Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Дар Туркманистон онҳоеро, ки ниқоб намепӯшанд, ҷарима мекунанд

Кормандони пулис дар Туркманистон вазифадор шудаанд, ки рӯзона ҳадди ақал як нафарро барои напӯшидани ниқоби тиббӣ ҷарима кунанд.


Ба иттилои бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар ин бора дар як ҷаласаи Вазорати умури дохилии Туркманистон дастур дода шудааст.


"Ба ҳамаи ҳайати шахсии пулис дастур шудааст, ки рӯзона дасти кам як нафарро барои надоштани ниқоб ҷарима банданд. Муовини вазири умури дохилии Туркманистон гуфт, дар ин замина ба ҳеч кас, ҳатто занону пиронсолон низ "раҳм" карда нашавад. Ҳатто агар онҳо гӯянд, ки барои нон ҳам пул надорем, бояд маҷбур карда шаванд, то бо ҳар роҳе набошад ҷаримаро супоранд", - гуфт як мақоми баландпояи Вазорати умури дохилии Туркманистон.


Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, кормандоне, ки дастурро иҷро намекунанд, маҷбур ҳастанд рӯзона ба номи шинос ё хешашон санад тартиб дода, пули як ҷаримаро аз ҳисоби худ пардозанд.


Чанд манбаъ дар шаҳру вилоятҳои Туркманистон гуфтанд, кормандони пулис баъди ҷаласаи мазкур тадбирҳо барои боздошт ва муҷозоти онҳоеро сахттар кардаанд, ки ниқоби тиббӣ надоранд.


Ин дар ҳолест, ки мақомоти Туркманистон иддао доранд, дар ин кишвар то ҳол ягон нафар ба коронавирус мубтало нашудааст.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus