Дар шаҳри Хуҷанд марказе таъсис ёфт, ки нафарони зӯровар ба ҷойи ҳабсу ҷарима аз давраи омӯзиш мегузаранд ва ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд. Масъулони кор бо оила ва коршиносони соҳа мегӯянд, хушунати зиёд дар хонаводаҳо сабаби барои ташкили чунин марказ гардид. Бо онҳое, ки масалан ба ҳамсарашонзулму ситам кардаанд, равоншиносу ҳуқуқшинос кумак мекунад ва роҳҳои бурунрафт аз ин буҳрони равониро шарҳ хоҳанд дод. Муҳаррама Раҳимова, равоншинос: “Ин таҷрибаи кишварҳои пешқадам аст. Дар вақти... Читать дальше...
Дар шаҳри Хуҷанд масъулин ба ин хулоса омадаанд, ки ҷазо ва ба маҳкама кашидани зӯроварон хушунат дар хонаводаҳоро баръакс зиёд карда, боиси интиқомгирӣ аз занон мешавад. Аз ин рӯ онҳо маркази махсусеро ташкил кардаанд, ки дар он бо зӯроварон дарс мегузаронанд, то аз зулму ситам даст кашанд.
Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон ба вилояти Бодканди ҳаммарз бо Тоҷикистон сафар карда ва ба маҳаллаҳое рафтааст, ки дар муноқишаи марзӣ дар моҳи сентябр осеб дидаанд.
Ба думболи манъи кори занон дар созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар Афғонистон намояндагони ин гуна созмонҳо ва мақомоти баландпояи Созмони Милали Муттаҳид рӯзи якшанбе ояндаи кори ин созмонҳоро баррасӣ карданд.
Низомиёни Покистон гуфтанд, дар натиҷаи даргирӣ миёни сарбозони кишвар ва ифротиён дар марз бо Афғонистон, як сарбоз ва як ҷангҷӯ кушта шудаанд.
Академияи миллии улуми Тоҷикистон саъба яке аз паррандаҳои хушхони кишварро паррандаи сол эълон кардааст.
Имсол аз замони қабули Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон 15 сол гузашт. Елена Борисова пажуҳишгари Донишгоҳи Манчестери Бритониё, ки як сол дар вилояти Суғд будааст, таҳқиқ кардааст, ки ин қонун то куҷо ба урфу анъанаҳо таъсир гузошт.
Имсол аз замони қабули Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон 15 сол гузашт. Елена Борисова пажуҳишгари Донишгоҳи Манчестери Бритониё, ки як сол дар вилояти Суғд будааст, таҳқиқ кардааст, ки ин қонун то куҷо ба урфу анъанаҳо таъсир гузошт.