Муфаттишони Додситонии нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 27-уми октябр чанде аз кормандони масъули Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо дар робита ба марги Шерафган Хоҷақулов, корманди бахши амнияти фурудгоҳ бозпурсӣ кардаанд.
Соҳибкори хайрхоҳе чоҳе канда ва ҳудуди 500 хонаводаро дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб бо об таъмин кардааст. Соҳибкори савобҷӯ нахостааст, нома ифшо шавад, аммо сокинони деҳи Баҳористон, ки зиёд аз беобӣ танқисӣ мекашиданд, аз ӯ сипосгузоранд.
Бо авҷ гирифтани сирояти коронавирус дар саросари кишварҳои Аврупо, маҳдудиятҳо дар гаштугузор ва фаъолиятҳои иқтисодиро сахттар мекунанд.Дар Амрико ҳукумат иҷоза дод, ки аз ин баъд доруи Ремдезивир барои муолиҷаи беморони COVID-19 истифода шавад.
Рустам Орифӣ, коргардони тоҷик, барои тифлон дар Тоҷикистон комикси наве офаридааст ва ӯ бо хондани китоби зиёд паҳлавон ва соҳиби тавоноии фавқуллода мешавад.
Дар Малавӣ, яке аз кишварҳои фақири Африқо, ки бештар аз нисфи мардумаш фақиру бенаво ҳастанд, бемории СОVID-19 балои дигаре бар сари ин мардум овард. Ба сабаби камтар шудани имконот барои кору пайдо кардани рӯзӣ, сокинони баъзе аз рустоҳои ин кишвар ба шикору фурӯши гӯшти муш оғоз карданд.
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе тарроҳи ҷавон Парвин Ҷаҳонгириро ба паст задани шаъну эътибори коршарикаш айбдор донист ва 2 ҳазор сомонӣ ҷарима баст. Қарори додгоҳ 27-уми октябр содир шуд.
Бо авҷ гирифтани сирояти коронавирус дар саросари кишварҳои Аврупо, маҳдудиятҳо дар гаштугузор ва фаъолиятҳои иқтисодиро сахттар мекунанд.
Амрико рӯзи 26-уми октябр ба зидди чанд ширкати калон ва ниҳоду шахсони алоҳидае, ки дар бахши нафти Эрон фаъолият доранд, таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Вазорати хазонадории Амрико гуфт, таҳримшудаҳо бо фаъолиятҳои худ нирӯи Қудс, бахши хориҷӣ ва истихборотии Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро пуштибонӣ мекунанд. Стивен Мнучин, вазири хазонадории Амрико, гуфт, "ҳукумати Эрон бо истифода аз сектори нафт фаъолиятҳои бесуботкунандаи нирӯҳои Қудсро сармоягузорӣ мекунад." Вай афзуд, режими Эрон сармоягузории... Читать дальше...
Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия хабарҳо дар бораи дидор ва мулоқоти Владимир Путин бо размикор Ҳабиб Нурмуҳаммадовро шарҳ дод
Содир Ҷабборов, нахуствазир ва ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон, хостори ҳалли фаврии баҳсҳои марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон, шудааст. Ӯ рӯзи 26-уми октябр дар суҳбат бо раиси Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфтааст, ба зудӣ бо сафари корӣ ба вилоятҳои Бодканд ва Ӯшу Ҷалолобод рафта, бо мушкили марзӣ аз наздик ошно мешавад. "Барои рух надодани ҳаргуна ҳодиса бояд ҳалли ин масъала кашол наёбад. Сокинони минтақаҳои наздимарзӣ бояд дар шароити оромӣ ва субот зиндагӣ кунанд", -- афзудааст ӯ. Читать дальше...
Арманистон ва Озарбойҷон дубора ҳамдигарро ба вайрон кардани созиши оташбас дар минтақаи ҷудоихоҳи Қаробоғи Кӯҳӣ айбдор карданд, ки бо миёнаравии ИМА ба даст омада буд. Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян рӯзи 27-уми октябр дар Твиттер навишт: "Мехостам изҳор намоям, ки талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ин дафъа бо миёнаравии Иёлоти Муттаҳида ба эълони оташбас расида буданд, ноком шуданд. Дар натиҷаи гулӯлаборони пайваста аз тарафи Озарбойҷон дар Артсах (номи армании Қаробоғи Кӯҳӣ) ғайринизомиён кушта ва маҷрӯҳ шуданд”. Читать дальше...
