Маъмурияти дипломатии Ҷон Марк Поммершайм дар мақоми сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон баъди наздики чор соли коораш ба охир мерасад.
Маъмурияти дипломатии Ҷон Марк Поммершайм, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, ба поён расид ва ба ин муносибат Радиои Озодӣ бо ӯ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом дод. Дар ин суҳбат сафир аз муҳимтарин дастовардшояш дар чаҳор соли ахир, кумакҳои ИМА ба Тоҷикистон ва озодии матбуоту мурооти ҳуқуқи инсон гуфт.
Зоҳиран, дар паи эътирозҳои давомдору афзоиши норизоиятҳо аз режим, мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба барҳам додани “полиси ахлоқ” иқдом кард.
Дар рӯзи дуюми мусобиқаи байналмилалии ҷудо аз силсилаи ҷаҳонии IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) Tokyo Grand Slam 2022, ки 4-уми декабр дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио баргузор шуд, паҳлавони ҷавону маъруфи тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ низ ба нокомӣ мувоҷеҳ шуд.
Аз охири декабри имсол шаҳрвандони Тоҷикистон имкони парвози мустақим ба шаҳри Кувайтро пайдо мекунанд. Ширкати ҳавоии “Ҷазира” (Jazeera Airways) ахиран хабар дод, ки шурӯъ аз 29 декабр ҳафтае ду бор – рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе ҳавопаймоҳои он дар самти Душанбе-Кувайт парвоз хоҳанд кард. Сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов дар як сӯҳбати телефонӣ рӯзи 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ифтитоҳи хатсайри Душанбе-Кувайт натиҷаи заҳматҳои сесолаи онҳо ва музокираҳо бо ҳукумати Кувайт ва ширкати “Ҷазира” мебошад. Читать дальше...
Як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯяд, давлати Чин дар саросари ҷаҳон беш аз сад “дафтари полис” боз кардааст, ки вазифаашон назорат, азият ва ҳатто интиқоли шаҳрванди Чин аз хориҷа ба ватан мебошад. “Ҳомиёни амният” – як созмони ҷамъиятии ҳомии ҳуқуқи инсон, ки қароргоҳаш дар шаҳри Мадриди Испания мебошад, бо нашри як гузорише рӯзи 4 декабр иддао кардааст, ки дар хориҷи Чин ба иловаи 54 “идораи полис”-и моҳи сентябр ошкоршуда, боз иловатан 48 идораи дигар сабт шудааст. Ба навиштаи ин гузориш... Читать дальше...
Дар Эрон рӯзи 4 декабр чор нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо оҷонсии иктишофии Моссади Исроил қатл карданд. Дар ин бор хабаргузории давлатии ИРНА хабар додааст. Маҳбусоне, ки ҳукми қатлашон иҷро шуд, Ҳусайн Урдухонзода, Шоҳин Имони Маҳмудободӣ, Милод Ашрафӣ ва Манучеҳр Шоҳбандӣ мебошанд. Ин чор шаҳрванди Эрон дар дарёфти силоҳ ва маблағи Моссад ба шакли криптовалюта гунаҳгор дониста шуданд. Қаблан Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ иддао карда буд, ки чандин нафарро бо иттиҳоми эҳтимолии иртибот бо... Читать дальше...
Дар Тоҷикистон охири ҳафтаи охири моҳи ноябр ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории Комиссиюни муштараки аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд. Хабаргузории расмии “Ховар” бо такя ба ВКХ Тоҷикистон навишт, дар ҷаласае, ки рӯзҳои 23-30-юми ноябр дар Душанбе ҷараён гирифт, масъалаҳои аломатгузории сарҳади давлатии ду кишвар баррасӣ шуд ва мулоқоти навбатӣ қарор аст дар Узбекистон баргузор шавад. Ҷузъиёт ё шарҳи бештаре аз ин ҷаласа нашр намешавад. Ҷаласаи гузашта моҳи октябри имсол дар Намангони Узбекистон баргузор шуда буд. Читать дальше...
Дастаҳои мунтахаби Нидерланд ва Аргентина, ки рӯзи шанбе, 3-юми декабр, дар бозиҳои даври 1/8-ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар рақибонашонро шикаст доданд, ба чорякфинали мусобиқот баромаданд.
Тоҷикистон дар поёни соли 2022 ҳам дар феҳристи кишварҳое боқӣ монд, ки аз назари озодиҳои динӣ ба гурӯҳи кишварҳои мавриди нигаронии хос дохил мешаванд.
Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон як оилаи тоҷик зиндагӣ мекунад, ки аз кӯдаки "гаҳвора" то бузурги он ҳама устодони шатранҷ ҳастанд. Бубинед, чӣ гуна зиндагиашонро тағйир додааст.
Ораш Шоҳназаров, варзишгари ҷавони тоҷик чанде пеш дар мусобиқаи шатранҷбозон дар шаҳри Алмаато қаҳрамон шуд. Шоҳназаров, ки бо хонаводааш дар Қазоқистон зиндагӣ мекунад, ба марҳилаи дигари мусобиқот роҳ ёфт.