Кори хонум Гавҳарбӣ Пиракова ҳар субҳ аз нигоҳубини дарахти банан оғоз мешавад.
Як зани 80-сола дар ноҳияи Восеъ чанд сол боз талоши парвариши дарахти бананро дорад. Заҳмати ӯ бенатиҷа набудааст. Ҳосили аввалин дарахтро ӯ дид. Пиразани заҳматкаши тоҷик тоҷик мехоҳад, нишон диҳад, ки ин меваи тропикиро мешавад дар Тоҷикистон ҳам парвариш кард.
Созмони “Мудофеони сафи пеш” ё Front Line Defenders аз ҳукми зиндони ҳомёни ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Улфатхоним Мамадшоева ва Манучеҳр Холиқназаров дар таърихи 9-уми декабр изҳори нигаронӣ карда, озодии беқайду шарт ва билофосилаи онҳоро тақозо кардааст.
Мақомот дар Эрон рӯзи 24-уми декабр гуфтанд, ки Додгоҳи олӣ аризаи бозбинии ҳукми қатли ду эътирозгарро қабул кардааст. Муҳаммад Қубодлу ва Сомон Саиди Ёсин барои ширкат дар ошӯбҳо ба ҳукми қатл маҳкум шуданд. Созмони Афви байнулмилал мегӯяд, ки дар Эрон 21 нафар дар пешорӯи ҳукми қатл қарор доранд ва ин амали мақомотро ба шиддат маҳкум кард. Дар Эрон баъди марги Маҳсо Аминии 22-сола дар идораи полис эътирозҳои сартосарӣ шурӯъ шуд ва аксар минтақаҳои кишварро фаро гирифт. Шиори “Зан, зиндагӣ, озодӣ”... Читать дальше...
Дар шаҳри Кемеровои Русия дар паи сӯхторе дар як хонаи пиронсолон 20 нафар ба ҳалокат расиданд. Шаш нафар маҷрӯҳ шудаанд ва ду нафарашон бо ҷароҳатҳои сангин дар беморхона қарор доранд. Дар ин муассисае, ки ғайриқонунӣ амал мекардааст, ошёнаи дуюм пурра сӯхта нобуд шудааст ва маҳз дар ҳамин ҷо бист муштарии он нигаҳдорӣ мешуданд. Додситонии вилояти Кемерово ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ кардааст. Кумитаи тафтишотӣ аз рӯи моддаи “расонидан ба марг аз беэҳтиётӣ” парванда боз кардааст. Бар асоси фарзияҳои пешакӣ... Читать дальше...
Дар ИМА дар паи барфу тундбодҳои шадид рӯзи 23-юми декабр 5700 парвози ҳавопаймо қатъ шуд ва даҳҳо ҳазор мусофир дар нимароҳ монданд. Пеш аз ин рӯзи панҷшанбе ҳам бо ҳамин сабаб парвози 2700 ҳавопаймо бекор шуд. Рӯзи шанбе, 24-уми декабр шумори парвозҳои бекоршуда ба беш аз як ҳазор адад расид. Дар ин бора вебсайти FlightAware хабар додааст. Баробар бо парвозҳо, ҳаракати даҳҳо қатор тавассути ширкати роҳи оҳани Amtrak ҳам бекор шуд ва ба барномаҳои таҷлили иди Милоди Масеҳи сокинон халал ворид кард. Читать дальше...
Ба навиштаи нашрияи Financial Times ва вебсайти Bloomberg, дар Чин дар ҳоли ҳозир тахминан 248 миллион нафар ё 18 дарсари аҳолӣ метавонанд олудашуда ба вируси Covid-19 бошанд. Маълумоти дарёфтии ин ду нашрия бо такя ба санадҳои аз дохили Чин бадастомада пахш мешавад. Бар асоси ин маълумот гуфта мешавад, ки танҳо дар рӯзи 20-ми декабр 37 миллион нафар ба коронавирус олуда шудаанд. Дар ин бора дар як ҷаласаи Комиссиюни миллии беҳдоштии Чин, ки барои кормандони дохилӣ барпо шудааст, хабар дода шуд. Читать дальше...
Бо бадтар шудани аҳволи иқтисоди Лубнон, теъдоди афзояндаи ҷавонони шимоли ин кишвар ба Ироқ рафтаву ба гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” мепайванданд. Сабаб на танҳо фақру камбизоатӣ ва ё идеологияи ифротӣ, балки иллатҳои дигар низ будааст.
Бо бадтар шудани аҳволи иқтисоди Лубнон, теъдоди афзояндаи ҷавонони муқими шимоли ин кишвар ба гуруҳи Давлати Исломӣ мепайванданд. Сабаб ҳам на танҳо фақру камбизоатӣ ва ё идеологияи ифротӣ, балки иллатҳои дигар ҳам будааст.