Кумисюни марказии референдуми Қазоқистон гуфт, то соати даҳи шаб (ба вақти Нурсултон)-и 5-уми июн беш 68 дарсади афроди қобили раъй дар овоздиҳӣ барои ислоҳи Қонуни асосии он кишвар иштирок карданд.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) гузориш дод, ки 780 мавриди гирифторӣ ба бемории сурхакони маймун дар 27 кишвари ҷаҳон тасдиқ шудааст.
Раисиҷумҳури собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 5-уми июн дар ройпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосии кишвараш иштирок кард.
Як масъули Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон мегӯяд, нерӯҳои Толибон се намояндаи онҳоро дар Панҷшер сар буридаанд. Вазорати корҳои дохилии ҳукумати Толибон рад кард.
Дилҳаёт Қосимови 34-сола моҳи сентябри соли 2019 ба тавтеа ва кӯшиши расондани ёрии молӣ ба ДОИШ гунаҳкор шуда, аммо ҳукмаш набаромада буд.
Далери Имомалӣ, хабарнигору блогери шинохтаи тоҷик, ки 4-уми июн бозпурсӣ шуд ва ба гуфтааш "се шаппотӣ ва як мушт хӯрд", мегӯяд, аз мақомоту созмонҳои рӯзноманигорӣ вокуниши расмӣ нагирифт, вале аз навиштаҳои баъзе хабарнигорону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯҳбаланд шуд.
Дмитрий Ковтун, яке аз ду марди рус, ки Бритониё ба заҳролуд кардани мунтақиди Кремлин ва афсари пешини ФСБ Александр Литвиненко муттаҳам медонист, аз бемории COVID-19 дар Маскав даргузаштааст.
Қосимҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури он кишвар гуфт, "идораи президентӣ"-ро ба “порлумони бонуфуз” тағйир хоҳанд дод.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, агар обшавии пиряхҳо тезтар шавад, Осиёи Марказӣ солҳои оянда оби кофӣ нахоҳад дошт.