Дар Хуҷанд рӯзи 25-уми июн "амалиёти якмоҳа"-и зидди талбандаҳо ба поён расид. Мақомот мегӯянд, аз афзоиши талбандаҳои ба истилоҳ "сохта" нигаронанд. Шахсоне, ки ба иддаои онҳо "хонаву дару мошин ва ҷисми солим доранду худро дармонда ва бемору маъюб нишон медиҳанд".
Мақомоти тандурустии Толибон рӯзи 26-уми июн гуфтанд, ҳазорон нафаре, ки бар асари заминларзаи маргбор дар Афғонистон осеб дидаанд, "ба хӯроку оби ошомиданӣ сахт эҳтиёҷ доранд".
Дар Узбекистон, ҳамсояи Тоҷикистон, ба ислоҳи Қонуни асосии он кишвар остин барзадаанд. Дар ҳоле ки президент Шавкат Мирзиёев раъйпурсиро "тақозои замон" ва барои беҳбуди зиндагии сокинон тавсиф кард, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшише барои дар қудрат мондани худи ӯ донистанд.
Дар барномаи "Москва. Кремл. Путин" дар телевизиони "Россия 1" рӯзи якшанбе гуфтаанд, Путин бо раисиҷумҳури Тоҷикистон "гуфтугӯи муҳим" ва хӯроки нисфирӯзии корӣ хоҳад дошт.
"Мо бояд якҷоя бошем," -- гуфт Байден дар суҳбат бо Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон ва пеш аз нишасти дурӯзаи сарони G7 ё ҳафт кишвари саноатии ҷаҳон.
Раисиҷумҳури Русия рӯзи шанбе дар мулоқот бо раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенко дар Санкт-Петербург гуфт, Маскав тасмим гирифтааст, ба ин ҳампаймонаш маҷмаи мушакии "Искандар-М" бидиҳад.
Ин лоиҳа солҳо боз мавриди баҳс қарор дошт, вале дар мавриди он тавофуқи ҳамаҷониба ҳосил нашуда буд.
Фирӯз Баҳор, оҳангсози шинохтаи тоҷик, мегӯяд, аз онки Тоҷикистонро солҳои 90-ум тарк кард, пушаймон нест, чун дар хориҷ ҳам ҳунарашро идома дод ва барои тоҷикон ҳамчунон хидмат мекунад.
Фирӯз Баҳор, яке аз оҳангсозони шинохтаи тоҷик, ки ҳоло муқими Олмон аст, мегӯяд, аз онки Тоҷикистонро солҳои 90-ум тарк кард, пушаймон нест, чун дар хориҷ ҳам ҳунарашро идома дод ва барои тоҷикон ҳамчунон хидмат мекунад. Хиромон Бақозода чанде пеш ба суроғаш рафт ва суҳбати муфассале бо ӯ дошт.
Бар асари ҳамла ба се маҳал, аз ҷумла як клуби ҳамҷинсгароён, 2 нафар кушта ва 21 кас маҷруҳ шуданд.
Дар баъзе аз онҳо кай ва чӣ гуна кушта шудани ин ё он шахс зикр ёфта, дар баъзеи дигар аз гаравгон афтодан ё бенишон шудани шаҳрвандон сухан рафтааст. Аз ҳамаи хонандагон хоҳиш мекунем, ин номҳоро бинанд ва агар маълумоти бештар ва наве дар бораи ин ҳамватанон доранд, бароямон нависанд.