Сокинони як маҳалла дар шаҳри Душанбе ба сохтмони баландошёнае дар назди манзилашон эътироз доранд. Онҳо мегӯянд, ширкати сохтмонӣ дарахтзори назди хонаашонро вайрон карда, мехоҳад бино созад. Масъулони ширкати "Фарҳоди Ваҳдат" гуфтанд, на дар боғ, балки дар харобазоре мехоҳанд хона созанд.
Сокинони маҳаллаи 82-уюм дар шаҳри Душанбе аз сохтмони бинои баландошёнае дар назди манзилашон эътироз доранд. Онҳо мегӯянд, ширкати сохтмонӣ дарахтзори назди бинои онҳоро хароб карда, мехоҳад хона созад ва барои бозии кӯдакон ҷое намемонад.
Хабаргузории "Франс Пресс" навиштааст, ки шаби душанбе ба сешанбе дар Фаронса даҳҳо сомона мавриди ҳамлаи рахнагарони исломӣ қарор гирифтаанд. Дар сомонаҳо, аз ҷумла сомонаҳои маъмурияти ноҳияҳо шиорҳои даъват ба пирӯзии дини Ислом, паёмбар Муҳаммад, марги Фаронса ва акси президенти ин кишвар Эммануэл Макрон дар шакли хук нашр шудааст. Ин ҳамлаҳо баъди изҳороти Макрон дар робита ба куштори омӯзгор Самюэля Патӣ анҷом шуданд, ки дар ҷараёни дарс карикатураҳои паёмбарро нишон дода буд. Макрон... Читать дальше...
Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов тайи чанд сол аст пай дар пай ба рейтинги мусалмонони бонуфузи ҷаҳон шомил карда мешавад
Баъд аз як рӯзи худкушии Шерафган Хоҷақулов, корманди бахши амнияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки наздиконаш онро ба пардохт нашудани маоши чандмоҳааш рабт доданд, маъмурияти фурудгоҳ гуфтанд, ки "ҳодиса ба масъалаи маош рабт надорад".
Мудири ширкати "Шабакаҳои минтақавии барқӣ"-и Узбекистон Улуғбек Мустафоев 26 октябр дар суҳбат бо телевизиони "Узбекистон 24" гуфт, солҳои 2021 ва 2022 арзиши нерӯи барқ дар ин кишвар боло бурда нахоҳад шуд. "Вазифаи аслие, ки президент гузоштааст, ин гарон нашудани арзиши нерӯи барқ дар солҳои 2021-2022 мебошад", - афзуд Улуғбек Мустафоев. Ба гуфтаи Мустафоев, бозсозӣ ва замонависозии низоми интиқоли барқ на аз ҳисоби боло бурдани тарифҳо, балки аз ҳисоби поин бурдани арзиши аслӣ сурат хоҳад гирифт.
Гузоришгари ҳуқуқи башари Созмони Милал дар Беларус рӯзи 26 октябр аз ҳукумати ин кишвар талаб кард, ки “аз саркӯб кардани мардуми худ даст кашад ”. Ин ишораест ба боздошт шудани ҳазорон нафар аз эътирозгарони зидди Аляксандр Лукашенко дар ҷараёни эътирозҳои ахир. Талаби Анаис Марин дар ҳоле садо медиҳад, ки мухолифони Лукашенко ба корпартоии саросарӣ дар кишвар оғоз кардаанд ва дар раҳпаймоиҳои эътирозӣ садҳо нафар боздошт шудаанд. Марин ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ гуфт, ки дар моҳҳои август ва сентябр ба камияш 20 ҳазор нафар боздошт шуд... Читать дальше...
Мақомоти расмӣ дар Покистон мегӯянд, дар натиҷаи ҳамла ба як мадрасаи исломӣ дар шаҳри Пешовар камаш 9 донишҷӯ кушта шудаанд ва 70 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Виқор Азим, як мақоми баландпояи пулиси шаҳри Пешовар гуфт, ки ҳангоми таркиш дар рӯзи 27-уми октябр дар дохили як синфи мадраса 60 нафар дарс мехондаанд. Ба гуфтаи ӯ, касе ҷузвдонеро, ки бомб доштааст, қабл аз оғози дарс дар дохили толори дарсхонии донишҷӯён гузошта рафтааст. Муҳаммад Осимхон, сухангӯи Шифохонаи Луя дар Пешовар гуфт, ки ба инҷо 7 ҷасад ва 70 захмиро овардаанд. Читать дальше...
