Муслим Шерзамонов, бародари Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, ки мақомоти Тоҷикистон ӯро яке аз тарҳрезони эътирозҳо дар Хоруғу Рӯшон меноманд, рӯзи 12-уми июн дар маркази Бадахшон дастгир шудааст.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтанд, Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов, раҳбарони ғайрирасмии Хоруғ, "ба мақомот таслим нашуда", дар ҷараёни амалиёти махсус "безарар гардонда шуданд".
Вазири дифои Амрико, Ллойд Остин, фаъолиятҳои низомии Чинро дар наздикии Тайван ва таҷовузи афзояндаи Пекинро дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором танқид кард.
Манобеъ дар шаҳри Хоруғ мегӯянд, рӯзи 12-уми июн дар маҳаллаи "Тирчид" ё УПД-и маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалиёти махсус шуруъ шудааст. Мақомот расман дар ин бора чизе намегӯянд. Ба сабаби набудани интернету мушкили иртиботи телефонӣ бо Бадахшон, дарёфти тафсилоти ҳодиса мушкил аст.
Мақомот дар Пекин рӯзи 11-уми июн ҳушдор додаанд, ки пойтахти Чин бо паҳншавии зиёди COVID-19 рӯбарӯ аст.
Тоҷикистон воридоту истеҳсол ва фурӯши лампаҳои камасрафи симобдор ё чароғҳои "кушанда"-ро дар кишвар манъ кард. Қарори ҳукумат дар ин бора аз 1-уми июни имсол ба иҷро даромадааст.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” ба тими миллии Сингапур бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ин бозӣ рӯзи шанбе, 11-уми июн, дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон, дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов доир гардид.
Дар барномаи Гапи озод ин навбат дар бораи эҳтиром ба озодиву ҳуқуқи динӣ дар Тоҷикистон суҳбат мешавад. То куҷо ҳукумат ба ин ҳуқуқ эҳтиром мегузорад ва то куҷо нодида мегирад? Шерзот Абдуллозода муҳақиқи дини ислом аз Душанбе ва руҳонӣ Муҳаммадсаид Ризоиён руҳонии хориҷ аз кишвар баҳс мекунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико бо нашри гузориши солонааш дар бораи озодиҳои динӣ дар ҷаҳон, Тоҷикистонро дар радифи кишварҳои мояи ташвишу нигаронии хос зикр кардааст. Дар радифи кишварҳое, ки ба гуфтаи Амрико ҳуқуқу озодиҳои мазҳабии мардумро поймолу маҳдуд мекунанд.