Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Наздики 12 ҳазор олудашавӣ дар рӯз чехҳоро водор кард маҳдудиятҳоро шадидтар кунад

Ҳукумати Ҷумҳурии Чех як силсила амру фармонҳое содир кард, ки дар шароити афзоиши бесобиқаи ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус   дар ин кишвари аврупоӣ маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мешавад. Нахуствазир Андрей Бабиш дар нишасти матбуотии рӯзи 21-уми октябр  гуфт, ки то 3-юми ноябр фурӯшгоҳҳои аз назари аҳамият дуюмдараҷа баста шуда, ҳаракати одамон ба ҷуз дар ҳолатҳои зарурии мисли рафтан ба кор, хона ваё хариди хӯроку доруворӣ манъ мешавад. Бабиш гуфт:


“Барои қабули қарор дар бораи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нав мо хеле фикр кардем, вале ба назари ман, пеш аз ҳама ва муҳимтар аз ҳама ин аст, ки мо ҷони ҳамватанони худро  ҳифз кунем. Ин далели асосии қабули чунин қарор буд”.


 Тадбирҳои нави маҳдудкунанда дар ҳоле гирифта шуданд, ки мақомоти беҳдоштӣ гуфтанд, дар як шабонарӯзи гузашта дар саросари Ҷумҳурии Чех наздики 12 ҳазор нафари нав ба коронавирус гирифтор шуданд.  Дар як ҳафтаи охир дар саросари Ҷумҳурии Чех 464 нафар қурбони коронавирус шуда, шумори умумии талафоти инсонҳо ба 1619 нафар расид. Дар маҷмӯъ дар саросари ин кишвар то ҳол тахминан 194 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд ва ин омор барои кишваре бо 10,7 миллион аҳолӣ хеле баланд ба шумор меравад. Вазири беҳдошт Роман Примула гуфт, ки пешбинӣ мешавад дар таърихҳои 11-уми ноябр авҷи олудагӣ ба коронавирус дар ин кишвар мушоҳида шавад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus