Дар Покистон занони хабарнигор талаб доранд, мақомот коре кунанд, ки бадгӯӣ дар ҳаққи онҳо ва озору таҳдиди таҷовузи ҷинсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хотима ёбад. Онҳо мегӯянд, барои фаъолияти хабарнигориашон корбарон ҳарчизе, ки хостанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаққи онҳо мегӯянд.
Мақомот барои ёфтани ҷасади ду сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз маъмурони наҷоти Афғонистон ёрӣ хостаанд. Ба иттилои расмӣ, марзбонон Сироҷиддин Ятимов ва Қандилҷон Воҳидов рӯзи 30-юми сентябри имсол бо мақсади наҷоти як наврас дар ноҳияи Рӯшони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон худро ба дарё партофта, ғарқ шудаанд. Умеда Юсуфова, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи 20-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски дар он сӯйи дарё Бадахшони Афғонистон қарор дорад, аз маъмурони наҷоти онҷо кумак хостаанд. Читать дальше...
Чиҳил хонавода дар деҳаи ба номи Саттор Раҷабови шаҳри Турсунзода ҳудуди даҳ сол аст, ки бе обу барқ зиндагӣ мекунанд. Намояндагони мақомот мегӯянд, аз сокинон шикояти расмӣ нагирифтаанд.
Дар яке аз деҳаҳои начандон дур аз шаҳри Турсунзода, ки шаҳри саноатии Тоҷикистон аст, маҳаллае вуҷуд дорад, ки сокинонаш 10 сол боз нерӯи барқ надоранд.
Бо зиёдтар шудани теъдоди мубталоёни COVID-19 дар Аврупо кишварҳои минтақа маҳдудиятҳои гаштугузор ва фаъолиятҳои иқтисодиро зиёдтар мекунанд. Аз ҷумла, дар Париж ва ҳашт шаҳри дигари Фаронса қуюди шабгардӣ эълон шуд. Тарабхонаву мағозаҳо бояд аз соати 9-и шаб то 6-и бомдод баста бошанд. Раиси ҷумҳур Эммануэл Макрон бо эълони маҳдудиятҳои нав гуфт, рӯзҳои сахте дар пешанд. “Тамоми донишмандон возеҳ гуфтаанд, мо то тобистони соли 2021 бо ин вирус дастбагиребон хоҳем буд”, -- афзуд ӯ. Дар Испония... Читать дальше...
Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, онҳое, ки иҷоза доданд Русия Қримро дар соли 2014 ғайриқонунӣ ғасб бикунад, бояд барои ин ҷавоб диҳанд. Дар паёми солонааш ба парлумон рӯзи 20-уми октябр Зеленский аз касе мушаххасан ном набурд, вале зоҳиран ба он мақомдороне муроҷиат мекард, ки баъди эътирозҳои зиддиҳукуматии соли 2014, ки бо сарнагунии ҳукумати президент Виктор Янукович анҷомид, сари кор омаданд. Ӯ гуфт, “онҳое, ки Қримро бе як набард аз даст доданд, бояд масъул бошанд” ва афзуд, ки ҳукумати ӯ тамоми талошашро ба харҷ додааст... Читать дальше...
Бо зиёдтар шудани теъдоди мубталоёни COVID-19 дар Аврупо кишварҳои минтақа маҳдудиятҳои гаштугузор ва фаъолиятҳои иқтисодиро зиёдтар мекунанд.
Русия гуфт, ки агар Вашингтон ҳам омода бошад, ин кишвар розӣ аст, ки созиши боздорандаи кулоҳакҳои ҳастаии мавсум ба New START-ро то як соли дигар тамдид кунад. Мӯҳлати ин созиш қарор буд моҳи феврали соли оянда ба анҷом бирасад. Ҳамакнун ҷонибҳо як соли дигар фурсат хоҳанд дошт, ки шарту шурути созиши навро баррасӣ кунанд. Тасмими рӯзи 20-уми октябри Маскав метавонад ихтилофҳои Кремлу Кохи Сафедро бар сари сарнавишти созиши муҳими силоҳҳо кам кунад. Вазорати хориҷаи Русия дар изҳороте гуфт... Читать дальше...
Як муҳаққиқи тоҷик дар ҳайати нозирони интихоботӣ ҷараёни рақобатҳои Доналд Трамп ва Ҷо Байденро барои соҳиб шудан ба мансаби президенти Амрико назорат мекунад. Интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико 3-юми ноябри имсол баргузор хоҳад шуд.
