Бо гузашти як рӯз аз тирандозӣ дар марз вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, неруҳои марзбонии Қирғизистонро ба барангехтани муноқиша муттаҳам карда ва амалкарди марзбонони ҳамсоякишварро “иғвои аз пеш барномарезишуда” номидааст.
Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери шинохтаи тоҷик мегӯяд, ки ӯро мақомоти интизомӣ панҷ соат боздошт ва бозпурсӣ кардаанд. Рӯзноманигор, дар як видео дар каналаш дар Ютуб рӯзи 4-уми июн мегӯяд, ҳодиса дар ҳамин рӯз баъди сабти барнома дар қабулгоҳи раиси ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рух додааст.
Cодир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон вазири тандурустӣ ва додситони куллро муваққатан аз мақомҳояшон барканор кардааст. Бар асоси фармон, қарори мазкур барои бетарафона анҷом гирифтани тафтиши парвандаи Олимқодир Бейшеналиев, вазири тандурустӣ қабул шудааст, ки ӯро додситон ба фасоду ришвахорӣ муттаҳам мекунад. Рӯзи 2-уми июн Қурмонқул Зулушев додситонии кулли Қирғизистон хабар дод, ки Бейшеналиевро бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва сӯистифода аз мақом ва бастани қарордодҳои зиёновар дастгир кардаанд. Читать дальше...
Баъди тирандозии рӯзи 3-уми июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мақомоти ду тараф музокироте анҷом дода ва гуфтаанд, ки неруҳои изофиеро, ки барои тақвият ба марз оварда буданд, пас мебаранд.
Як созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ аз Амина Муҳаммад, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хостааст, зимни сафараш ба Тоҷикистон, бо мақомот масъалаи Бадахшон ва нооромиҳои ахир дар он вилоятро дар миён бигузорад.