Вазорати корҳои хориҷии Эрон, сафирони Бритониё ва Олмонро эҳзор карда, ин кишварҳоро дар пуштибонӣ аз “нооромиҳо ва таҳримҳои ғайриқонунӣ алайҳи бархе аз шаҳрвандони Эрон” айбдор кард.
Русия бар ивази бесарнишинҳои ҷангӣ ба Эрон таҷҳизоти навтарини низомӣ, чархбол ва техникаи мудофеаи зиддиҳавоӣ медиҳад.
Додгоҳи ноҳияи Рашт ду сокини ин ноҳияро барои ҷанҷол ва латту кӯби Мавҷигул Ғарибова, модари фаъоли маданӣ, Ҷунайдуллоҳ Худоёров ба 134 ҳазор сомонӣ ҷарима кард.
Сардиҳои рӯзи нуҳуми декабр ва барфи шадид ҳаракати нақлиётро дар шаҳрҳои вилояти Суғд душвор ва хатарнок кард. Роҳу хиёбонҳои барфпуш боиси рух додани чанд садама ва маҷрӯҳ шудани сокинон гардид. Камбуди нақлиёт кори идораву муассисаҳоро мушкил кард.

Баррандаҳои Ҷоизаи имсоли Сулҳи Нобел дар маросими тақдими ин ҷоиза пешнишҳоди ба додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои ҷангӣ кашидани Владимир Путинро пуштибонӣ карданд.
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумони Тоҷикистон, рӯзи 10-уми декабр дигарбора раиси Ҳизби демократ интихоб шуд. Вай аз моҳи декабри соли 2012 ба ин тараф расман раёсати ҳизбро бар дӯш дорад.
Баъди танаффуси дурӯза дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар 9-уми декабр ду бозии аввали даври чорякниҳоии мусобиқот баргузор шуд.
Чаро фишори мақомот ба блогердухтарон, манзурам, боздошту ба узрхоҳӣ маҷбур кардани онҳо, аҳсану офарини васеи корбаронро ба миён овард? Сухан аз ахлоқ аст, ё озодии баён?