Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 26-уми декабр вохӯрдаанд. Манобеи расмӣ гуфтанд, мулоқот дар маркази "Раъно" ва дар ҳудуди Қирғизистон гузашт.
Тоҳир Абдолбеков, раиси пешини хадамоти коммуналии Хоруғ, узви собиқи Маҷлиси Бадахшон ва яке аз хешовандони фаъоли маданӣ, Ораз Вазирбеков, ба шашуним сол зиндон маҳкум шудааст.
Маскав дар посух ба талоши НАТО барои зиёд кардани нерӯҳояш дар наздикиҳои сарҳади Русия ба ислоҳоти артиш шуруъ кардааст. Пешниҳод шудааст, ки синни даъват ба хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба тадриҷ боло бурда шавад ва дигар ҷавонони аз 21 то 30-соларо ба хидмат бигиранд.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) 23-юми декабр бо нашри изҳороте аз Оҷонси иттилоот ва иртибототи Узбекистон хост, то лоиҳаи Кодекси иттилоотиеро, ки барои баррасии умум пешниҳод кардааст, бозхонд кунад.
Вазорати тандурустии Қазоқистон иттилоъ дод, ки 25-уми декабр 163 кас дар ин кишвар ба коронавирус (COVID-19) мубтало шудааст.
Болоравии нархи маводи ғизоӣ дар арафаи соли нав дар вилояти Суғд, таъмири нокомили паёмади сел дар Кӯлоб, кӯшиши афзоиши шумори сарбозон дар артиши Русия ва сайри мақбараи дояи Исои Масеҳ.
Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Порлумони Тоҷикистон бо тағйири Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба нозирони роҳ ҳақ додааст, ки мошинҳои ҳарбиро барои нақзи қоидаҳои роҳ ҷарима банданд.
Рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки қаблан дар номае гуфта буд, ӯро дар боздошгоҳ «заданду кӯфтанд ва ба барқ мондаву ҷонашро ба лаб оварданд», ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуд.
Мавлавӣ Абдулҳақ, фармондеҳи амнияти Толибон дар Бадахшони Афғонистон, бар асари таркиш кушта шудааст.
Бунёди бинои истиқоматӣ дар як гӯшаи Душанбе ҷанҷолбарангез шуд. Моликони ширкати сохтмонӣ мегӯянд, барои истифодаи қитъаи замин дар маҳаллаи Арғувони ноҳияи Сино санаду имзо доранд. Сокинон даъво доранд, ки бино дар як қисми варзишгоҳ сохта шуда, ҷойи бозӣ ва гаштугузори онҳоро танг мекунад.
Бунёди бинои истиқоматӣ дар як гӯшаи Душанбе ҷанҷолбарангез шуд. Моликони ширкати сохтмонӣ мегӯянд, барои истифодаи қитъаи замин дар маҳаллаи Арғувони ноҳияи Сино санаду имзо доранд. Сокинон даъво доранд, ки бино дар як қисми варзишгоҳ сохта шуда, ҷойи бозӣ ва гаштугузори онҳоро танг мекунад.
Рӯзноманигор Абдуқодир Муъминов, ки бо интиқодҳои шадидаш аз хонаводаи раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар “Youtube” маъруф аст, гуфт, аз як сӯиқасд ҷон ба саломат бурд.
Ниҳодҳои молии ҷаҳонӣ ва коршиносони мустақил соли 2022-ро барои иқтисоди Тоҷикистон “бисёр душвор” пешбинӣ карда буданд.
Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев қонунеро имзо кард, ки бар асоси он то панҷ соли дигар занон дар 61-солагӣ бознишаста хоҳанд шуд.
Нурулло Алиев, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), аввалини рақобаташро дар мусобиқоти UFC (Ultimate Fighting Championship) FN 123 рӯзи 25-уми феврали соли оянда дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА баргузор мекунад.
Як зоири тоҷик ҳангоми адои Ҳаҷҷи Умра дар Арабистони Саудӣ вафот кардааст. Холмаҳмад Ҳамдамов, сокини 70-солаи ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 25-уми декабр дар шаҳри Макка даргузашт. Яке аз пайвандонаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "дирӯз баъди адои намози пешин дар хонаи Каъба, якбора дилашон аз кор мондааст. Он касро дар ҳамон шаҳри Макка ба хок супориданд. Бемории ҷиддӣ надоштанд". Холмаҳмад Ҳамдамов ягона тоҷике нест, ки зимни адои Ҳаҷҷи Умра вафот мекунанд. Масъулини Кумитаи дин ва танзими анъана гуфтанд... Читать дальше...
Президенти Узбекистон қарорҳоро дар бораи аз 61 то 28 адад расонидани теъдоди вазоратҳо ва идораҳо имзо кард. 20 идора дар он кишвар комилан барҳам дода мешавад. Шуруъ аз 1 январи соли 2023 дар Узбекистон теъдоди мақомоти худиҷроияи давлатӣ аз 61 ба 28 адад кам карда мешавад. Теъдоди вазоратҳо аз 25 ба 21 мерасад ва 20 ниҳоди давлатӣ комилан барҳам дода мешавад. Дар ин бора дар фармон ва қарори президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев зикр шудааст. Фармону қарор 21 декабр ба имзо расид, хабар дод Шерзод Асадов... Читать дальше...
Думаи давлатии Русия тарҳи қонунеро таҳия мекунад, ки бар асоси он молиёт ё андоз барои шаҳрвандони "фирорӣ"-и ин кишвар дар хориҷа бештар хоҳад шуд. Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин хабар дод.
Рӯзи 24-уми декабр Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) дар вилояти Норини он кишвар 10 касро боздошт кард. Панҷ тан аз онҳо аъзои гуруҳи ҷиноии Қамчӣ Асанбек буда, панҷ тани дигар кормандони пулис, ки ҷинояткоронро пушти паноҳ шудаанд. Ин гуруҳ, ба иттилои КДАМ, рӯзи 7 ноябри соли ҷорӣ аз соҳиби як қаҳвахона моҳона ҳазор долларри ИМА талаб кардааст. Гуруҳ таҳдид кардааст, ки дар сурати напардохтани маблағ қаҳвахонааш оташ зада мешавад. Соҳиби қаҳвахона ба пулис шикоят, аммо пулис чораҷӯӣ накардааст. Читать дальше...