Иддае дар Тоҷикистон натиҷаи назарпурсие, ки мизони муҳаббат ва назари мусбати тоҷиконро ба Русия "95 дарсад" ҳисоб кардааст, зери суол мегузоранд.
Таҳқиқоти ибтидоии озмоишгоҳӣ дар таркиби доруи "Док-1 Макс", ки дар Узбекистон чандин кӯдак баъди истеъмоли он ҷон дод, "этиленгликол"-ро ошкор кардааст.
Истеҳсолгарони орд дар Қирғизистон аз ҳукумат хостаанд, ки имтиёзи онҳоро барои воридот ва коркарди гандум ҳифз кунанд.
Муҳоҷирони афғонистонӣ дар Тоҷикистон хабари маҳрум шудани духтаронро аз таҳсил дар мактабу донишгоҳҳои кишвари худ бо дард қабул кардаанд. Онҳо тасмими Толибонро мухолиф ба дини Ислом дониста, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархости кумак доранд.
Милош Вучевич, вазири дифои Сербистон гуфт, нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар сарҳад бо ҷумҳурии қисман эътирофшудаи Косово дар ҳолати омодабош қарор дода шуданд.
Додгоҳи вилояти Фарғонаи Узбекистон рӯзи 27-уми декабр раиси пешини вилояти Андиҷонро, ки ба азхудкунии маблағҳои буҷет айбдор мешуд, 10 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Раиси ҷумҳури Қирғизистон дар охири ҳафтаи гузашта гуфтааст, таъйину нишонагузории сарҳадро бо Тоҷикистон то моҳи майи соли 2023 ба поён хоҳанд расонд, аммо нагуфтааст, чӣ гуна.
Гуруҳе аз фаъолон ва рӯзноманигорони Қазоқистон рӯзи 26-уми декабр бо баргузории як нишасти хабарӣ дар бинои Бюрои ҳуқуқи инсон дар шаҳри Алмато хостанд, фаъоли маданӣ Айгерим Тлеужанов, ки дар ҳабси хонагӣ қарор дорад, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда шавад.
Дархости паноҳандагӣ аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар соли 2022-юм 54 дарсад афзудааст.
Қасри фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтарро ба номи Аловуддин Абдуллоев, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик, гузоштанд.
Барфи шадид ва ҳавои сарди рӯзҳои таҷлили Иди милоди Масеҳ дар ғарби аёлати Ню-Йорки Амрико ҳаёти камаш 27 нафарро аз байн бурд.
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар моҳи марти соли 2022 аз мансаби раисҷумҳури Туркманистон канор рафт ва дар як интихоботи "сохта" ҷойи худро ба писараш, Сардор Бердимуҳаммадов, дод. Вай шонздаҳ сол ин кишвари пӯшида, аммо саршор аз газу нафти Осиёи Марказиро раҳбарӣ кард.
Ба қавли наздиконаш, мақомоти Олмон ихроҷи писари Шамсиддин Саидов, узви ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро аз Аврупо ба Тоҷикистон “ба таъхир” гузоштаанд. Маълум нест, то кай.
Дар арафаи таҷлили милоди Масеҳ ҳафриётшиносони исроилӣ ғореро намоиш доданд, ки дар он ба ақидаи донишмандон Салума, дояи Исои Масеҳ, дафн шудааст. Ин қабр ҳамчун макони муҳими зиёрати насрониёну яҳудиҳо арзёбӣ мешавад.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе чанд ноболиғро бо гумони латтукӯби як наврас дар Душанбе боздошт кард. Шоми 25-уми декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он гурӯҳе аз наврасон як ноболиғро латукӯб мекунанд. Раёсат шумори дақиқи боздоштшудаҳоро нагуфтааст, аммо дар навор тақрибан 10 нафар сабт шудаанд, ки чаҳор нафар латукӯб мекунанд, ду нафар наворбардорӣ ва дигарон тамошо мекунанд. Дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар Душанбе хабар додааст, ки ҳодиса рӯзи 30-юми ноябри... Читать дальше...
Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) тақвими мусобиқоти соли ояндаро нашр кард. Дар ин бора сомонаи расмии FIAS хабар додааст.
Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва ҷавонони Қирғизистон қарор дар бораи баста шудани сомонаҳои бахши қирғизии Радиои Озодӣ "Азаттик Медиа"-ро тамдид кард. Дар ин бора Салкин Сарногоева, як масъули вазорати мазкур хабар дод. Ба гуфтаи вай, сомонаҳои "Азаттик Медиа" то замоне баста боқӣ мемонанд, ки мақолаи баҳсӣ аз сомонаҳо пок нашавад. Масъули вазорати иттилоот гуфт, дар қонунгузорӣ муҳлати баста шудани сомонаҳо зикр нашудааст ва танҳо баъди пок кардани мавод сомона дастрас хоҳад шуд. Охири... Читать дальше...
Минтақаи Андароби вилояти Бағлон тайи ду рӯзи ахир саҳнаи даргириҳои сахт миёни афроди Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва ҷангҷӯёни Толибон будааст.