Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як ҳафта аз боздошти камаш чаҳор нафаре гузориш доданд, ки "бо таҳдиди бадном кардани духтарону писарон дар Интернет аз онҳо пул хостаанд".
Созмони Ҳилоли Аҳмар ба 247 паноҳҷӯйи ниёзманди афғонистонӣ дар Тоҷикистон ёрии пулӣ расондааст.
Таҳдиди бадномсозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои бархе дар Тоҷикистон ба як воситаи пулкоркунӣ табдил ёфтааст. Мақомоти интизомӣ аз боздошти ҷаҳор ҷавоне хабар додаанд, ки духтарону писаронро аксу навор гирифта, таҳдид мекардаанд, ки онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ беобрӯ месозанд.
Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон бо сафари давлатӣ вориди Узбекистон мешавад. Ин сафар рӯзҳои 21-22 декабр анҷом мешавад.
Як корманди комиссариати ҳарбӣ, як маъмури милиса ва муовини раиси як ҷамоат дар ноҳияи Восеъ ба латукӯби ҷавоне ва маҷбурӣ ба артиш бурдани гуё шахси бемор гумонбаранд. Назари онҳо ва вакилони дифоашон дастрас нест.
Дар назди боғи Панфилови шаҳри Бишкек наздикони муттаҳамони “парвандаи Кампиробод” гирди ҳам омаданд. Дар ин бора худи тазоҳургарон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар доданд.
Додгоҳи олии Узбекистон рӯзи 19-уми декабр ба баррасии парвандаи 173 касе шуруъ кард, ки қурбонии таъқибҳои сталинӣ шуда буданд.
Федератсияи Байнулмилалии Ҳуқуқи Башар бо як муроҷиатномаи боз ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва мансабдорони дигари кишвар хостааст, ки чаҳор фаъоли маданиро аз Бадахшон бидуни қайду шарт ва фавран озод кунанд.
Кумитаи Палатаи намояндагони Амрико, ки ҳамларо ба бинои Капитолий (6-уми январи соли 2021) таҳқиқ мекард, тавсия дод, нисбати президенти пешин Доналд Трамп дар асоси чаҳор модда айб эълон шавад.
Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони ҷавону маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Jerusalem Masters 2022, ки имрӯз, 20-уми декабр, дар Исроил шуруъ шуд, дар нахустин рақобати худ аз Реда Седдукии фаронсавӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.
Идомаи матлаби рӯзноманигор Нуралӣ Давлат дар бораи таъқиби сиёсии тоҷикон дар солҳои 30-юми қарни гузашта.
Дар мусобиқаи бози гуштигирӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки 18-уми декабр дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, шоҳҷоиза - автомашинаи сабукрави тамғаи «Hyundai Avante» - ба паҳлавони эронӣ Масъуд Қавибозу ва гуштигири узбекистонӣ Муҳсин Ҳисомиддинов тақдим гардид.
Рӯзноманигор Вадим Борейко дар саҳифаи худ муроҷиатномаи ҳамкораш Михаил Козачковро, ки ахиран аз ҷониби кормандони Оҷонси назорати молии Қазоқистон боздошт шуда буд, нашр кардааст.
Ҳангоми бозшумории аҳолии Туркманистон, ки 15 сол мешавад омори расмии он нашр нашудааст, ба қонуншиканӣ ва тақаллубкорӣ роҳ дода мешавад. Хабарнигорон ва манбаъҳои бахши туркмании Радиои Озодӣ аз ҳолатҳои қайди дубораи сокинон хабар медиҳанд. "Рӯйхаткунии сокинон дар Туркманбошӣ оғоз шуда, мақомот ба сохтакорӣ роҳ медиҳанд. Шаҳрвандон ва муҳоҷирони дохилӣ, ки дар ҷои истиқоматашон сабти ном шудаанд, вале дар ҷои дигар зиндагӣ мекунанд, ду бор қайд мешаванд”, - иттилоъ дод хабарнигори радио дар вилояти Балкан 19 декабр. Читать дальше...
Вазорати дифои Русия эълом кард, ки дар Беларус размоиши муштараки низомии тактикӣ анҷом дода мешавад, аммо замони баргузории размоиш гуфта нашудааст.