Як ҷавони дӯстдори ҷонварон дар ҳавлии худ харгӯш парвариш мекунад ва дар остонаи Соли нав, ки онро “Соли харгӯш” ҳисоб мекунанд, дар бораи ин ҷонвар нақл кард.
Як устоди донишгоҳи Кобул, ки дар эътироз ба тасмими Толибон дар робита ба манъи таҳсили духтарон дипломи худро пора кард, мегӯяд, тарсе аз ҷонаш надорад. Исмоил Машъал, устоди донишгоҳи Кобул ҳафтаи гузашта дар як барномаи телевизиони “Тулӯъ” диплому дигар санадҳояш барои кор дар донишгоҳро пора ва Толибонро барои чунин тасмим сахт танқид кард. Ӯ дар суҳбат бо хабаргузории “Франс-пресс” гуфтааст, “дастовардҳои ҳаждаҳсолаи худ, тамоми асноди аслиро дар 5 дақиқа нобуд кардам ва ин эътирози ман... Читать дальше...
Солҳои ахир беқурбшавии ҷиддии лираи туркӣ иқтисоди ин кишварро зери фишор бузург қарор дод, вале дар айни замон боиси рушди қобили мулоҳизаи амалиёти мӯйсаршинонӣ дар ин кишвар шуд.
Додгоҳи Хатлон ду мансабдор, як хабарнигор ва як сокини ноҳияи Панҷро барои ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ, ҳар якеро ба панҷ солу чор моҳи зиндон, маҳкум кардааст. Додгоҳ Мавлуда Боймуродзода, собиқ мудири маорифи ноҳияи Панҷ, Абдураҳмон Иззатмандов, хабарнигори телевизиони давлатии “Ҷаҳоннамо”, Зоидов, сардори идораи давлатии бехдошти замин ва обёрӣ дар ин ноҳияро барои ҳамкорӣ бо “Ислоҳ -ТВ” муҷрим донистааст. Вазифаи фарди чоруми муҷозотшуда дар сомонаи додситонии кулли Тоҷикистон, ки ин хабарро рӯзи 29-уми декабр нашр кард, зикр нашудааст. Читать дальше...
Бархе аз сокинон дар шаҳри Хуҷанд аз гаронии нархи маҳсулот пеш аз таҷлили Соли Нави милодӣ шикоят карданд. Рӯзи 31-уми декабр, охирин рӯзе дар Тоҷикистон аст, ки сокинон барои таҷлил аз Соли Нав аз бозор маҳсулот харидорӣ мекунанд.
Соли 2022 ба поён расид. Номи Тоҷикистон чанд дафъа дар сархати расонаҳои ҷаҳонӣ қарор гирифт, аз ҷумла ба сабаби саркӯби эътирозгарон дар Бадахшон; задухӯрд дар сарҳад бо Қирғизистон; боздошту ҳабси ҳафт рӯзноманигор ва танқиди созмонҳои байнулмилалӣ барои нақзи густурдаи ҳуқуқи одамон.
Соли 2022 ба поён расид. Номи Тоҷикистон чанд дафъа дар сархати расонаҳои ҷаҳонӣ қарор гирифт, аз ҷумла ба сабаби саркӯби эътирозгарон дар Бадахшон; задухӯрд дар сарҳад бо Қирғизистон; боздошту ҳабси ҳафт рӯзноманигор ва танқиди созмонҳои байнулмилалӣ барои нақзи густурдаи ҳуқуқи одамон. Вале мақомот, аз ҷумла раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ин солро “пурбор” номида, аз беҳбуд ёфтани шароити зиндагии мардум гуфтанд. Дар асл имсол барои Тоҷикистон чӣ соле буд? Барои баррасии бештар дар барномаи “Гапи... Читать дальше...