Дар Тоҷикистон талош доранд шамшерзанӣ – як варзиши қадимиро дубора эҳё кунанд. Варзише, ки дар гузашта таълими он ба фарзандони шоҳу ашрофзодагон ҳатмӣ буд.
Як мутахассиси калони ҳукумати Чин гуфт, ки дар давоми ду ё се моҳи оянда дар саросари ин кишвар эҳтимоли омадани мавҷи нави COVID-19 воқеӣ нест, чунки ҳоло аллакай 80 дарсади аҳолӣ ба ин вирус олуда ҳастанд. Ву Зуню, сарэпидемиологи Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо дар Чин дар як ҷаласаи онлайнӣ гуфт, ки бо фарорасии соли нави қамарӣ дар кишвар ва ҷашнгирии он хатари афзоиши паҳншавии вируси COVID-19 вуҷуд дорад. Вале, ба гуфтаи ӯ, агар ҳам дар баъзе минтақаҳои кишвар ҳолатҳои олудашавӣ афзоиш ёбад... Читать дальше...
Чеҳраи пӯшидаи манекенҳо ё пайкараҳои сунъӣ ба рамзи дигари ҳукмронии Толибон дар Афғонистон табдил ёфтааст. Онҳо аввал амр карданд, ки манекенҳо аз фурӯшгоҳҳо гирифта шаванд. Пас аз эътирози тоҷирон, ки манекен як василаи тарғиби молашон аст, тасмим шуд, рӯйи ин пайкараи пластикӣ пӯшонда шавад.
Хабаргузориҳои русӣ гуфтанд, Маскав барои бастани ҳисобҳои бонкии оҷонсии русии RT France интиқом мегирад. Хабаргузориҳои давлатии ТАСС ва РИА Новости аз қавли як мақоми беном дар Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 21-уми январ навиштанд, ки “масдуд шудани ҳисобҳои бонкии намояндагии Russia Today дар Фаронса боиси тадбирҳои ҷавобии интиқомҷӯёна мешавад”. Ин манбаъ гуфтааст, “ин корҳо фаромӯш намешавад” ва Фаронсаро барои “азияти журналистони Русия” муттаҳам кардааст. Рӯзи 20 январ маълум шуд, ки... Читать дальше...
Сардиҳои бесобиқаи зимистони имсол маъмурияти ягона боғи ҷонварони шаҳри Кӯлобро дар ҷануби Тоҷикистон нигарон кард.
Дар ноҳияи Хуросон шумори қурбониёни заҳролудшавӣ бар асари дуди ангишт ба се нафар расид. Ба иттилои Радиои Озодӣ, дар фоҷеае, ки шаби 19 ба 20 январ дар деҳаи Гулрез рух додааст, нахуст марги Шамсулло Маҳмадови 33-сола ва писари панҷсолааш тасдиқ шуд. Сабаби марги онҳоро мақомот заҳролудшавӣ бар асари дуди ангишт номиданд. Рӯзи 20 январ, чанд соат баъди ин фоҷеа дар беморхона ҳамсари Маҳмадов ҳам даргузашт. Пизишкон мегӯянд, ки як тифли дигари ин хонавода дар ҳолати вазнин дар беморхона қарор дорад. Читать дальше...
Нахуствазири Бритониё Риши Сунак рӯзи 20 январ барои набастани тасмаи бехатарӣ ба ҳангоми ҳаракат бо мошин аз ҷониби полиси роҳ ҷарима шуд. Сунакро ҳангоми сафари кориаш ба минтақаи Ланкашир дар шимоли Бритониё нигоҳ дошта дар қонуншиканӣ гунаҳгор карданд. ББС гуфт, полиси Ланкашир тасдиқ кард, ки барои вайрон кардани қоида “як марди 42-сола муҷозот шуд”. Пеш аз он дафтари матбуоти нахуствазири Бритониё барои ҳодисаи рӯйдода узрхоҳӣ кард. Сунак дар курсии ақиби мошин нишаста буд ва ӯро муҳофизони мотосиклрон ҳамроҳӣ мекарданд. Читать дальше...