Далери Имомалӣ, хабарнигору блогери шинохта ва узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистонро ба гумони "ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ" ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифтаанд. Ҳамроҳи ӯ ҳамкораш, хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ, низ дастгир шудааст, аммо дақиқ нест, ки додгоҳ нисбати ӯ чӣ қароре бароварда.
Шинохтатарин созмонҳои фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистон ҳама гуна ҳамкориро бо Далери Имомалӣ, хабарнигору блогери тоҷик, рад карданд. Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ӯро рӯзи 18-уми июн ба гумони “иштирок дар фаъолияти ҳизбу иттиҳодияҳои мамнуъ” ба ҳабси пешакӣ гирифт.
Садои Зафари Сӯфӣ, муассиси хабаргузорӣ ва нашрияи “Озодагон”
Садои Бобоҷон Қаюмов, сухангӯйи Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ
Садои Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, масъули ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Руслан Желдибой рӯзи шанбе ба сомонаи “Власт” гуфтааст, Тоқаев тасмим гирифт, то поёни давраи президентияш ҷоизаи дохилӣ ва хориҷӣ намегирад.
Марк Фогел ба қочоқи маводи мухаддир гунаҳкор шудааст. Худаш гуфтааст, табибон пас аз ҷарроҳии пушт истифодаи марихуанаи тиббиро таъин карда буданд.
Далери Имомалӣ, хабарнигору блогери шинохтаи тоҷикро ба "иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии мамнуъ" гумонбар дониста, ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифтаанд ва ба парвандааш муҳри махфӣ задаанд.
Вазорати корҳои дохилии ҳукумати Толибон дар Афғонистон мегӯяд, бар асари ҳамлаи мусаллаҳона ба ибодатгоҳи сикҳо ва ҳиндуҳо дар Кобул "ду кас кушта ва ҳафт нафар захмӣ шуданд". Ҳамла субҳи 18-уми июн сурат гирифт.
Ду шаҳрванди маҳкумшудаи Тоҷикистон дар Қирғизистон, ки барои идомаи адои ҷазо ба кишвар оварда шудаанд, дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар Хуҷанд ҳастанд. Мақомот ба наздиконашон иҷоза додаанд, ки онҳоро бибинанд, вале нагуфтаанд, ки бо Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов чӣ хоҳанд кард.
Прити Пател, вазири корҳои дохилии Бритониё, ба истирдоди Ҷулиан Ассанж, муассиси “WikiLeaks” ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иҷозат дод. Ӯро дар онҷо муҳокима хоҳанд кард. Ҳамкоронаш гуфтаанд, аз рӯйи қарор шикоят мебаранд.
Раисиҷумҳури Қазоқистон дар як нишасти байнулмилалии иқтисодӣ дар Санкт-Петербург гуфт, кишвараш истиқлоли ба истилоҳ "Ҷумҳурии Мардумии Донетск" (ДНР) ва "Ҷумҳурии Мардумии Луҳанск" (ЛНР)-ро эътироф намекунад.
Дар чанд рӯзи охир шаҳрҳои гуногуни Ҳиндустон шоҳиди эътирозҳои густурда ва тахриби хонаву мағозаҳои мусулмонон будааст. Намояндагони ҳукумати Уттар Прадеш дар шимоли Ҳиндустон шахсан савори булдозер шуда, хонаи як марди мусулмонро бо номи Ҷовид Аҳмад вайрон карданд.