстона баргузор мекунад. Ҳарду бозии дӯстона дар Дубай доир мегардад. Читать дальше...
Баъзе аз соҳибкорон ва ширкатҳо дар Тоҷикистон аз камчин шудани асъори хориҷӣ, бахусус доллари амрикоӣ, шикоят доранд.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии Тоскулоҳи бузург, ки дар дар шаҳри Будапешти Венгрия доир мегардад, Комроншоҳи Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ мекунанд
Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев санаи интихоботи аъзои маҷлис, палатаи поёнии порлумони ин кишварро 10 январи соли оянда таъйин кард. "Санаи интихоботи навбатии маҷлиси порлумони Қазоқистон аз рӯи рӯйхати ҳизбӣ 10 январ ва санаи интихоботи навбатии вакилони маҷлис, ки аз сӯи Ассамблеяи мардуми Қазоқистон баргузида мешаванд, 11 январи соли 2021 таъйин карда шавад", - омадааст дар фармони Тоқаев, ки 21 октябр дар сомонаи ӯ нашр шуд. Комиссияи марказии интихоботии Қазоқистон барои ташкили... Читать дальше...
Комиссиюни марказии интихоботҳои Қирғизистон рӯзи 20-уми декабрро ҳамчун таърихи баргузории интихоботи нави парлумонӣ таъин кард. Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки натиҷаҳои интихоботи 4-уми октябри имсол бо интиқод аз тақаллуб ба манфиати ҳизбҳои рӯ ба президенти собиқ Сооронбой Ҷеенбеков бекор шуд ва дар кишвар бебандубориву бӯҳрони сиёсӣ эҷод кард. Санаи интихоботи навро рӯзи 21-уми октябр тасдиқ карданд. Баъди истеъфои ҳафтаи гузаштаи Ҷеенбеков, нахуствазир Содир Ҷабборов (Ҷапаров) иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон шуд. Читать дальше...
Uzbekistan GTL гази моеъ истеҳсол мекунад ва 12 ҳазор коргар дорад.
Президенти ИМА Доналд Трамп маъракаи таблиғи номзадиашро идома медиҳад ва рақиби демократи ӯ Ҷо Байден ба дебати навбатии телевизионии ҳафтаи ҷорӣ омода мешавад. То интихоботи президентии ИМА ду ҳафта фурсат мемонад ва рӯзи 20-уми октябр номзади ҷумҳурихоҳҳо ва президенти амалкунанда Доналд Трамп дар Пенсилвания талош дорад дили мардумро ба даст оварад. Пенсилвания соли 2016 ҳамчун макони муҳими дастёбӣ ба овози қишри коргари сафедпӯст ба ҳисоб мерафт ва дар миёни чанд аёлати калидие мебошад, ки... Читать дальше...
Вазорат хабар дод, бештар аз 9600 нафар шифо ёфтаанд ва талафот аз беморӣ дар кишвар 80 нафарро ташкил медиҳад.
Мақомоти Афғонистон рӯзи 21-уми октябр гуфтанд, талотуми ҳазорҳо нафаре, ки дар варзишгоҳи Ҷалолобод барои гирифтани визаи Покистон навбат истода буданд, боиси марги 15 нафару ҷароҳати 10 тани дигар шуд. Ҳодиса 20-уми октябр рух дод. Сӯҳроб Қодирӣ, як узви шӯрои вилоятӣ дар Ҷалолобод гуфт, ки талотум бисёриҳоро зерипо кард ва миёни ҳалокшудаҳо 11 нафарашон занон мебошанд. Зоҳир Одил, сухангӯи раёсати беҳдошти Нангарҳор дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасадҳо ба беморхона интиқол дода шуданд. Читать дальше...
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои ду рақобати дӯстона бо кишварҳои арабӣ дақиқ шуд
Рӯзи 21-уми октябр коргарони корхонаи ширкати Uzbekistan GTL, ки дар ноҳияи Ғизори вилояти Қашқадарёи Узбекистон ҷойгир аст, даст ба эътироз ва хароб кардани корхона заданд. Ба иттилои пешакӣ, сабаби эътироз чанд моҳ пардохт нашудани маош ва беғизо мондани коргарони ин корхонаи иборат аз 12 ҳазор коргар будааст.
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, дар маҳаллаи "Ховарон" сокинон бо тадриҷ бо оби ошомиданӣ ва системаи корез таъмин мешаванд. Феълан ҳазорон сокини маҳалла ҳар мошин оби ошомиданиро то 100 сомонӣ мехаранд. Маҳаллаи навбунёди "Ховарон" дар теппаҳои шарқии Душанбе ҷойгир аст. Дар оғоз баъзе аз донишмандони тоҷик мухолифи сохтмони хонаҳо дар ин минтақа буданд, чун мегуфтанд, хокаш устувор нест. Ҳоло мақомот мегӯянд, ки ҷойе барои нигаронӣ намондааст. Тарҳи меъмории биноҳо дар ин маҳалла ба тарзи хос ва на камтар аз ду табақа аст. Читать дальше...
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, дар маҳаллаи “Ховарон” сокинон бо тадриҷ бо оби ошомиданӣ ва системаи корез таъмин мешаванд. Феълан ҳазорон сокини маҳалла ҳар мошин оби ошомиданиро то сад сомонӣ мехаранд.
Дар мусобиқаи байналмилалии Grand Slam ё Тоскулоҳи бузург, ки рӯзҳои 23-25-уми октябр дар шаҳри Будапешти Маҷористон (Венгрия) доир мегардад, ду паҳлавони маъруфи тоҷик - Сомон Маҳмадбеков (вазни то 73 кг) ва Комроншоҳи Устопирён (-90 кг) – иштирок мекунанд. Қаблан Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар сомонаи расмии худ хабар дода буд, ки дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон панҷ варзишгар ширкат меварзад. Аммо ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, се гуштигири тоҷик - Акмал Муродов (-81 кг), Темур... Читать дальше...
Садҳо муҳоҷири узбекистонӣ, ки дар марзи Абхозистон бо Русия дар мондаанд, имкони ба Узбекистон баргаштанро надоранд ва дар кӯча мехобанд. Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ва сафорати ин кишвар дар Русия муроҷиати шаҳрвандони дармондаро нодида мегиранд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Узбекистон бо такя ба муҳоҷирони дармонда хабар доданд. Ба гуфтаи Ренат Юсупов, сокини Сурхандарёи Узбекистон, айни ҳол дар Абхозистон наздики 2 ҳазор муҳоҷири узбек дармондааст. Онҳо ба Абхозистон барои кор омада буданд... Читать дальше...
Кормандони пулис дар Туркманистон вазифадор шудаанд, ки рӯзона ҳадди ақал як нафарро барои напӯшидани ниқоби тиббӣ ҷарима кунанд. Ба иттилои бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар ин бора дар як ҷаласаи Вазорати умури дохилии Туркманистон дастур дода шудааст. "Ба ҳамаи ҳайати шахсии пулис дастур шудааст, ки рӯзона дасти кам як нафарро барои надоштани ниқоб ҷарима банданд. Муовини вазири умури дохилии Туркманистон гуфт, дар ин замина ба ҳеч кас, ҳатто занону пиронсолон низ "раҳм" карда нашавад. Ҳатто агар онҳо гӯянд... Читать дальше...