Дастаи мунтахаби Хорватия, ки дар бозӣ барои ҷойи сеюм дар Ҷоми ҷаҳонии футбол тими миллии Марокаш ё Мағрибро ба ҳисоби 2:1 шикаст дод, бори дуюм дар таърихи худ барандаи медали биринҷии мусобиқот гардид. Бозӣ шаби 17-уми декабр гузашт.
Бародараш мегӯяд, Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми 7 сол зиндони рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ (Завқибек Солеҳов)-ро, ки таҳқиқи парванда ва мурофиаашро "якҷониба ва нопурра" номида буд, тағйир надодааст.
Сандуқи Байнулмилалии Пул барои мадад ба Миср як бастаи ёриҳоро қабул кард. Арзишаш ба 3 миллиард доллар мерасад ва барои чаҳор сол пешбинӣ шудааст.
Қаблан Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ӯро ба гуноҳи таҳқири намояндаи ҳокимият ва узвият дар гуруҳҳои мамнуъ ҳафтуним сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Худашро ҳукмро беасос номид.
Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфт, то замоне ки Толибон ба “зулму ҷабру истибдоду ҷаҳл” идома бидиҳанд, чорае ҷуз роҳи низомӣ ва дифоъ нест.
Шӯрои донишҷӯёни эронӣ гуфт, макони нигаҳдории панҷ духтар аз Донишгоҳи шаҳри Санандаҷ (ғарби Эрон) номаълум аст.
Масъулони Twitter саҳифа ё ҳисоби корбарии чанд рӯзноманигори расонаҳои маъруфро дар Амрико бастаанд. Дар ин бора «Вашингтон Пост» гузориш дод.
Дар шаҳри Лос Анҷелес, яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои мошин дар ҷаҳон хотима ёфт. Ширкатҳои мошинсозӣ дар намоишгоҳе, ки аз 18-ум то 27-уми ноябр идома кард, имсол бештар мошинҳои барқӣ ва пешрафтаро барои намоиш ва пайдо кардани харидор овардаанд.
Гулрухсори Сафӣ, шоири тоҷик, ки бо ашъору изҳороти гоҳе тунд ва романи "Марзи номус"-у достони "Зан ва ҷанг"-аш маъруф аст, рӯзи 17-уми декабр ба синни 75 расид. Худаш мегӯяд, дар ин муддат "сад бор бурду сад бор зинда шуд", вале аз гуфтани ҳақ ё воқеияти зиндагии мардум парҳез накард.
17-уми декабр шоири маъруфи тоҷик ва бонуи муборизу ошиқи миллат Гулрухсори Сафӣ 75-сола шуд. Гулрухсоре, ки мегӯяд, ҳеч гоҳ сиёсатмадор набуду "модари миллат" хондани ӯ ҳам дуруст нест.
Толибон номи шаҳри Чоряккор, маркази вилояти Парвонро ба "Имоми Аъзам" иваз кардаанд.
Хурмо Ширинова, овозхоне, ки 40 сол умр надиду аз дарди саратон даргузашт, агар зинда мебуд, рӯзи 17-уми декабр 65-сола мешуд. Хурморо як узви нотакрори дастаи ҳунарии овозадори "Гулшан" меномиданд, ки бо садои қавиву зебо, шеваи сурудани оҳангҳои миллӣ фарқ мекард.
Баъзе аз ҳамкорону пайвандони Хурмо Ширинова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз кору зиндагии овозхони маъруф ва узви пешини "Гулшан" ёд оварданд.