Дар Қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол миёни наврасон, тими "Равшан" - и Кӯлоб ғолибиятро ба даст овард
Собиқ номзади интихоботи президентии Беларус Светлана Тихановская аз кормандони ҳифзи қонун даъват кард, ки то 25-уми октябр ба ҷониби мардум гузаранд. Ин мӯҳлати ултиматум ё зарбулаҷалест, ки мардум дар пеши Александр Лукашенко гузоштааст. Ӯ гуфт, «агар шумо амрҳои ҷинояткоронаро иҷро кардан нахоҳед, накунед. Режим медонад, ки дар ҳоли мурдан аст ва талош мекунад сарнавишти худро бо шумо тақсим кунад. Дар Беларуси нав кори шумо лозим мешавад, як системаи сохторҳои қудратӣ лозим мешавад». Тихановская аз кормандони ҳифзи қонун хост... Читать дальше...
Додгоҳи олии Қирғизистон Содир Ҷабборов, сарвазир ва иҷрокунандаи вазифаҳои президенти он кишвар, Қамбичек Тошиев, раиси кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Талант Мамитов, вакили порлумони Қирғизистонро дар доираи парвандаи ғасби худсаронаи ҳукумат сафед кард. "Додгоҳи олӣ бо назардошти ҳолатҳои ахиран ошкоршуда оид ба ғасби худсаронаи ҳукумат дар соли 2012 парвандаро дубора баррасӣ кард", - хабар дод маркази матбуотии додгоҳи олии Қирғизистон. Додгоҳ ин парвандаро рӯзи 16 октябр баррасӣ ва ҳукми... Читать дальше...
Бо қарори ҳукумати Фаронса омӯзгори таърих Самюэл Пати, ки ҳафтаи гузашта дар канораҳои Париж сар бурида шуд, баъди маргаш бо мукофоти олии кишвар – ордени Легиони фахрӣ - ҷоизаи мӯътабартарини давлатӣ, қадрдонӣ мешавад. Дар ин бора дар телевизиони BFM TV вазири маориф Жан-Мишел Бланке хабар дод. Ин як ҳодисаи нодир аст, ки як шахсро дар Фаронса баъди маргаш бо чунин як ҷоизаи фахрӣ қадрдонӣ бикунанд. Вазир гуфт, “азиятҳои ӯ сазовори чунин ҷоиза мебошад”. Қарор аст маросими тақдими ҷоиза 20-уми октябр дар маркази шаҳри Париж ... Читать дальше...
ИМА 45 дастгоҳи нафасдиҳии сунъии "Авента-М", истеҳсоли Русияро маҳв кардааст. Ин дастгоҳҳоро Русия ибтидои моҳи апрел ба ИМА фиристода буд. Дар ин бора расонаҳои амрикоӣ бо такя ба Оҷонси федеролии ИМА дар умури танзими ҳолатҳои фавқулода хабар додаанд. Дақиқан ин дастгоҳҳо кай нобуд карда шудаанд, хабар дода намешавад. Моҳи майи имсол оҷонси танзими ҳолатҳои фавқулодаи ИМА гуфт, ки дастгоҳҳои русиро умуман истифода накардаанд. Айни ҳамин дастгоҳҳо дар шаҳри Москва Петербурги Русия боиси сухтор ва фавти шаш одам шуданд. Читать дальше...
Додситонии ҳавзаи шарқии Ню-Йорк ба 10 нафар, эҳтимолан шаҳрвандони Русия аз рӯи иттиҳоми қочоқи маҳсулоти электронӣ айб эълон кард. Тафтишот мегӯяд, ки онҳо бо истифода аз кормандони ширкати ҳавоии “Аэрофлот” дастгоҳҳои дуздии Apple-ро интиқол медоданд. Департаменти давлатии ИМА виза ё раводиди сафари 113 корманди “Аэрофлот”-ро бозхондааст. Аз миёни даҳ нафари гумонбар ҳашт нафар боздошт шуда ду нафари дигарашон дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ ҳастанд. Тафтишот гуфтааст, ки ин нафарон нақшаи аз хоки ИМА... Читать дальше...
Пандемияи COVID-19 вуруди саёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистонро камтар ва ҳоли ширкатҳои саёҳиву меҳмонхонаҳоро бад кардааст. Намунае аз онро дар ин видео бубинед.
Дар Тоҷикистон ба рӯйхатгирии аҳолӣ рӯзи 15-уми октябр ба поён расид, ки маълум мекунад, чанд дар сади сокинон шаҳрнишин шудаанд. Бар асоси нуфусшумории даҳ сол пеш 70 дар сади аҳолӣ дар деҳа зиндагӣ мекарданд. Зиндагии деҳа барои як зан чӣ гуна аст?
Дар Тоҷикистон ба руйхатгирии аҳолӣ рӯзи 15-уми октябр ба поён расид, ки маълум мекунад, чанд дар сади аҳолӣ шаҳринишин шудаанд. Бар асоси нуфусшумории 10 соли пеш 70 дар сади аҳолӣ дар деҳа зиндагӣ мекарданд. Зиндагии деҳа барои як зан чӣ гуна аст? Дар ин видеои зебо бубинед.
