Темур Раҳимов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байнулмилалии устодони ҷудо Jerusalem Masters 2022, ки шаби 22-юми декабр дар Исроил ба поён расид, медали нуқра ба даст овард. Ӯ аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки дар ин мусобиқаи пурнуфуз соҳиби медал гардид.
Заминеро дар маркази шаҳри Алматои Қазоқистон, ки ширкати марбут ба наздикони президенти пешини он кишвар мехост, маркази тиҷорӣ бунёд кунад, ҳукумати Алмато баргардонида, мехоҳад, мактаб созад.
Масъулони Кумитаи дин дар Тоҷикистон дар як моҳи охир ҳудуди ҳазор нафарро аз сафари, ба гуфтаашон, "бебандубори" Ҳаҷҷи Умра гардондаанд. Онҳо аз зоирон мехоҳанд, танҳо ба воситаи ширкатҳои расмӣ ба Арабистони Саудӣ бираванд. Баъзе аз сокинон гуфтанд, хадамоти ин ширкатҳо гарон аст.
Дар як моҳи ахир тақрибан ҳазор нафарро дар Тоҷикистон аз сафар ба Ҳаҷи умра баргардониданд. Кумитаи дин ва танзими анъана аз сафарҳои бебандубори зойирини тоҷик ба ҳаҷи умра изҳори нигаронӣ карда, аз сокинон мехоҳад, танҳо тариқи ширкатҳои расмӣ ба Саудӣ бираванд.
Кумакҳо рӯзи 22-юми декабр сарҳади Узбекистонро бо Афғонистон аз вилояти Тирмиз гузашта, ба шаҳри Ҳайратони Афғонистон расидаанд.
Дар мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудо Jerusalem Masters 2022, ки дар Исроил ҷараён дорад, паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов ба даври ниҳоӣ роҳ пайдо кард.
Масъулони баъзе аз кӯдакистону мактабҳои Тоҷикистон аз волидон хостаанд, он фарзандонашонро, ки нишонаҳои бемории роҳҳои нафас доранд, дар хона нигаҳ доранд. Ҳамчунин ба кӯдакон тавсия додаанд, ки ҳатман бо ниқоби тиббӣ ба дарс биёянд.
Мақомоти яке аз шифохонаҳои шаҳри Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон мегӯянд, теъдоди кӯдаконе, ки аз норасоии ғизо ранҷ мекашанд, якбора зиёд зиёд шудааст. Танҳо дар моҳи ноябри имсол ба ин шифохона 240 кӯдакро овардаанд.
Мақомоти яке аз шифохонаҳои шаҳри Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон мегӯянд, теъдоди кӯдаконе, ки аз норасоии ғизо ранҷ мекашанд, дар онҷо якбора зиёд шудааст. Танҳо дар моҳи ноябр ба шифохонаи кӯдакон 240 тифли беморро овардаанд.
Дафтари Созмони Милал дар Афғонистон рӯзи 22-юми декабр аз Толибони ҳоким дар ин кишвар хост, фармони манъи таҳсили духтаронро дар донишгоҳҳои олӣ беэътибор карда, дари онҳоро ба рӯи бонувон кушоянд.
Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки ба табақаҳои муҳтоҷу фақири кишвар кумаки якдафъаинаи молӣ расонад. Бар асоси ин қарор аз рӯзи 9-уми декабр, ки нусхае аз онро Радиои Озодӣ дид, кумак баробар ба як музди ҳадди ақал ва ё 600 сомонӣ хоҳад буд.
Наздикону модарони боздоштшудаҳои маъруф ба "Парвандаи Кампиробод" рӯзи 22-юми декабр дар шаҳри Бишкек гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Онҳо интиқоли боздоштшудаҳоро аз зиндон ба ҳабси хонагӣ талаб намуданд.
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар радабандӣ ё рейтинги нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки имрӯз, 22-юми декабр, дар сомонаи расмии ин созмон нашр шудааст, дар байни 211 кишвар бо 1187.02 имтиёз мавқеашро дар ҷойи 108-ум нигоҳ дошт.
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, дар нӯҳ моҳ, аз январ то сентябри имсол, 119 ҳазор ё зиёда аз як дарсади аҳолии Тоҷикистон шиносномаи русӣ гирифтаанд.
Шаҳида Саломова, блогери узбекистониро ба "туҳмат" ва "таҳқир" муттаҳам кардаанд.
Шаҳрдории Алмато ба феминистҳои Қазоқистон иҷозат надод, ки 8-уми марти соли 2023 ҳамоиш ва роҳпаймоиеро ба ҳимоят аз ҳуқуқи занон баргузор кунанд.
Вазорати умури дохилии Қазоқистон иттилоъ дод, ки аз 21-уми сентябри имсол, баъд аз эълони басеҷ дар Русия 3578 шаҳрванди ин кишвар барои дарёфти иҷозати зисти доимӣ дар Қазоқистон муроҷиат кардаанд.
Узбекистон ба Қирғизистон нерӯи барқеро содир мекунад, ки аз гази воридотии Туркманистон истеҳсол мешавад.
Шаби 21-уми декабр шаби дарозтарини сол аст, ки ахтаршиносон ба он “инқилоби зимистонӣ” ва мардум “Шаби Ялдо” ё “Шаби Чилла” мегӯянд.