Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, рӯзи 11-уми июн се тан аз чеҳраҳои бонуфуз дар миёни ҷавонони Вилояти Бадахшонро дастгир кардаанд.
Сокинони пойтахти Туркманистон мегӯянд, ки дар ин шаҳр чанд рӯз аст, ки оби ошомиданиро барои муддатҳои муайян медиҳанд. Сокинони Ашхобод рӯзи 9-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин рӯз об ба тамоми хонаҳо қатъ шудааст ва танҳо баъди соати 6 барои муддати кутоҳе дигарбора ҷорӣ шудааст.
Бино ба гузоришҳо мақомоти интизомӣ дар шаҳри Хоруғ маркази Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ Ниёзшоҳ Гулобов яке аз чеҳраҳои бонуфуз дар миёни ҷавонони шаҳрро дастгир кардаанд. Дар ин бора чанд манбаъ дар Хоруғ ба Радиои Озодӣ хабар доданд. Сабаби боздошти ӯ маълум нест ва мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳеч хабаре дар ин бора нашр накардаанд. Айни замон ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ дар маҳаллаи “Хлебзавод” дар Хоруғ садои тирандозӣ ба гӯш расидааст ва сабаби тирандозӣ ҳам маълум нест. Сокинон гуфтаанд... Читать дальше...
Расонаҳои Эрон рӯзи 11-уми июн гузориш додаанд, ки ин кишвар бо Венесуэла барномаи ҳамкорӣ барои 20 соли ояндаро ба имзо расонидаанд. Барнома аз ҷумла ҳамкориҳо дар соҳаи истихроҷи нафту газ, туризм ва фарҳангро дар бар мегирад. Барномаи ҳамкорӣ дар як маросим дар Кохи Саъдобод дар Теҳрон дар ҳузури Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ва Николас Мадуро, ҳамтои венесуэлагии ӯ имзо шудааст. Мадуро рӯзи 10-уми июн вориди Теҳрон шудааст ва ба гуфтаи расонаҳои Эрон аз ирсоли маводи сӯхти эронӣ ба кишвари муҳтоҷаш ба ин мавод ситоиш кардааст. Читать дальше...
Мақомоти Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар он кишвар ба бештар аз 20 солии зиндон маҳкум шуда буданд, барои идомаи адои ҷазо ба Душанбе супурдаанд.
Баъд аз оғози таътили тобистона Далери 11-сола вақти бештари худро дар бозор пушти сар мекунад. Аз субҳ ба ин ҷо меояд ва ба ҷамъоварии зарфҳои пластикӣ машғул мешавад. Баъдан онҳоро ба як ҷойи махсус мебараду мефурӯшад.