Ҳайдаров рӯзи 28-уми майи соли ҷорӣ аз дахлнопазирии вакилӣ маҳрум шуд.
Як муҳаққиқи рус муҳоҷирони тоҷикро бо муҳоҷирони араб аз Марокаш муқоиса кардааст, ки солҳои 80-уми асри гузашта барои ёфтани ҷойгоҳи худ дар ҷомеаи Фаронса ба мубориза шуруъ карданд.
Намояндагони баландпояи Созмони Милали Муттаҳид ва даҳҳо кишвари ҷаҳон дар Душанбе масъалаи камбуди об дар гӯшаҳои ҷаҳонро баррасӣ карданд, аммо аз набудани оби ошомиданӣ дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон ёд наоварданд. Нишаст рӯзи 7-уми июн баргузор шуд.
Амина Муҳаммад, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Тоҷикистон аст, рӯзи 7-уми июн бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кардааст.
Талаби ташхиси коронавирус ва шаҳодатномаи ваксина ҳангоми убури марзи Қазоқистон бекор мешавад. Дар ин бора аз Кумисюни пешгирӣ аз паҳншавии вабо дар Қазоқистон хабар доданд.
Дар даври дувуми Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2022, ки рӯзҳои 4-5-уми июн бо ширкати ҳашт даста баргузор шуд, чаҳор бозӣ доир гардид. Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ки дар меҳмонӣ КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанберо бо ҳисоби 6:5 шикаст дод, бо 6 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа пешсаф шуд. Дастаҳои «Соро компания»-и Душанбе ва «Сипар»-и Хуҷанд бо чаҳоримтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум қарор доранд. «Соро компания» дар майдони худ «Самандар»-и Турсунзодаро бо ҳисоби бузургтарини 15:1 шикаст дод. Читать дальше...
Раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Карим Масимов, ки дар боздошти пешакӣ қарор дорад, то 6 июл дар ҳабс мемонад.
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, воридоти маҳсулоти ниёзи аввал ва баъзе аз ашёи хомро аз хориҷа бо рубли Русия ва юани Чин ба роҳ монда, дар додугирифти байнулмилалӣ то ҳадди мумкин истифодаи долларро камтар кунад.
Таҷрибаи хариди гандум аз деҳқонон бо нархи бозор боиси гаронии на танҳо орду "хлеб", балки дигар маҳсулот гардид.
Яке аз ду низомии қирғизистонӣ, ки дар тирпарронии рӯзи 3-юми июн дар марз бо Тоҷикистон захмӣ шуданд, баъди ҷарроҳӣ дар шуъбаи эҳё бистарӣ аст.
Дар ширкати қазоқистонии QazaqGaz, ки то 14-уми январи соли ҷорӣ онро Кайрат Шарифбоев, домоди эҳтимолии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев роҳбарӣ мекард, дар ҳаҷми бештар аз 937 миллиард танга (2,2 миллиард доллар) камомад ошкор шудааст.
Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар бозии дувумаш низ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “D” аз тими Имороти Муттаҳидаи Араб (U-23) бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Ин бозӣ шаби душанбеи 6-уми июн дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд баргузор шуд. Абдулазиз Ал-Блуши дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 13-ум, ҳисобро боз кард. Голи дувумро Мансур Саид Ал-Менҳалӣ дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 78-ум, аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба самар расонид. Бозии дигари даври... Читать дальше...