Дар ҳоле ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав аз афзоиши истихроҷи ангишт хабар медиҳад, болоравии қимати ин навъи сӯзишворӣ сокинонро нигарон кардааст. Ба иллати пандемия ва баста будани роҳҳо, даромади хонаводаҳо кам шуда, омодагии онҳоро ба фасли сармо бо мушкил рӯ ба рӯ мекунад.
Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзи 25-уми октябр бо бозиҳои даври 22-юм ба поён расид. Дар даври охирини мусобиқа ҷоизадори биринҷӣ маълум шуд. Дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Румӣ, ки дар меҳмонӣ бар тими «Шоҳмансур»-и Душанбе бо ҳисоби 4:0 ғолиб омад, бо касби 41 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми севумро соҳиб шуд. «Панҷшер» соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид. Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки як давр пеш аз анҷоми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон ғолиб шуда буд, соҳиби медалҳои тилло гардид. Читать дальше...
Дар шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон ташхисҳо ба короновируси нав гирифтор шудани 43 каси дигарро ошкор кардаанд. Ба иттилои Вазорати тандурстии Тоҷикистон то шоми 26-уми октябр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус ба 10 ҳазору 819 нафар расид. Ба гуфтаи ин ниҳод, дар чанд рӯзи ахир мавридҳои фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон сабти ном нашудааст. Бинобар омори расмӣ, то кунун 81 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд. Аммо мутахассисон ба омори расмӣ дар бораи бемории COVID-19 шубҳа доранд ва мегӯянд... Читать дальше...
Хадамоти иҷрои ҷазои ҷиноии Қирғизистон хабар медиҳад, ки сарвазири пешини ин кишвар Сафар Исҳоқов дар пайгарди байнидавлатӣ эълом шудааст. Ин хадамот иттилоъ надорад, ки оё Исҳоқов кишварро тарк кардааст ё на. Ба иттилои расонаҳо, муҳлати дар озодӣ будани Исҳоқов ҳанӯз 12 октябр ба поён расида буд, вале вай ба маҳбас барнагашт. Моҳи июни соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек Исҳоқовро дар фасодкорӣ ҳангоми сохтани Осорхонаи таърихӣ ва ипподром дар шаҳри Чолпон-Ота айбдор ва 18 сол зиндонӣ кард. Читать дальше...
Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон, ки баъди аз сӯи эътирозгарон аз зиндон раҳо шудан дубора боздошт гардид, дар боздоштгоҳ гуруснашинӣ эълом кардааст. Дар ин бора вакили мудофеи вай Замира Жоошева хабар дод. Талабҳои Отамбоев аз ин гуруснашинӣ ҳанӯз маълум нест. Ба гуфтаи Жоошева, президенти пешинро дар таҳхонаи боздоштгоҳ - ҷое ки пештар маҳкумони ба қатлро нигаҳ медоштанд - нигаҳдорӣ мекунанд. Вакили мудофеъ гуфт, он макон шароити бад дорад ва сиҳатии Отамбоев нохуб шудааст. Хадамоти иҷрои ҷазои ҷиноии Қирғизистон гуфт... Читать дальше...
Як гуруҳи фаъолони маданӣ 26 октябр дар назди додситонии шаҳри Нурсултони Қазоқистон ҷамъ шуда, аз рафтори кормандони пулис нисбат ба фаъолоне шикоят карданд, ки дар натиҷаи ҳамоиши ҷонибдории хонаводаҳои шаҳрвандони таъқибшаванда дастгир шудаанд. Ба гуфтаи ҷамъшудаҳо, фаъолон Гулмира Каликова ва Гулҷанат Темирхон рӯзи якшанбе 10-15 рӯз ҳабси маъмурӣ шуданд. "Мо ба хотири ҳимоят аз ҳуқуқи ин занҳо ба додситонӣ омадем. Онҳоро пеш аз интиқол ба додгоҳ ҳудуди як шабонарӯз дар шуъбаи пулис нигаҳ доштанд. Читать дальше...