Дар Покистон рӯзи 19-уми октябр баъди он ки домоди нахуствазири табъйидӣ Навоз Шариф дар сари қабри муассиси кишвар алайҳи низомиҳо шиор партофт, боздошт шуд. Муҳаммад Сафдар дар ҳоле боздошт шуд, ки дар Покистон эътирозҳои сартосарӣ алайҳи ҳукумати нахуствазир Имрон Хон идома дорад ва ҳизби “Лигаи мусалмонон”-и Шариф як ширкатдори он мебошад. Эътирозгарон гуфтанд, ки давоми ду соли раҳбарии Имрон Хон дар кишвар озодиҳои сиёсӣ маҳдуд шуда, сензура ва саркӯби дигарандешон авҷ гирифтааст. Боздошти Сафдар маҳкумияти мухолифонро ба бор овард. Читать дальше...
Бахши сайёҳии Тоҷикистон, ки солҳои ахир мақомот бештар аз рушди он суҳбат мекарданд ва ба ояндаи хуби он умед доштанд, дар давраи пандемия зарбаи сахт дидааст.
Чандсад сокини Беларус аз кӯчаҳои Минск гузашта аз раҳбари худкома Александр Лукашенко талаб карданд, ки ба истеъфо равад. Ширкатдорони ба истилоҳ “Раҳмпайомии хирад” рӯзи 19-уми октябр нидоҳои “Лукашенко, бирав!”-ро ба забон меоварданд. Ин намоиш яке аз охирин эътирозҳои мардум ва мухолифон аст, ки бовар доранд интихоботи президентии 9-уми август ба фоидаи Лукашенко тақаллуб шуд. Баробар бо ин, ҷонибдорони Лукашенко – асосан қишри пиронсол, дар як раҳпаймоии ҷудогона дар Минск дида шуданд. Аксари... Читать дальше...
ИМА шаш афсари низомии Русияро дар фаъолиятҳои “харобкорона” аз роҳи ташкили маъракаҳи сартосарии рахнагарӣ ва паҳн кардани паразитҳои интернетӣ, аз ҷумла талошҳои ба ҳам задани ҷумҳуриҳои собиқи шӯравии Украина ва Гурҷистон айбдор кард. Айбнома рӯзи 19-уми октябр аз ҷониби вазорати адлияи ИМА эълон шуд. Дар матни он инчунин омадааст, ки ин нафарон интихоботи Фаронса, бозиҳои Олимпии Сеул ва як созмони байналмиларо, ки бо таҳқиқи нақши Русия дар истифодаи заҳри асаб машғул буд, рахна кардаанд.... Читать дальше...
Маҷмаи рӯҳониёни мусалмон, як созмони динӣ дар Русия, тасмим гирифтааст, ки дар 18 минтақаи ин кишвар барои кумак ба муҳоҷирон марказҳои ҳифзи ҳуқуқ боз кунад. Ёрии ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон, пешгирӣ аз ифротгароӣ ва ҷинояткорӣ дар миёни шаҳрвандони хориҷӣ яке аз ҳадафҳои ташкили марказҳои имдодӣ гуфта мешавад. Албир Крганов, раиси Маҷмаи рӯҳониёни мусалмон дар Русия, мегӯяд, дар бештари маврид муҳоҷиронро корфармоён истифода мебаранд ва шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд аз ҳуқуқи худ ҳимоят кунанд. Бинобар ин... Читать дальше...
Раиси шаҳри Маскав гуфтааст, ки ваксинзании оммавӣ ба зидди коронавируси нав дар моҳҳои “декабр ва январ” дар ин шаҳр оғоз мешавад. Сергей Собянин дар ин бора рӯзи 19-уми октябр дар вебсайти расмии пойтахти Русия хабар дода, вале нагуфтааст, ки кадом ваксинаи тасдиқшударо ба мардум мегузаронанд. Моҳи август Русия ваксинаи Спутник-Ви-ро барои истифодаи умумӣ дар қаламрави кишвар иҷоза дод ва нахустин кишваре шуд, ки ваксина ба зидди COVID-19-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад. Аммо донишмандон ва доираҳои байналмилалии илмӣ гуфтанд... Читать дальше...
Дар сурати риоя накардани фосилаи ҷисмонӣ, ки ба он фосилаи иҷтимоӣ ҳам мегӯянд, як шахси бемор метавонад, вирусро ба ҳисоби миёна ба 2.5 кас гузаронад. Ҳар кадоме аз онҳо дар навбати худ 2.5-нафарии дигарро гирифтор мекунанд. Дар натиҷа, дар як моҳ 406 нафар ба вируси нав мубтало мешаванд.