Бештар аз 10 кишоварз, ки дар гирдиҳамоӣ ширкат доштанд, гуфтанд, дар сурати фавран об надодани зироатҳояшон, ҳосил кам шуда, заҳмати онҳо барбод меравад.
Антон Силуанов, вазири молияи Русия, истифоди истилоҳи дефолтро дар ҳолати мазкур "масхара" номид.
Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 27-уми июн созишномаи дарёфти 3 миллион доллар грантро бо Бонки Аврупоӣ баррасӣ карданд.
27-уми июн, аз имзои созишномаи умумии сулҳ миёни ҳукумат ва мухолифини собиқ 25 сол сипарӣ шуд. Созишнома дар соли 1997 ба ҷанги хунини чандсола дар Тоҷикистон поён дод. Ҷанги дохилӣ исми чандин нафареро муаррифӣ кард, ки бархе ҳоло аз онҳо чун қаҳрамону гурӯҳи дигар чун ҷинояткор ёд мекунанд.
Ҷанги панҷсола дар Тоҷикистон, ки даҳҳо ҳазор қурбонӣ дошт, айни замон номи чандин нафарро машҳур кард, ки иддае ҳоло аз онҳо чун "қаҳрамон" ва гурӯҳи дигар чун "ҷинояткор" ёд мекунанд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе аз сокинон пурсиданд, ки дар бораи санаи 27-уми июн чӣ медонанд ё аслан медонанд, ки ин чӣ рӯз аст? Посухҳоро дар навор бинед.
Бедодгарии табиат дар баъзе аз минақаҳои Тоҷикистон идома дорад. Борону сел ба манзилҳои зист дар Исфара низ зарар расонидааст. Корбарони Озодӣ мегӯянд, дар ин ҳодиса хонаву киштзорҳои зиёд вайрон шуд.
Сухангӯйи Кремлин гуфт, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 28-уми июн дар Душанбе бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вомехӯрад.
Анора Саркорова, журналисти мустақили тоҷик, ки нооромиҳоро дар Бадахшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста инъикос мекард, гуфт, маъмурони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД субҳи 27-уми июн модару бародарашро аз хонаашон дар Душанбе бо худ бурда, баъди бозпурсӣ раҳо кардаанд.
Имрӯз, 27-уми июн, аз замони имзои созишномае, ки ба ҷанги хунин ва панҷсолаи дохилӣ дар Тоҷикистон поён дод, 25 соли расо гузашт.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳодиса дар наздикии сарҳади Покистон "250 кӯдак маҷруҳ шуда, 65 кӯдак ятим ё танҳо монданд".
Дар ноҳияи Риштони Узбекистон нақби пинҳониеро пайдо карданд, ки Узбекистонро бо Қирғизистон мепайвандад. Ин нақб дорои лифт, нерӯи барқ ва дурбинҳои назоратӣ будааст.
Ба бовари таҳлилгарони мустақил, воқеаҳои Бадахшон ва фишорҳо ба рӯзноманигорон дар Тоҷикистон, мумкин аст, охирин шуълаҳои умеди ҷомеаи маданӣ ва иқдомҳои озоди шаҳрвандиро фурӯкаш кунад.
Рӯзи 25-уми июн дар гузаргоҳи "Чон-Капка"-и байни Қирғизистону Қазоқистон ронандаи мошини боркаше боздошт шуд, ки мехост, 30 тонна шакарро ғайриқонунӣ аз Қирғизистон ба Қазоқистон барад.
Дар тарҳи нави Конститутсияи Узбекистон, ки матнаш дар дастраси умум қарор дорад, пешниҳод шудааст, мақоми мухтори Қарақалпоқистон бекор карда шавад. Дар Конститутсияи амалкунандаи Узбекистон Қарақалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мухтор нишон дода шудааст, ки истиқлолаш аз сӯи Узбекистон муҳофизат мешавад. Ба илова, тибқи Конститутсияи амалкунанда, Қарақалпоқистон ҳақ дорад, аз ҳайати Узбекистон хориҷ шавад. Дар матни нави Конститутсия пешниҳод доранд, Қарақалпоқистон аз ин ҳақ маҳрум гардад. Нашрияҳои... Читать дальше...
Аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифон 25 сол гузашт.