Ҷастин Гэтҷи 24 маротиба ба октагон баромада ҳамагӣ ду бор мағлуб шудааст. Ҳабиб Нурмуҳамадов бошад, 28 маротиба вориди октагон шуда ва боре ҳам мағлуб нашудааст
Дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб , ки дар бозии ниҳоӣ бар тими “Хатлон”-и Бохтар бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2020 гардид.
Раҳбарони мухолифин дар Покистон ваъда додаанд, ки ҳукумати сарвазир Имрон Хонро сарнагун мекунанд. Ин ваъда дар як тазоҳуроте садо дод, ки аз ҷониби Ҷунбиши демократии Покистон ташкил шудааст ва ба он нӯҳ ҳизби сиёсӣ низ шомил шудаанд. Навоз Шариф, сарвазири собиқ ва раҳбари ҳизби Лигаи мусалмонони Покистон, ки дар Бритониё қарор дорад, онлайнӣ дар ин тазоҳурот суханронӣ кард. Нисбати ӯ дар Покистон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ӯ дар моҳи август гуфта буд, ки тавассути эътирозҳо Хонро барканор мекунад. Читать дальше...
Аз таркиши мошини бомбгузоришуда дар маркази вилояти Ғури Афғонистон рӯзи 18 октябр ҳадди аққал 14 кас кушта ва 119 нафар захмӣ шудаанд. Яке аз кушташудагон зане буд, ки он рӯз ба Раёсати умури занони вилоят рафта буд.
Бо ба даст овардани пирӯзи дар додгоҳ ва ҳабс шудани маъмури пешини Кумитаи Амнияти миллии Қазоқистон, ки аз рутба ҳам маҳрум шуд, фишору азият болойи зани трансгендер ё дуҷинса поён наёфт.
Бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол миёни дастаҳои “Равшан” и Кӯлоб ва “Хатлон” и шаҳри Бохтар ба анҷом расид
Дар Беларус бегоҳи 18-уми октябр қарор аст, эътирози наве алайҳи Александр Лукашенко, президенти ин кишвар баргузор шавад. Эътирозҳо алайҳи Лукашенко пас аз интихоботи президентии 9-уми августи соли равон то кунун давом дорад. Лукашенко, ки аз соли 1994 раҳбарии Беларусро бар душ дорад, ғолиби интихоботи рӯзи 9-уми август эълон шуд. Мухолифонаш интихоботро ношаффоф медонанд ва мегӯянд, Светлана Тихановская, рақиби Лукашенко барандаи интихобот аст. Иттиҳоди Аврупо ва ИМА Лукашенкоро президенти қонунии Беларус эътироф накардаанд. Читать дальше...
Сухангӯи Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ки ӯ чор маъракаи интихоботии дигари худро сари вақт анҷом хоҳад дод. То интихоботи президентии 3-уми нобяр дар Амрико дуюним ҳафтаи дигар боқӣ мондааст. Трамп рӯзи 17-уми октябр дар гирдиҳамоии Мичиган ва Висконсин суханронӣ кард. Маъракаи навбатии худро дар Невада рӯзи 18-уми октябр баргузор мекунад ва ду маъраки дигарро рӯзи 19-уми октябр дар Аризона ба нақша гирифтааст. Бо далели гирифтори ба коронавирус Трамп чанд маъракаи худро саривақт натавонист баргузор кунад. Читать дальше...
Аз таркиши мошини бомбгузоришуда дар маркази вилояти Ғури Афғонистон рӯзи 18 октябр ҳадди аққал 14 кас кушта ва 119 нафар захмӣ шудаанд.
Дар шаҳри Душанбе бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷашни Меҳргон таҷлил карданд.
Арманистон Озарбойҷонро ба нақзи оташбас айбдор кард, ки ҳадафи он қатъи ҷангҳо дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ сар аз рӯзи 18-уми октябр буд. Миёни ду кишвар аз 27-уми сентябр дар ин минтақа задухӯрд идома дорад. Шушан Степаниан, сухангӯи вазорати дифои Арманистон рӯзи 18-уми октябр дар саҳифаи Твиттераш навишт, ки Озарбойҷон аз соати 1-и шаб то 2:45 мушак партоб кард. Ҷониби Озарбойҷон ҳанӯз вокуниш накардааст. Бегоҳи рӯзи 17-уми октябр ду ҷониб эълон карда буданд, ки аз рӯзи 18-уми октябр оташбасро риоя мекунанд. Читать дальше...
Як ширкати фароҳамкунандаи IP адресҳо дар гузорише навиштааст, ба бозори интернет дар Тоҷикистон ширкати наве бо номи “Авесто интернет” ворид шудааст.
Вакилони порлумони Қирғизистон 16 октябр дар ҷаласаи ғайринавбатии худ дар қароргоҳи давлатии "Ала-Арча" бо судури қароре вазъи фақулодаеро бекор карданд, ки пештар дар шаҳри Бишкек, пойтахти он кишвар эълом шуда буд. Фармони эъломи вазъи изтирорӣ дар Бишкекро президенти ҳамакнун пешини Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков имзо карда буд. Дар қарори Ҷеенбеков омада буд, ки дар робита ба идома кардани вазъи ноустувор ва хатар ба ҳаёту саломатии одамон, ки баъди бетартибиҳои оммавӣ ба миён омад, дар... Читать дальше...
Дар вилояти Фарғонаи Узбекистон минбаъд сокинонеро, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоби тиббӣ намепӯшанд, бо дурбинҳои назоратӣ муайян хоҳанд кард. Хадамоти матбуотии пулиси Фарғона гуфт, тартиботи нав аз 17 октябри соли равон ҷорӣ карда мешавад. Ба иттилои манбаъ, барои муайян кардани сокинони бениқоб дар маконҳои ҷамъиятии вилояти Фарғона мақомот аз технологияҳои инноватсионии замонавӣ таҷриба хоҳанд кард. Шахсияти сокинонро тавассути пойгоҳи ягона маълум мекунанд. Санади маъмуриеро, ки маъмурони... Читать дальше...
Сармураббии нави бошгои “Уфа”-и Бошқирдистон матахассиси тоҷик Рашид Раҳимов нахуст дар бораи таъин шуданаш ба ҳайси сармураббии тим гуфт
Гурӯҳе аз пизишкони ҷавон дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд аз мақомоти маҳаллӣ талаб доранд, ки барояшон қитъаи замин бидиҳанд.