Соли 2022 дар аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба як давраи низоъ ва хунрезӣ табдил ёфт. Низом ё режимҳои авторитарии минтақа бо чолишҳои наву ҷиддӣ рӯбарӯ шуда, бо усулҳои кӯҳна мушкилоти сиёсиро ҳал карданд. Интихоботи сохта гузаронданд, гӯшу шиками мардумро бо ваъдаҳои хушку холӣ пур карданд.
Ҳар сол якуми январ, рӯзи таваллуди рӯзноманигор Аслиддин Достиев, дар асл натиҷагирӣ аз кори яксолаи хабарнигорон дар минтақаи Кӯлоб буд. Ҳоло ӯ барҳаёт нест, вале ҳамкорону дӯстонаш тасмим гирифтанд, маҳфилро идома диҳанд.
Гулчеҳра Сулаймонӣ, шоири кӯдакон, агар зинда буд, рӯзи 1 январи имсол 95-сола мешуд. Ӯ соли 1977 барои маҷмӯаи “Себи хубон” ва “Чил кокули бозигар” бо ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва соли 1988 бо унвони Шоири халқии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Вале ба қавли шоир Гулрухсори Сафӣ, “дилашро боз накард"
Ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон аз вазъи саломатӣ ва амнияти вакили мудофеи зиндонӣ, Бузургмеҳр Ёров, дар маҳбаси низомаш сахттарин дар Душанбе ибрози ташвиш кардаанд.
Ҳар сол якуми январ, рӯзи таваллуди рӯзноманигор Аслиддин Достиев, дар асл натиҷагирӣ аз кори яксолаи хабарнигорон дар минтақаи Кӯлоб буд. Ҳоло ӯ барҳаёт нест, вале ҳамкорону дӯстонаш тасмим гирифтанд, маҳфилро идома диҳанд.
Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, рӯзи 30-юми декабр ислоҳҳоро ба қонун дар бораи порлумони кишвараш имзо кард. Бар асоси он, президенти Беларус пас аз анҷоми ваколаташ узви доимӣ ё якумрии Сенат (Шӯрои Ҷумҳурӣ) хоҳад буд.
Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов (Садир Жапаров) дар суҳбат бо расонаи давлатии "Кабар" гуфт, "барои рушди забони русӣ дар саросари ин кишвар иқдомҳои бузургеро анҷом додаанд".
Нобовар Чаноров, овозхони маъруфи тоҷик, мегӯяд, эҷоди оҳангҳои нав дар Тоҷикистон кам шуда, бозхонии таронаҳои пешина афзудааст. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин ва мушкилоти дигари ҳунармандонро номбар кард.
Нобовар Чаноров, овозхони маъруфи тоҷик, мегӯяд, эҷоди оҳангҳои нав дар Тоҷикистон кам шуда, бозхонии таронаҳои пешина афзудааст. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин ва мушкилоти дигари ҳунармандонро номбар кард.
Шифохонаҳои Чин аз гирифторони коронавируси нав пур шудааст, вале мансабдорони ин кишвар исрор доранд, ки “вазъ зери назорат аст”.
Криштиану Роналду, яке аз бозигарони намоёни футбол дар ҷаҳон, рӯзи 30-юми декабр ба бошгоҳи "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ пайваст.
Соли 2022 ба поён расид. Радиои Озодӣ аксҳоро аз лаҳзаҳои гуногуни ҳаёти мардум дар гӯшаҳои ҷаҳон гирд овард. Бинед, кӣ ва чӣ гуна солро ба поён расонд.
Ватикан рӯзи 31-уми декабр хабар дод, ки раҳбари пешини католикҳои ҷаҳон, Бенедикти 16-ум, дар 95-солагӣ даргузашт.
Манобеи Радиои Озодӣ далели лағви сафари раисҷумҳури Тоҷикистонро ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шарҳ доданд. Намояндагони ҳукумат дар охири моҳи августи соли 2022 ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон эҳтимол моҳи сентябр ё октябр ба Бадахшон равад ва омодагиҳо шуруъ шудааст.
Паҳлавони маъруф ва мураббии варзидаи гуштини самбо Муҳаммадшариф Сулаймонов рӯзи 1-уми январ 70-сола шуд. Ӯ дар мусобиқоти пурнуфузи гуштини самбо дар ҷаҳон Тоҷикистонро муаррифӣ карда, дар бештар аз сӣ сол шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст. Ду нафари онҳо – Хушқадам Хусравов соли 2018 ва Акмалиддин Каримов соли 2021 – ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф гаштанд. Муҳаммадшариф Сулаймонов меҳмони Радиои Озодӣ буд.