Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бозии даври севум ва охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023-ро дар гурӯҳи «F» бо тими миллии Қирғизистон, кишаби сешанбе, 14-уми июн, дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дод.
Дастикам се манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми июн хабар доданд, ки Мумтоз Мазоров – бародар ва Озод Мазоров – ҷияни Хурсанд Мазоров, яке аз раҳбарони пешини ба истилоҳ ғайрирасмӣ дар Хоруғ дастгир шудаанд.
Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико, чанде пеш эълон кард, ки мумкин аст, ба кишварҳои Ховари Миёна, аз ҷумла Исроил ва Арабистони Саудӣ сафар кунад. Дар ин миён таваҷҷуҳ ба сафари ӯ ба Риёз зиёд аст, чун қаблан раҳбарони Арабистони Саудӣ, бахусус шоҳзода Муҳаммад бин Салмонро сахт танқид мекард.
Раисиҷумҳури Амрико чанде пеш эълон кард, ки мумкин аст, ба кишварҳои Ховари Миёна, аз ҷумла Исроил ва Арабистони Саудӣ сафар кунад. Дар ин миён таваҷҷуҳ ба сафари ӯ ба Риёз зиёд аст, чун қаблан раҳбарони Арабистони Саудӣ ва бахусус Шоҳзода Муҳаммад бин Салмонро сахт танқид мекард.
Кишоварзони Узбекистонро, ки бар асоси як фармони президент Шавкат Мирзиёев ҳақ доранд, маҳсулоти худро озод фурӯшанд, дубора маҷбур мекунанд, то аз нақшаи дар қарордод дарҷшуда 5-10 дарсад бештар гандум супоранд.
Дар муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 14-уми июн як сарҳадбони 26-солаи тоҷик кушта шудааст.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, дармуноқиша дар марз бо Қирғизистон фармондеҳи як дидбонгоҳи сарҳадӣ захмӣ шуда, вазъаш “аз ҳад вазнин аст”. Дар бораи кушта шудани як сарбоз чизе нагуфтаанд. Муноқиша субҳи 14-уми июн сар зад.
Зеленский рӯзи 13-уми июн дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии ZDF аз Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон, хостааст, дар мавриди муноқиша бо Русия мавзеи ошкортар рӯи даст бигирад.
Додгоҳи ҳарбӣ дар Хуҷанд як сарбози нерӯҳои марзбониро бо гуноҳи “қасдан ба қатл расондани ҳамхидматаш” ба 10 сол ва сардори дидбонгоҳи “Нуробод” дар ноҳияи Деваштичро ба 1 сол зиндон маҳкум кардааст.
Як гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид истифода аз нерӯи кӯдакону ҷавонон ва занонро дар маъракаҳои ҳукуматӣ дар Тоҷикистон танқид карда, як навъ “истисмор” номидааст. Шивон Маллалли охири соли гузашта ба Тоҷикистон омада буд ва хулосаашро 8-уми июни имсол нашр кард.
Оҷонси таҳлилии "Henley & Partners" дар пажӯҳиши муҳоҷирати иқтисодии ҷаҳонӣ гуфтааст, беш аз 15 ҳазор шаҳрванди Русия, ки дороиашон беш аз як миллион доллар аст, эҳтимол имсол ин кишварро тарк кунанд.
Одина Ҳошим, ҳунарманди мардумӣ ва овозхони шуҳратёри тоҷик, агар зинда мебуд, рӯзи 13-уми июн 85 сола мешуд. Ӯ соли 1993, дар авҷи ҷанги дохилии Тоҷикистон ва дар синни 56 даргузашт.
Қирғизистон мехоҳад, ҳудуди 25 гектар заминро дар шаҳри Бишкек ба Русия барои 49 сол ба иҷора диҳад.
Раиси вилояти Суғд мегӯяд, муноқишаи 14-уми июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон “қариб 20 километр дуртар аз маркази Ворух” рӯй дод.
Як гуруҳ аз сокинони Қазоқистон, ки аз шаҳрдории Жанаозен ҷойи кор дар бахши нафту газро талаб доранд, рӯзи 13-уми июн дар назди бинои маъмурияти президенти ин кишвар дар шаҳри Нурсултон ҷамъ шуданд.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст, ки дар наздикии марзи ин кишвар бо Узбекистон як нақби махфии дигар ошкор шудааст. Нақби махфӣ барои қочоқи молро дар манзили як сокини шаҳри Қарасуи вилояти Ӯши Қирғизистон ошкор кардаанд. Ба иттилои кумита, соҳибхона моҳи сентябри соли 2021 бо шахсони дар ҳоли ҳозир номаълум созиш карда, барои интиқоли маҳсулоти ниёзи аввал ва асъори хориҷӣ ба берун аз Қирғизистон нақбро кандааст. Гумонбар ҳангоми бозпурсӣ ба гуноҳи худ пурра иқрор шуда... Читать дальше...
Дар муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 14-уми июн як сарҳадбони 26-солаи тоҷик кушта шудааст. Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳодиса ва кушта шудани сарбозро шарҳ намедиҳанд.