Ду муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳангоми кор аз табақаи 13-уми як бинои баландошёна афтода, ба ҳалокат расидаанд.
Масъулони Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, соли 2022 ҳангоми ташхиси беш аз 5200 зиндонӣ 12 гирифтори бемории вируси норасоии масунияти бадан ва ё ВИЧ/СПИД пайдо карданд.
То Соли нави мелодӣ бештар аз ду ҳафтаи дигар мондааст. Сокинон барои таҷлили ин ҷашн аз ҳоло омодагӣ мегиранд. Бо наздикшавии ин ҷашн хиёбонҳои Душанбе бо рамзҳои идона ороста гардида, гаштугузори сокинон бештар ба назар мерасад. Бозори фурӯши тӯҳфаҳои идона низ гарм аст.
Гулрухсори Сафӣ (Гулрухсор Сафиева), шоири маъруфи тоҷик ва вакили пешини Иттиҳоди Шӯравӣ, ба синни 75 расид. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ӯ дар бораи зиндагияш, хонавода ва сиёсату иҷтимоъ пурсиданд. Посухи аввалаш дар бораи умр буд ва ҳафтоду панҷ соли гузашта.
Гулрухсори Сафӣ (Гулрухсор Сафиева), шоири маъруфи тоҷик ва вакили пешини Иттиҳоди Шӯравӣ, ба синни 75 расид. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ӯ дар бораи зиндагияш, хонавода ва сиёсату иҷтимоъ пурсиданд. Посухи аввалаш дар бораи умр буд ва ҳафтоду панҷ соли гузашта.
Ҳукумати шаҳри Алматои Қазоқистон ба дархости як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ барои баргузории гирдиҳамоӣ посухи рад дод. Асет Абишев мехост рӯзҳои 17-18 декабр дар майдони назди кинотеатри "Сариарк" гирдиҳамоӣ баргузор кунад.
Туркманистон коркарди шабакаи миллии рақамиро, ки ба Интернети ҷаҳонӣ пайваст нест, шурӯъ мекунад.
Ҳомии ҳуқуқ Азиза Абдирасулова мегӯяд, шумори гумонбарони "парвандаи Кампиробод", ки гуруснанишинӣ эълон кардаанд, ба 19 нафар расид.
Абдуқодир Муҳиддиновро зуд ба ҳабс гирифта, рӯзи 31-уми май эъдом карданд.
Соҳибкор Марат Абиевро, ки дар рӯзи савгандёдкунии президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев тазоҳурот ташкил карда буд, ду моҳ ба ҳабс гирифтаанд.
Токтобубу Ашимбаева, муовини вазири маорифи Қирғизистон, гуфт, 509 мактаб ва 168 боғчаро ба далели сирояти вируси шадиди роҳҳои нафас (ОРВИ) карантин карданд.
Буҳрони энержие, ки дар охири моҳи ноябри имсол дар Узбекистон ба миён омад, ба марги беш аз 30 нафар сабаб шудааст. Ба иттилои расонаҳои Узбекистон, понздаҳ нафари онҳо аз 3-моҳа то 15-сола буданд. Онҳо дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз бӯи газ ҷон бохтаанд.
Як ҷавони 27-сола дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин пас аз панҷ соли таҳсил дар Душанбе ба зодгоҳаш баргашт ва ба табобати ҳайвоноти бемор машғул аст. Барои Сомон Сайфиддинов касби байторӣ дар ин ноҳия обрӯ овардааст ва ҳоло даҳҳо нафар наздаш корафтода мешаванд.
Ҳукумати Толибон аз дидори Ҳайбатулло Охундзода, раҳбари ин гуруҳ, бо теъдоде аз масъулон, уламои динӣ ва шахсони бонуфузи вилояти Панҷшер хабар доданд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва сарвазири Покистон роҳҳои барқарории сулҳро дар Афғонистон, як ҳамсояи ноороми ҳарду кишвар, баррасӣ кардаанд.
Холааш, Азиза, гуфт, ӯро дар оромгоҳи Чехови шаҳри Маскав мегӯронанд. Ҷасади Раҳима Каримова рӯзи 9-уми декабри имсол аз зери чархи қатор (поезд) дар Маскав ёфт шуд.
Сокинони бархе аз ноҳияҳои Душанбе аз он шикоят мекунанд, ки бо вуҷуди доштани батареяҳои гармидиҳӣ дар ин рӯзҳои сарди зимистон хонаҳояшон гарм нест.
Шикоят дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шудааст, ки дар пойтахт - шаҳри Душанбе низоми гармидиҳӣ муътадил кор намекунад. Бо гузашти ду моҳ аз шурӯи гармидиҳӣ, хонаҳои мардум дуруст гарм намешаванд. Сокинон мегӯянд, таъмини номуносиби гармӣ хароҷоти онҳоро зиёдтар кардааст.
Додгоҳе дар шаҳри Истанбули Туркия шаҳрдори пешин Экрем Имомоғлуро барои таҳқири ҳукумат ду солу ҳафт моҳ зиндонӣ кард. Ҳамчунин, баъди озод шудан аз зиндон вай ҳақи машғул шудан ба фаъолиятҳои сиёсиро надорад. Имомоғлу яке аз дурахшонтарин сиёсатмадороне буд, ки дар муқобили президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон қарор мегирифт. Додгоҳ як изҳороти Имомоғлуро "таҳқири ҳукумат" баҳо дод, ки соли 2019 садо дода буд. Он замон Имомоғлу барои курсии раисии шаҳри Истамбул бо номзади ҳизби ҳоким рақобат мекард. Читать дальше...
Дар Қирғизистон ҳафт тан аз боздоштшудаҳои "Парвандаи Кампиробод" гуруснашинӣ эълом карданд. Ба иттилои Бакит Рисбеков, мудири Маркази миллии муқобила бо шиканҷа, кормандони маркази мазкур бо боздоштшудаҳо мулоқот кардаанд. Ҳоло вакили пешин Равшан Ҷеенбеков, фаъоли шаҳрвандӣ Атай Бейшенбек ва раиси пешини вилояти Ҷалолобод Бектур Асанов ба гуруснашинӣ пайвастаанд. Пештар аз ин боздоштшудаҳои дигари "Парвандаи Кампиробод" Клара Сооронқулова, Рита Карасартова, Перизат Суранова ва Орозайим Нарматова... Читать дальше...
Дастаи мунтахаби Фаронса, ки дар бозии дуюми ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар тими миллии Марокашро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, ба финали мусобиқот роҳ ёфт. Ҳамакнун фаронсавиҳо дар бозии ниҳоӣ 18-уми декабр бо мунтахаби Аргентина барои нигоҳ доштани унвони қаҳрамони ҷаҳон мубориза мебаранд.
Бузургмеҳр Ёров, як вакили шинохта ва зиндонӣ дар Тоҷикистон бо иттиҳоми риоят накардани қоидаҳои зиндон ва нофармонӣ ба посбонҳо танбеҳи сахт гирифтааст.