Чаро чеҳраи Исмоили Сомонӣ, бунёдгузори давлати Сомониён, дар муҷассамаҳои насбшуда дар гӯшаҳои Тоҷикистон якхела нест? Ин суол рӯзи 30-юми январ дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг садо дод.
Даҳҳо сокини Исфара мегӯянд, дар муноқишаи соле пеш дар сарҳад бо Қирғизистон хонаву дари худро аз даст доданд, аммо ба ҷуз ваъда кумаке нагирифтанд.
Даҳҳо сокини Исфара мегӯянд, дар муноқишаи соле пеш дар сарҳад бо Қирғизистон хонаву дари худро аз даст доданд, аммо ба ҷуз ваъда кумаке нагирифтанд. Муноқиша шаби 27 ба 28-уми январи соли 2022 рӯй дод. Дар он ҳодиса сокинони Қирғизистон ҳам зарар дидаанд.
Дар ҳоле ки сокинони минтақаҳо аз камбуди барқ шикоят доранд, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон аз истеҳсоли рекордии барқ дар соли гузашта хабар дод.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии озод ва юнонию румӣ, ки рӯзҳои 28-29-уми январ дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе баргузор шуд, беш аз 260 варзишгар аз ҳамаи манотиқи кишвар ширкат карданд.
Масъулони Хадамоти алоқа эътироф карданд, ки "сатҳу сифати Интернет" дар Тоҷикистон "суст" аст. Дар гузашта баръакси инро мегуфтанд. Эътирофи онҳо пас аз як танқиди раиси ҷумҳур садо дод, аммо муштариёну мутахассисон ба тағйироти ҷиддӣ бовар надоранд.
Хадамоти алоқа дар фикри беҳбуди интернети мобилӣ шудааст; вазири энергетика аз тавлиди "рекордӣ"-и нерӯи барқ гузориш дод, вале нагуфт, лимит кай аз байн меравад.
"Арзоншавии нархи сӯзишворӣ дар Қирғизистон муваққатӣ ва мавсимӣ аст." Дар ин бора президенти Эътилофи воридкунандагони нафти Қирғизистон Канат Эшатов хабар дод.
Наздик ба сад сокини Кӯлоб бо талаби таҳқиқи одилонаи марги Абдуқаҳҳор Розиқов рӯзи 30-юми январ дар назди бинои ҳукумати шаҳр ҷамъ шуданд.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия, гуфт, Анкара метавонад, барои дохил шудани Финландия ба НАТО ризоят диҳад, аммо на барои Шветсия.
Дар як ҳамлаи маргталабона дар масҷиде дар Пешовари Покистон камаш 25 кас кушта ва 120 нафар захмӣ шудаанд. Ҳодиса рӯзи 30-юми январ ҳангоми намози пешин рӯй дод.
Масъулони Хадамоти алоқа эътироф карданд, ки "сатҳу сифати Интернет" дар Тоҷикистон "суст" аст. Дар гузашта баръакси инро мегуфтанд. Эътирофи онҳо пас аз як танқиди раиси ҷумҳур садо дод, аммо муштариёну мутахассисон ба тағйироти ҷиддӣ бовар надоранд.
Як сокини шаҳри Степногорски Қазоқистонро бо гуноҳи ташкили пирамида ё аҳроми молӣ 5 сол зиндонӣ карданд. Дар ин бора рӯзи 30-юми январ Оҷонси назорати молии Қазоқистон хабар дод.
Бар асари чаппа шудани як киштӣ дар Покистон камаш 12 кӯдак ба ҳалокат расид.
Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Олег Кубарев, мутахассиси баларусӣ, дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталияи Туркия бозии дувуми санҷишӣ баргузор кард.
Узбекистону Қирғизистон ба созиш расиданд, ки убури марзро барои шаҳрвандони ҳамдигар осон гардонанд.
Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон бо нашри изҳороте ҳамлаи мусаллаҳонаро ба сафорати Озарбойҷон дар шаҳри Теҳрони Эрон маҳкум кард.
Дар заминларзаи шоми 28-уми январ дар Озарбойҷони Ғарбии Эрон чанд деҳа хароб шудааст.
Дар ҳоле ки сокинони минтақаҳо аз камбуди барқ шикоят доранд, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон аз истеҳсоли рекордии барқ дар соли гузашта хабар дод.
Беш аз ду миллион симкорти ширкатҳои мобилиро соҳибонашон бо шиносномаи нав сабт накардаанд. Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи 15-уми феврал муҳлати тамдидшудаи сабтиноми симкортҳо бо шиносномаи нав (пластикӣ) ба поён мерасад.
Рӯзи 30-юми январ нишасти хабарии мансабдорон дар Тоҷикистон оғоз шуд. Вазирону раисони идораҳои давлатӣ дар бораи корашон гузориш медиҳанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар остонаи ин нишастҳо аз мардум пурсиданд, ки ба мансабдорон чӣ суол ва чӣ пешниҳоду гуфтанӣ доранд.
Паҳлавонони тоҷик дар аввалин мусобиқаи имсолаи байналмилалии "фаслҳои ҷудои ҷаҳонӣ" - Grand Prix Portugal 2023, ки рӯзҳои 27-29-уми январ дар шаҳри Алмадаи Португалия баргузор шуд, натавонистанд медал бигиранд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Маскав бо патент кор мекунанд, соли 2022 ба буҷаи ин шаҳр тақрибан 32 миллиард рубл андоз ё молиёт додаанд.
Рӯзномаи амрикоии The Wall Street Journal бо такя ба манбаъҳои огоҳ дар Иёлоти Муттаҳида гузориш дод, ки ҳамлаи рӯзи шанбе ба як корхонаи ҳарбӣ дар Исфаҳони Эрон "кори Исроил буд".
Вазорати умури хориҷии Қирғизистон аз Остона даъват карда, ки имкони соддатар кардани қоидаҳои будубоши қирғизистониҳоро дар Қазоқистон баррасӣ кунад.