Дастрасӣ ба интернет дар вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон дубора барқарор шуд.
Худоӣ Шарифзода, пажуҳишгари машҳури адабиёти форсизабон агар умр вафо мекард, 85-сола мешуд.
Худоӣ Шарифзода, пажуҳишгари машҳури адабиёти форсизабон агар умр вафо мекард, 85-сола мешуд. Бо вуҷуди эътироф шудани ковишҳои илмии ин донишманд дар кишварҳои ҳамзабон, раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ӯро ба узвияти худ напазируфтааст. Ҳарчанд, соҳибназарон мегӯянд, ки пажӯҳишҳои Худоӣ Шарифзода дар мавриди вижагиҳои назмии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар адабиётшиносии форсизабонон мондагор мебошад.
Дар Осло, пойтахти Норвегия, дар ҳамлае ба клуби ҳамҷинсгароён шаби 25-уми июн ду нафар кушта ва даҳ нафар захмӣ гаштааст. Пулис ин ҳодисаро ҳамчун ҳамлаи террористӣ таҳқиқ мекунад. Ҳамлагар чанд дақиқа пас аз ҳодиса боздошт шуд. Пулис номи боздоштшударо ошкор накардааст, вале гуфтааст, ӯ аз қабл дар рӯйхати афроди шубҳанок ҷой дошт. Ҳадафи ҳамла ҳанӯз мушаххас нест. Ба гуфтаи мақомот, ҳамлагар танҳо амал кардааст ва касе ҳамроҳи ӯ набуд. Пас аз ин ҳамла пулис ҳамоиши ҳамҷинсгароён, ки қарор буд, дар Осло баргузор шавад, манъ кард.
Як додгоҳ дар Маскав Муртузалӣ Маҷидов, писари сарвазири собиқи Доғистонро барои қатли Томирис Бойсофӣ, як донишҷӯи Донишгоҳи Маскав ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Ба навиштаи хабаргузории "Москва", Томирис Бойсофӣ моҳи апрели соли 2018 дар зери хобгоҳи донишҷӯён беҳуш пайдо шуд. Баъдан, аз зарбҳое, ки ба ӯ расида буд, дар беморхона ҷон дод. Тафтишот маълум кард, ки ӯро Маҷидов латтукӯб кардааст. Дар оғоз нисбат ба Маҷидов барои "ба худкушӣ овардан" парванда боз карданд, вале баъдан ӯро бо ҷурми куштор ба ҷавобгарӣ кашиданд. Читать дальше...
Муфаттишони додситонии ноҳияи Шоҳмансур Эмомалӣ Сайидзод, корманди хабаргузории "Азия-Плюс" ва аз дӯстони наздики Абдуллоҳ Ғурбатиро чанд соат бозпурсӣ кардаанд.