Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Тоҷикистон барои муқобила бо COVID-19 ва бемориҳои дигар бо WHO созиши дусола баст

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) созишномаи ҳамкории дусола баст, ки дар баробари муқобила бо коронавируси нав, мубориза бо бемориҳои дигари сироятӣ ва вазъи эпидемиологиро дар бар мегирад.


Имзои созишнома рӯзи 20-уми октябр ба таври онлайн сурат гирифт. Созишномаро аз Душанбе вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва аз Аврупо Ҳанс Клуге, раҳбари дафтари аврупоии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ имзо кардаанд.


Дафтари аврупоии СҶТ масъули кор бо Тоҷикистон ҳам мебошад.


Ҷузъиёти созишнома дастрас нест. Бино ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, вазир Абдуллозода гуфтааст, “нақши ёрирасони СҶТ барои татбиқи Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 хеле муҳим хоҳад буд”. Вай Созмони Ҷаҳонии Тандурустиро “шарики стратегӣ ва махсусан муҳим” номида, афзудааст, ҳадафи ҳамкориҳо “фарогирии аҳолӣ бо хадамоти тиббӣ мебошад”. 


Ҷамолиддин Абдуллозода гуфтааст: “Дар як муддати хеле кӯтоҳ бо шарофати кӯшишҳои Шумо имкон фароҳам омад, ки тамоми захираҳо ва потенсиалҳо барои мубориза бо пандемияи COVID-19 дар кишвар сафарбар карда шаванд. Айни замон миссияи СҶТ оид ба пурзӯр намудани хадамоти лабораторӣ ва назорати сироятӣ дар муассисаҳои тиббии кишвар фаъолияташро идома медиҳад”.


Зимнан, моҳи сентябри имсол Бахтигул Карриева, раҳбари намояндагии СҶТ дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, дар самти ташкили озмоишгоҳҳо пешрафте ҳосил шудааст.


Ба қавли ӯ, “дар оғози пандемияи фарогир ҳамагӣ як озмоишгоҳ барои ташхиси бемории ҳамагир вуҷуд дошт ва ҳоло 8 чунин озмоишгоҳ амал мекунанд. Аз ин ҳашт озмоишгоҳ чаҳортои он дар пойтахт – шаҳри Душанбе ва чаҳори дигар дар минтақаҳо ҷойгиранд”.


Ҷузъиёти аз ин беш дар даст нест. Аз ҷумла, маълум нест, ки миқдори пули барномаи нави ҳамкории Тоҷикистон ва СҶТ чӣ қадар аст.  


Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ як ниҳоди вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид буда, аз соли 1992 инҷониб дар Тоҷикистон кор мекунад. Вазифаи асосии дафтари созмон дар Душанбе “вокуниш ба дархостҳои ҳукумат дар заминаи эҷоди сиёсати босуботи беҳдоштӣ” мебошад.


Расидагӣ ба мушкилоти мисли эмкунӣ бар зидди бемориҳои сангин, назорати вазъи эпидемиологӣ, кумак барои кам кардани паҳншавии HIV/СПИД, сил, амнияти ғизо аз доираи асосии кори созмон ба шумор меравад. 


Вале мавзеъгирии масъулони дафтари созмон дар масъалаи мавҷудияти COVID-19 дар Тоҷикистон (баҳори имсол) дар дохил ва хориҷи кишвар танқиди зиёд шунид.


Бахусус мудири дафтари созмон дар Тоҷикистон барои пуштибонӣ аз мавқеи Вазорати беҳдошт ва ҳукумат, ки то охири моҳи апрел мегуфтанд, “дар Тоҷикистон ҳолатҳои олудагӣ ба COVID-19 вуҷуд надорад”, мавриди интиқоди сахт қарор гирифт.


Бо гузашти ним сол аз он танқидҳо ҳоло ҳам бовар меравад, ки мақомот омори воқеӣ ва шиддати паҳншавии коронавирусро дар Тоҷикистон пурра ошкор намекунанд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus