Рӯзи 19-уми июн дар Теҳрон президенти Қазоқистон Қосимжомарт Тоқаев бо президенти муҳофизакор Иброҳим Раисӣ мулоқот кард.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин муроҷиаташ ба бӯҳрони ахири Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, ки бо нигаронӣ ва интиқоди ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ рӯбарӯ шуд, аз амалкарди мақомот дар ин минтақа ҳимоят кард.
Шохаи “Хуросон”-и гурӯҳи “Давлати Исломӣ” дар Афғонистон масъулити ҳамла ба як ибодатгоҳи сикҳои шаҳри Кобулро дар рӯзи 18-уми июн ба дӯши худ гирифт. Дар ин ҳамла дастикам ду нафар куштаву чандин нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин охирҳо ин гурӯҳ ҳамлаҳояш ба масҷиду аққалиятҳоро дар саросари Афғонистон афзоиш додааст. Дар изҳороте, ки ин созмон тавассути Телеграм-канали худ нашр кард, гуфт, ки ин ҳамла посух ба таҳқири Муҳаммад-пайғамбар буд. Зоҳиран, ин ишора ба изҳороти сухангӯи ҳукумати Ҳинд аст, ки... Читать дальше...
Қарор аст шоми 19-уми июн нахустин парвози ҳавопаймои миёни Теҳрон ва Душанбе аз сар гирифта шавад. Дар намояндагии ширкати ҳавоии Varish Air ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳавопаймо аз Теҳрон ба Душанбе соати 21:30 расида, соати 23:00 ба Теҳрон парвоз мекунад. Ин нахустин парвози ширкати Varish Air баъди бекор шудани маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус хоҳад буд. Ба иттилои манбаъ, барои нахустин парвоз ба ду самт зиёда аз 50 дарсади билетҳо фурӯхта шудааст. Тасмими азсаргирии парвозҳо миёни ду... Читать дальше...
Як сиёсатмадори уйғуртаборе талош дорад дар Ҷопон узви маҷлиси қонунгузор шавад. Арфия Эрӣ 33 сол дошта, ҳафт забони хориҷиро медонад. Ин зан мегӯяд, дар маъракаи интихоботиаш тамаркуз сари қавмияти ӯ дуруст нест. Ӯ дар гузашта дар СММ кор ва дар Ҷопон, Чин ва ИМА таҳсил кардааст. Арфия Эрӣ дар интихоботе, ки моҳи июл барпо мешавад, намояндаи уйғуртабори ҳизби ҳокими либерал-демократи Ҷопон аст. Эрӣ гуфт, ки ӯ як сиёсатмадори ҷопонӣ мебошад, вале бо ин вуҷуд бисёриҳо ӯро дар бораи масоили уйғурҳо суол мекунанд. Читать дальше...
Генерал Майкл Курилла, сардори Ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи ИМА ба саволҳои матбуоти тоҷик посух дод.
Қораи Аврупоро гармии шадиди зери дараҷаи 40-и Селсия фаро гирифтааст, дар баъзе минтақаҳо ҷангалҳо месӯзанд ва нигарониҳо аз то рафт доимӣ шудани чунин гармӣ ба вуҷуд омадааст. Испания ва Фаронса, ки рӯзи 18-уми июн гармӣ дар ин ҷо то 32,9 дараҷа расид, дар миёни кишварҳои аврупоӣ аз ин назар рекорд нишон доданд. Донишмандон ин вазъро натиҷаи гармоиши иқлим меноманд. Рӯзи 19-уми июн пешбинӣ мешавад, ки бодҳои соҳилҳои Атлантика як каме нармиш меоранд. Метю Сорел, як иқлимшиноси фаронсавӣ дар сӯҳбат бо Meteo France гуфт... Читать дальше...
Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори тоҷик ва ҳамкори Далери Имомалӣ, ба 2 моҳ ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Дар ин бора вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарипов ба пайвандони ин рӯзноманигор хабар додааст. Вакили дифоъ гуфтааст, Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар додгоҳ бори дигар иттиҳомро рад кардааст. Мақомоти тафтишотӣ ба додрас гуфтаанд, дар бораи Абдуллоҳ Ғурбатӣ "баъзе маълумотҳо" доранд. Баъди ин Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур иҷоза додааст то Абдуллоҳ Ғурбатӣ ду моҳ ба ҳабс гирифта шавад. Мақомот Абдуллоҳ Ғурбатиро ба он муттаҳам мекунанд... Читать дальше...
Дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофаш чанд ошхонаву ҷойи хӯрдани яхмос, кошонаи ҳусну сартарошхона ва нуқтаи таъмири мошинҳо аст, ки паноҳҷӯёни афғонистонӣ ташкил кардаанд.